ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

КУШТА ШУДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ ДАР ЧОРТЕППА

Як ҷавони 19-сола ва се ноболиғи 13, 17, 17-сола аз шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ бо “изи гарм” бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шуданд. ВКД гуфт, гумонбаршавандаҳо шоми 20 апрел, тахминан соати 18:30, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, як ноболиғи 17-сола ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша кардаанд ва дар ҷараёни ин муноқиша яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба қафаси синаи ҷавони 24-сола задааст.  Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

“Рустам” ном сокини 41-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз як зани сокини ноҳияи Сино  дар солҳои 2016 ва 2017 дар 4 навбат бо ваъдаи харида додани хона аз бинои навбунёд дар кӯчаи Карамов маблағи зиёд гирифта, ӯро фиреб додааст. Бино ба шикояти ин зан, “Рустам” бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, рӯзи 19-уми августи соли 2016 дар назди идораи нотариалии ноҳияи Сино аз ӯ 11 ҳазор доллари амрикоӣ, бори дувум худи ҳамон рӯз дар кӯчаи А.Ғуломов 15 ҳазору 700 сомонӣ, рӯзи 24-уми ноябри соли 2016 дар кӯчаи Меҳробод 19 ҳазор сомонӣ, 21-уми августи соли 2017 дар назди тарабхонаи «Гулдаста», воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум 9 ҳазор сомонӣ ва рӯзи 23-юми августи соли 2018 дар кӯчаи А.Сино маблағи 12 ҳазору 600 сомонӣ, дар маҷмӯъ 11 ҳазор доллар ва 56 300 сомонӣ гирифтааст.

Сокини 30-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо ҷурми дуздӣ аз терминали “Душанбе Сити” дастгир шудааст. Ӯ рӯзи 11 апрел бо роҳи пинҳонӣ терминали худкори №00444-ро, ки дар назди мағозаи «Фаррух», дар ҷамоати Гулхона қарор дорад, зада шикаста, аз дохилаш Кешкод (асбоби маблағқабулкунӣ) ва Кешбокс (асбоби оҳанини маблағнигоҳдорӣ)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааааст. Зарари расонидашуда зиёда аз 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба зидди марди боздоштшуда бо иттиҳоми дуздӣ бар асоси моддаҳои 32-3 ва 244, қисми яки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.


Аз навори хабарҳои рӯзи 22 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ҷавони 24-сола дар заминаи муноқиша

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, ки 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бе ягон асос писараш ҷавони 24-солаи сокини ҳамон ҷоро дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи мазкур бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 30-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов мактуби роҳбарияти филиали ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки 11-уми апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ терминали худкори №00444-ро, ки дар назди мағозаи «Фаррух», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов қарор дорад, зада шикаста корношоям намуда, аз дохили он таҷҳизоти терминали худкори Кешкод (асбоби маблағқабулкунӣ) ва Кешбокс (асбоби оҳанини маблағнигоҳдорӣ)-ро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда зиёда аз 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32-3 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар чанд лаҳза, рӯзи 19-уми августи соли 2016 дар назди идораи нотариалии ноҳияи Сино, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум “Рустам” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазор доллари амрикоӣ, бори дувум худи ҳамон рӯз дар кӯчаи А.Ғуломов 15 ҳазору 700 сомонӣ, рӯзи 24-уми ноябри соли 2016 дар кӯчаи Меҳробод 19 ҳазор сомонӣ, 21-уми августи соли 2017 дар назди тарабхонаи «Гулдаста», воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум 9 ҳазор сомонӣ ва рӯзи 23-юми августи соли 2018 дар кӯчаи А.Сино маблағи 12 ҳазору 600 сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои баландошёнаи истиқоматии кӯчаи Карамов дар ошёнаи 7-ум хонаи истиқоматӣ бо масоҳати 72-метри мураббаъ гирифта медиҳад, аммо фиреб дода ба ҷабрдида маблағи 11 ҳазор доллари амрикоӣ ва 56 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 41-солаи сокини пойтахт содир кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button