ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

ТОҶИКИСТОН – ДАР БАЙНИ 20 КИШВАРИ САРКӮБГАРИ ОЗОДИИ МАТБУОТ

Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, ки рӯзи 20 апрел таҳти унвони “Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот 2021” нашр шуд, аз нигоҳи сатҳи озодии матбуот назар ба соли гузашта як зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 162-юм, дар байни 20 кишвари вазъи озодии матбуоташон аз ҳама бади дунё ҷой гирифт. Тоҷикистон дар раддабандии имсола низ аз нигоҳи озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон болотар меистад, вале аз се кишвари дигари минтақа ақиб мемонад.

Дар бахши Тоҷикистони гузориш гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо касби унвони “Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” тамоюлаш ба сӯи худкомагиро афзуда, оштии миллии осебпазиреро, ки баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 ба даст омада буд, зери хатар мегузорад. “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, фишори ҳукумат якҷо бо буҳрони иқтисодӣ боиси баста шудани бисёре аз расонаҳои мустақил, аз ҷумла ҳафтаномаи “Озодагон” ва сомонаи “Ахбор” гардида, ҳамчунин боиси худсонсурӣ ва тарки кишвар кардани даҳҳо журналист шудааст.

“Таъқиби мақомоти амниятӣ, тарсондан ва таҳдид як амри маъмулии ҳаррӯза барои журналистон шуда, бархе онҳо, бино ба хабарҳо, ҳамчун “террорист” ба рӯйхатти сиёҳ шомил карда шудаанж. Хайрулло Мирсаидов, журналисти собиқ, барои 8 моҳ ва журналист Далер Шарипов барои як сол бо иттиҳомоти ҷиноятӣ ба пушти панҷара андохта шуданд. Журналистони хориҷӣ иҷозати фаъолият гирифта наметавонанд ваё  таҳти таҳдиди пайвастаи маҳрум шудан аз иҷозатнома қарор доранд. Мақомот дасти назорати худро бо истифода аз фанновариҳои навин дарозтар карда, барои беобрӯ кардани мунтақидон “фабрикаи троллҳо” таъсис додаанд. Масдуд кардани дастасӣ ба сомонаҳои хабарии маъруф ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як амри доим табдил ёфтааст”, – гуфта мешавад дар бахши Тоҷикистони гузориши созмони “Хабарнигорони бидуни марз”.

Дар харитаи ин раддабандӣ кишварҳои вазъи озодии матбуоташон хуб бо ранги сафед, нисбатан хуб  – бо ранги зард, начандон бад, вале мушкилдор – бо ранги норанҷӣ, бад – бо ранги сурх ва хеле бад – бо ранги сиёҳ ишора шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама баландтаринро Қирғизистон ба даст овардааст, ки дар мақоми 79 ҷой гирифтааст. “Хабарнигорони бидуни марз” дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо матбуоти Қирғизистонро начандон бад арзёбӣ карда, вале матбуоти Ӯзбекистону Қазоқистонро бад ва матбуоти 2 кишвари боқимондаи минтақа, яъне Тоҷикистону Туркманистонро бо ранги сиёҳ баҳои “хеле бад” додаанд.

Дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” бо номи “Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот 2021” Қазоқистон дар зинаи 155, Ӯзбекистон дар зинаи 157 ҷой гирифта, Туркманистон дар зинаи 178, дар байни се кишвари вазъи озодии матбуоташон аз ҳама бади дунё қарор дода шудааст.

Вазъи ҳатто аз Туркманистон ҳам бадтари матбуот танҳо дар кишвари африқоии Эритрея ва дар Кореяи шимолӣ мушоҳида шуда, Ҷибути ва Хитой дар зинаҳои 176 ва 177, дар паҳлуи Туркманистон гузошта шудаанд.

4 мақоми аввалро дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” кишварҳои Скандинавия – Норвегия, Финландия, Шветсия ва Дания ба даст овардаанд. Дар мақоми панҷум Коста Рика, як кишвари ҳавзаи Кариб ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button