ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ҚОНУНӢ КАРДАНИ МАҚОМАШОН ТО 30 ИЮН ФУРСАТ ДОДАНД

Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, рӯзи 21 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе зимни натиҷагирӣ аз музокироти дурӯзааш пиромуни масоили муҳоҷирон бо мақомоти  Тоҷикистон хабар дод, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои қонунӣ кардани будубошашон то 30 июн фурсат дода мешавад. Онҳо то 30 июн бояд худро дар идораҳои муҳоҷират сабти ном карда, барои фаъолияти кориашон патент бигиранд.

Ҳафтаи гузашта муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз кишварҳои СНГ даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад. Ба дунбол, Сергей Миронов, раиси ҳизби «Справедливая Россия» аз мақомоти Русия хост, бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт на кунанд ва онҳоро аз гиребонашон гирифта, пеш кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бо фармони президенти Русия Владимир Путин, замони будубоши муҳоҷирони хориҷӣ дар Русияро то 15 июн тамдид кардаанд. Бино ба омори ВКД Русия, дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои СНГ, аз ҷумла 247 ҳазор муҳоҷири тоҷики ғайриқонунӣ қарор доранд. Дар Душанбе  ин оморро “воҳима” номиданд.

Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, рӯзи 21 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе зимни натиҷагирӣ аз сафари дурӯзааш ба пойтахти Тоҷикистон хабар дод, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои қонунӣ кардани будубошашон то 30 июн фурсат дода мешавад.

 «То 30 июн шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки мақомоти ҳуқуқии худро дар қаламрави Русия қонунӣ гардонанд», – иқтибос кардааст аз суханони Валентина Казакова хабаргузории  «Азия Плюс».

Гуруҳи кории ВКД Русия таҳти роҳбарии Валентина Казаковa рӯзи 20 апрел ба Душанбе омад ва бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва дигар мақомоти ин вазорат ва идораҳои дигари давлатии Тоҷикистон масоили марбут ба будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ кард.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро хеле зиёдтар аз арқоми воқеӣ мешуморанд.

Валентина Казакова аз шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия қарор доранд, ва аз наздикони онҳо хост, то ин имкониятро истифода бурда, будубоши худро дар қаламрави Русия то 30 июн қонунӣ гардонанд: худро дар идораҳои муҳоҷират сабти ном кунанд ва барои фаъолияти корӣ иҷозати расмӣ, яъне патент бигиранд.

 «Русия ба парвозҳо аз Тоҷикистон аз 1 апрел иҷозат дод. Дар қарори ҳукумат №635 ба таври возеҳ навишта шудааст, ки баъди шурӯи парвозҳо барои сабти ном 90 рӯз дода мешавад, яъне аз 1 апрел то 30 июн”, – таъкид кард Казакова. Раҳбари идораи муҳоҷирати ВКД Русия аз муҳоҷирон даъват кард, ки зинҳор ба миёнаравҳо муроҷиат накунанд, чунки онҳо метавонанд муҳоҷиронро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фиреб диҳанд, ки барои ин муҳоҷирон оқибатҳои, ба гуфтаи хонум Казакова, ногувор ба бор хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, президенти Русия Владимир Путин дар оғози пандемия дар баҳори соли 2020 фармоне баровард, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармондаанд, метавонанд бидуни мушкил инҷо бимонанд. Ин фармони Путин ҳарсе моҳ тамдид карда мешавад ва бар асоси фармони охирини ӯ, замони будубоши бидуни муҷозоти муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то 15 июн тамдид карда шудааст.

Вале рӯзи 16 апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

“Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа. Ӯ аз мақомоти кишварҳои СНГ хост, барои ҳалли ин мушкил матбуот ва блогерҳои маҳаллиро ҳам ҷалб кунанд.

 Ба дунбол, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи собиқи Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия Сергей Миронов дар саҳифааш дар Твиттер зимни шарҳи маълумоти ВКД дар бораи вуҷуди беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия мақомотро ба надоштани азму иродаи қотеъ барои ҳалли ин масъала айбдор кард ва аз онҳо хост, то  бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт накарда, онҳоро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

 «Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд.»

Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. «Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва маҳз муҳоҷирон бештар аз ҳама сабаби ин мешаванд!» – навишт ӯ дар Твиттер.

Аммо баръакси интизороти ин сиёсатмадор, ки бо шиорҳои миллатгароёна зоҳиран мехост дар арафаи интихобот шумораи тарафдорони худ ва ҳизби худро биафзояд, шиорҳои миллатгароёнаи Миронов мавҷи интиқодҳоро барангехт. Бисёриҳо навиштаанд, ки изҳороти Миронов саропо пур аз даъват ба барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодист.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Дар ҳошияи ҷаласаи корӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, имрӯз, 21 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нишасти матбуотӣ доир гашт. Дар нишаст муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генрал-лейтинанти политсия Валентина Казакова ва Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ба намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ доир ба натиҷаҳои гуфтушуниди дурӯза вобаста ба масъалаҳои дуҷониба дар самти муҳоҷират гузориш доданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Валентина Казакова ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

20 апрели соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Казакова Валентина Лвовна мулоқот намуд.

Дар мулоқот Амонзода ҳузури меҳмононро ба шаҳри Душанбе – пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки равобити дӯстонаи таърихан шаклгирифта ба хотири сиёсати оқилонаи сарони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин боз ҳам устувортар гардида, масъалаи муҳоҷират ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар мадди назар қарор дорад.

Дар мулоқот масоили вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии аъзои оилаи онҳо, табодули маълумоти оморӣ, саривақт пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирон, инчунин мушкилоти ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button