ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АКНУН МЕТАВОНАНД ТАВАССУТИ КИШВАРҲОИ ДИГАР ҲАМ БА РУСИЯ ПАРВОЗ КУНАНД

Бар асоси қарори ҳукумати Русия №963 аз 14 апрел, шаҳрвандони кишварҳое, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро доранд, аз ин ба баъд метавонанд тавассути ҳар кишварҳои дигаре, ки бо Русия иртиботи ҳавоӣ дорад,  вориди Русия шаванд.

То кунун ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо аз кишвари худашон ҳаққи парвоз ба Русия дода мешуд, вале акнун ин маҳдудият барои онҳо бардошта шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ин ба баъд метавонанд тавассути кишварҳои сеюм ё аз дигар кишварҳо ба Русия парвоз кунанд. Ин сабукӣ барои сокинони Тоҷикистон бавижа барои он муҳим аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоие, ки аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, бо сӯиистифода аз гармии бозор нархи чиптаҳои худро чанд маротиба боло бурда, мавҷи норозигии мардумро ба бор овардаанд.

Русия аз 1 апрел ба парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Баъди ин даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки як сол боз ба сабаби пандемияи коронавирус барои мардикорӣ ба Русия рафта наметавонистанд, ба кассаҳои фурӯши чиптаҳои парвоз фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо сӯиистифода аз фурсат нархҳоро чанд маротиба бардоштанд. Ба гуфтаи сокинон, нархи парвоз аз Душанбе ба Уфаву Қазон, барои мисол, ба 12-13 ҳазор сомонӣ ва ба Маскаву Санкт- Петербург  то ба 17 ҳазор сомонӣ хест. Ва ин ҳам фақат барои парвоз ба як тараф! Ин дар ҳолест, ки барои муқоиса, нархи парвоз аз Истанбул то Канада бо бозгашташ бо ҳисоби пули тоҷикӣ ҳамагӣ 7450 сомониро ташкил медиҳад. Яъне тақрибан 6 маротиба арзонтар аз нархи парвози як тоҷик то ба Русия.

Рӯзи 22 апрел дар як ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон масъалаи нархҳои аз ҳад баланди парвозҳо ба Русия, ки мавҷи норозигии сокинонро барангехтааст, баррасӣ шуд. Дар ҷаласа дар Агентии авиатсияи гражданӣ додситони нақлиёти Tоҷикистон Саидмурод Қодирзода, муовини сардори раёсати нақлиёти ВКД Зоир Камолзода,  намояндагони КДАМ ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия: «Уралские авиалинии», UTair, «Сибирь» ва «Северный Ветер», ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистонро доранд, иштирок кардаанд.

Cардори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода гуфт, дар ин ҷаласа ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ду рӯз фурсат додаанд, ки нархҳоро поён баранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон маҳрум карда хоҳанд шуд. Ин ширкатҳоро ҳамчунин муваззаф кардаанд, ки ҳар моҳ ба мақомоти Тоҷикистон дар бораи нархи парвозҳояшон ба Русия маълумотнома пешниҳод кунанд.

Икром Субҳонзода ба  «Азия Плюс» гуфт, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар пайи афзоиши шумораи хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русия “нархи чиптаҳояшонро беҳад боло бурданд.”  «Мардум барои харидани чипта бо чунин нархи баланд маҷбур аст, ки ҳатто аз бонк қарз бигирад ва ин вазъияти молиявии мардумро вазнинтар мекунад. Ин ҳамчунин боиси норозигии аҳолӣ аз нархҳои баланди парвозо шудааст. Ширкатҳо бояд ба ҷои боло бурдани нарх шумори парвозҳои чартериашро афзоиш диҳанд,” – таъкид кардааст Субҳонзода.  Ӯ афзудааст, ки ширкатҳои Русия ҳатто он нархҳоеро, ки дар номаи расмиашон нишон дода буданд, риоя намекунанд.

Дар ҷаласаи рӯзи 22 апрел додситони нақлиёт Саидмурод Қодирзода  низ бо изҳори нигаронӣ аз нархҳои беҳад баланди парвозҳо ба Русия гуфтааст, «имрӯз ҳар як нафари мо бояд ҷиҳати коҳиш додани нархи парвозҳо талош кунад».

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи умдаи таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Русия моҳи марти соли 2020 ба сабаби пандемияи коронавирус марзҳояшро баст ва садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон соли гузашта натавонистанд ба он кишвар ба мардикорӣ бираванд. Ин боиси  800 миллион доллар ё 32 фоиз кам шудани ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 шуд ва  бад шудани сатҳи даромад ва вазъи иқтисодии аксари оилаҳои тоҷик шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button