ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

ХАБАРИ №1: ИЗЗАТ АМОНРО ШОЯД ОЗОД КУНАНД

Сайидбурҳон Шарипов, адвокати Иззат Амон рӯзи 22 апрел ба хабаргузории “Азия Плюс гуфт, нафари таҳти ҳимояти вай аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бар асоси танҳо як моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба қаллобӣ айбдор мешавад ва тибқи қонуни афв дар сурати ҷуброни зарари ҷабрдидаҳо метавонад аз ҷавобгарӣ озод карда шавад. Сайидбурҳон Шарипов гуфт, ба зидди Иззат Амон дар маҷмӯъ 5 шикоят вуҷуд дорад, ки ӯ аз ин шумор 4 шикоятро эътироф кардааст.

Адвокати Иззат Амон гуфт, ки то кунун зерҳимояаш ба СИЗО ё боздоштгоҳи тафтишотӣ интиқол нашуда то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД қарор дорад.

«Умед дорем, ки ба СИЗО интиқол нашуда, парванда ҳалли худро пайдо кунад. Мо талош дорем парвандаи мазкур қать гардида, ҳимоятгари ман озод карда шавад. Инчунин мувофиқи қонуни афви соли 2019, агар ҷиноятҳое, ки зарарҳои моддӣ доранд ва ин зарарҳо барқарор карда шаванд, авф  нисбати боздоштшуда татбиқ карда мешавад», – гуфтааст Сайидбурҳон Шарипов.

Адвокати Иззат Амон ба “Азия Плюс” ҳамчунин хабар додааст, ки тоза рӯзи 22 апрел бо ӯ дар тавқифгоҳи ВКД мулоқот доштааст ва ӯ аз шароити боздошташ ва муносибати мақомот шикояте надорад.

Моҳи март додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амонро, ки ҳанӯз соли 1996 ба даст оварда буд, бекор кард ва алакай рӯзи 25 март ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. ВКД Тоҷикистон рӯзе баъд эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Қаблан манобеи сомонаи “Бомдод” гуфтанд, бархе доираҳо дар роҳбарии ВКД Тоҷикистон мехостанд бо “овардан”-и Иззат Амон “очко” бигиранд ва нуфузи худро боло баранд, вале ин қазия ба “боло” чандон хуш наомадааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар “боло” истирдоди Иззат Амон аз Русияро як кори нолозим ва нобавақт маънидод мекунанд, бахусус дар пайи эътирозҳои муҳоҷирон ба зидди ин амал. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки дар мавриди Иззат Амон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст ва чанд роҳкор, аз ҷумла озод кардану ҳатто ба Маскав фиристодани ӯ ҳам дар дасти баррасии мақомот қарор дорад.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи аз лиҳози миқёсу домана бесобиқаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Иззат Амон нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба Тоҷикистон – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017, вақте хатари ихроҷ болои сараш омад, маҷбур шуд барои тақрибан ним сол худаш тарки Русия кунад.

Хушбинии вакили дифои Иззат Амон: “Талош дорем парванда қатъ карда шавад”

Муаллиф: Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба гуфтаи вакили дифоъ Иззат Амон аз шикоятҳои шуда танҳо якеро эътироф накардаасту халос.

Сайидбурҳон Шарипов ҳимоятгари Иззат Амонвакили мудофеи муҳоҷирони меҳнатӣ ва  мудири “Маркази тоҷикон” дар Маскав, мегӯяд талош доранд, ки парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад. Ин ва дигар ҷузъиёти парвандаи Иззат Амонро худи Сайидбурҳон Шарипов имрӯз бо “АзияПлюс” шарик кард.

Шарипов гуфт, ки то кунун парвандаи Иззат Амон танҳо бар асоси як моддаи кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ тафтиш шудаа истодааст, ки зерҳимояааш 4 шикояти нисбат ба ӯ воридшударо эътироф карда,  1 шикояти дигар эътироф накардааст. «Зерҳимояи мо як ҳолатро эътироф накард ва имкон дорад инро суд бубинад. Вақте ҳолатеро эътироф намекунад, дар суд бояд исботи худро ёбад».

Ин вакили дифоъ мегӯяд, ки зерҳимояааш ба ҷинояте гумонбар аст, ки  ҷинояти ошкоро буда, ягон   паҳлӯву мушкилии дигар надорад.

Ӯ гуфт, «мо низ талош дорем парвадаи мазкур қать гардида, ҳимоятгари ман озод карда шавад. Инчунин мувофиқи қонуни афви соли 2019, агар ҷиноятҳое, ки зарарҳои моддӣ доранд ва ин зарарҳо барқарор карда шаванд, авф  нисбати боздоштшуда татбиқ карда мешавад».

Сайидбурҳон Шарипов гуфт, то кунун зерҳимояаш ба СИЗО ё боздоштгоҳи тафтишотӣ интиқол нашуда то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД қарор дорад. Ӯ бар ин аст, ки «умед дорем, ки ба СИЗО интиқол нашуда, парванда ҳалли худро пайдо кунад».

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми апрел яке аз наздикони Иззат Амон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ба онҳо гуфтаанд, ки фардо ӯро ба СИЗО мебаранд.

Аммо вакили дифои Иззат Амон нагуфт, ки қарор аст додгоҳи зерҳимояаш кай баргузор шавад. 

Шарипов мегӯяд, ки имрӯз низ бо зерҳимояаш вохӯрӣ дорад ва то ин дам ӯ аз шароити нигаҳдорияш розӣ буда, аз чизе шикоят надорад.

«Нисбаташ рафтори ношоиста нест ва тибқи қонун парванда баррасӣ гардида истодааст. Бояд бигӯям, ки  вазъи саломатияш низ хуб буда, аз чизе шикояте надорад».

Пештар наздиконаш гуфта буданд, ки вазъи сиҳатии Иззат Амон нохуб шудаву онҳо ба ӯ дору бурда буданд.

Дар суҳбати 16-уми апрел бо “Азия Плюс” яке аз надикони Иззат Амон дар бораи навҳаи боздошт ва ба Душанбе овардани ӯ гуфта буд, ки аз вақте, ки ӯ дар Маскав бедарак шуду онҳо ӯро меҷустанд, ҳеч иттилое наёфтанд. Баъадан дар изҳороти ВКД гуфта шуда буд, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шуд. Аммо Иззат ба хона наомада буд, агар ӯ худаш ба Душанбе меомад бояд ба хона меомад, ҷойи дигар рафтан наметавонист. Вале мо баъди чанд рӯзи кофту коб, баъди нашри изҳороти ВКД фаҳмидем, ки дар Душанбе ҳасту боздошт шудааст, гуфта буд манбаъ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button