ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ ФИРОРӢ ЧАНД РӮЗ БАЪДИ ПАХШ КАРДАНИ БАҲРОМ САЪДУЛЛОЕВ АЗ ҶАМОАТИ ЧАПАЕВ

Шаби 8 апрел, тахминан соати 00:50, ронандае ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди деҳаи Наврӯз (собиқ Чапаев) аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саъдуллоев Баҳром, с.т. 1979, сокини ноҳияи Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Дар натиҷа, шаҳрванд Саъдуллоев Баҳром ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст. Ронандаи фирориро танҳо баъди чандин рӯз кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Балхӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пайдо ва дастгир кардаанд. Ӯ ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, рақами 75 56 RK 01, Кулилов Давлатхуҷа, с.т. 1981, сокини деҳаи Ахҷари ноҳияи Қубодиён,  будааст. Наврӯз (Чапаев) макони зиндагии чандин хонаводаи пурнуфуз, аз ҷумла хусурбачаҳои президент (Саъдуллоевҳо) ва қудоҳояш (Соҳибовҳо) мебошад.

Як ноболиғи 17-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 март, соати 16:00 қулфи утоқи кории як орманди Маркази миллии тестиро шикаста, аз онҷо як компютер, як телефони мобилӣ ва ашёи дигар ба маблағи умумии 6 760 сомониро ба яғмо бурдааст.

Як зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин зан 10 декабри соли 2020  дар назди маркази савдои “Садбарг” ба боварии зани 53-солаи сокини Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 178 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол  барнагардонидааст. Ӯ ҳамин тавр, 25 сентябри соли 2020, дар назди автоколоннаи №2927-и шаҳри Душанбе аз як марди 49солаи шаҳрванди Афғонистон 81 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 21 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти ноболиғи 17-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Кӯҳии шаҳри Ҳисор, ҷойи кораш Муассисаи давлатии ММТ ҶТ, муроҷиат намудааст, ки 23-юми марти соли 2021, тахминан соати 16:00, шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулфи дар ба утоқи кориаш даромада, аз он ҷо l-адад компютери тамғаи “Ноутбук”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва дигар ашёҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 760-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми декабри соли 2020, дар назди маркази савдои “Садбарг” бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 178 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда 25-уми сентябри соли 2020, дар назди автоколоннаи №2927-и шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, даромада, аз ӯ барои тиҷорат 81 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Подоши ҷиноят ҷазост!

Рӯзи 8-уми апрели соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди деҳаи Наврӯз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саъдуллоев Баҳром, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, шаҳрванд Саъдуллоев Баҳром ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст. Ронандаи номаълум бошад ҷои ҳодисаро тарк карда фирор намудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Балхӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатияш 75 56 RK 01, Кулилов Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Ахҷари ноҳияи Қубодиён, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот давом дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button