ВидеоКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

ПАРВАНДАИ ЗАМИНФУРӮШИИ ЯК РАИСА АЗ НОҲИЯИ ҶОМӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии Фотима Ҳафизова, сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод. Фотима Ҳафизова бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ба қаллобӣ ва бар асоси моддаи 338, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба фурӯши худсаронаи замин айбдор мешавад.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна дар вазифаи сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.”

Ба раисаи ҳамакнун собиқ бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365  то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ва бар асоси моддаи 338, иловаи 1 барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин бо сӯиистифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 912  то 1460  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.

Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон, замин дар ин кишвар моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва фурӯши он қатъиян манъ аст. Вале бо ин вуҷуд, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ваё барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақрибан ҳар моҳ мақомоти ин кишвар дар бораи боздошти чандин мансабдор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар медиҳанд.

Баландпоятарин мансабдоре, ки бо чунин ҷурм маҳкум ба зиндон шуд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода буд, ки моҳи июни соли 2020 дастгир гардид ва моҳи ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Қаллобӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замин

Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна дар вазифаи сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.

Дар ин асос нисбати Ҳафизова Ф.М. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 338 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

       Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button