ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

МАРГ ИН ФАНО НЕСТ! ПАЁМИ ТАСЛИЯТИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН БА НАЗДИКОНУ МУРИДОНИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲ (ВИДЕО)

“Дар видеое, ки ҳазратро ба зери хок месупориданд, дар лаби қабр мӯсафеди нуроние дар чашмам афтид. Дидам, ки Мулло Таваккул буд, ки оби дидааш мерехту сараш хам дар қабр мондани ҷисми беҷони ҳазрати бузургворро тамошо мекарду бо устоди худ, бо рафиқи худ, бо пири худу муршиди худ видоъ мекарду гиря мекард.

Ба ёдам лаҳзаҳои ҳаёти Мавлонову Шамс омад. Вақте ки Шамс аз назари Мавлоно пинҳон шуд, барояш ин 4 мисраъро гуфт:

Аҷаб он дилбари зебо куҷо шуд?

Аҷаб он сарви хушболо куҷо шуд?

Миёни мо чӣ шамъе нур медохт,

Куҷо шуд, эй аҷаб, аз мо куҷо шуд?

Мулло Таваккул ҳам гӯё ҳамин мисраъҳои Мавлоноро замзама мекард ва бо оби дида устоди худро, дӯсти худро, пири худро, муршиди худро ба хок месупорид…”

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни муътабари тоҷик дар як паёми видеоии 10-дақиқагӣ даргузашти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз маъруфтарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷикро ба наздикону шогирдон ва пайравонаш таслият гуфта, ӯро “олими бузургвор ва ситораи дурахшоне дар олами илм ва пешвои аҳли тариқат ва одами мутадаййину фақеҳи тавоно” ном бурдааст. Дар видеое, ки аз номи “Тӯраҷон ТВ” нашр шудааст, Эшони Нуриддинҷон гуфт, вафоти ногаҳонии Домулло Ҳикматуллоҳ ӯву аҳли хонадонашро низ ба хотири эҳтироме ки ба эшон доштанд, хеле ҳам ғамгин гардонид. “Ӯ як чашмаи серобе буд, ки ошиқони илму ҳикмат аз ин чашма баҳра мебурданд”, – мегӯяд Эшони Нуриддинҷон дар сифати марҳум.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз маъруфтарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел,  дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Ӯро рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурданд.

Матни паёми таслияти Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ба наздикони марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро дар зер мутолиа кунед:

“Чанд рӯз пеш хабари вафоти ногаҳонии олими бузургвор ва ситораи дурахшоне дар олами илм ва пешвои аҳли тариқат ва одами мутадаййину фақеҳи тавоно Ҳоҷӣ Домулло Ҳикматуллоҳ ба ҳама ҷо паҳн гашт ва дилҳои ошиқони илму маърифатро маҷруҳ ва захмин сохт.

Ин хабари ногаҳонӣ вақте ба мо ҳам расид, ба хотири эҳтироме ки ба эшон доштем, моро ҳам хеле ҳам ғамгин гардонид. Бино бар ин, аз ин фурсате, ки алъон даст ёфтам, барои хонадони ин бузургвор, хусусан барои фарзандонаш, Қорӣ Муҳаммадҷону дигарон, ва ҳамсари азизаш ин мусибати бузург, аз даст додани падари меҳрубон ва устоди бузургворашонро таслият арз мекунам.

Аз Худованди меҳрубон барои фарзандони ӯ ва барои шогирдону мухлисону ошиқонаш сабри ҷамил ва савоби бузург хоҳонам.

Ва ба Эшон мегӯям, ки бузургвор Ҳоҷӣ Домулло Ҳикматуллоҳ  ситораи дурахшоне дар илм буданд ва барои ошиқони илм дар ин солҳои тӯлонӣ суҳбатҳое доштанд, мадрасае доштанд, гуфтугӯе доштанд. Ӯ як чашмаи серобе буд, ки ошиқони илму ҳикмат аз ин чашма баҳра мебурданд.

Фарзандони эшон, иншоАллоҳ, умед дорам ки ҷойнишини хубе барои Ҳазрати Домулло мегарданд, зеро ки чуноне ки шунидаам, ҳар кадоми эшон соҳиби илманд, қорӣ ва ҳофизи Каломуллоҳанд.  Агарчӣ бузургвор рафтанд, ҷои худашонро холӣ намонданд, фарзандони муносибе ҷойнишини худ карданд.

Ва аз Худованд бори дигар барои Ҳазрати Домулло ин сафарро дуо мекунам, ки сафари арӯсиву сафари расидан ба сӯи маъшуқаш гардонда бошад, зеро марг ин фано нест. Марг дӯстро ба дӯст мерасонад. Вақте ки олимҳо аз ин олам сафар мекунанд, вақте ки аз ин дунё рахт ба сӯи охират мебанданд, агарчӣ дар зоҳир барои хонадонашону шогирдонашону мухлисону ошиқонашон мусибат асту ҷудоист, сӯзиш аст, аммо онҳо зиндаанд. Онҳо фақат аз назари мо пинҳон шудаанд. Онҳо аз нигоҳи мо зери хок афтидаанд. Аммо рӯҳи онҳо, осори онҳо, файзи онҳо боқист.

ИншоАллоҳ, агарчӣ ҳазрати Домулло зоҳиран рафтанд, дар навори видеои бачаҳо ҳам дидам, ки ҳазратро ба зери хок месупориданд ва дар лаби қабр мӯсафеди нуроние дар чашмам афтид. Наздик кунед, ки бинам, гуфтам. Наздик карданд ва дидам, ки Мулло Таваккул буд, ки оби дидааш мерехту сараш хам дар қабр мондани ҷисми беҷони ҳазрати бузургворро тамошо мекарду бо устоди худ, бо рафиқи худ, бо пири худу муршиди худ видоъ мекарду гиря мекард.

Ба ёдам лаҳзаҳои ҳаёти Мавлонову Шамс омад. Вақте ки Шамс аз назари Мавлоно пинҳон шуд, барояш ин 4 мисраъро гуфт:

Аҷаб он дилбари зебо куҷо шуд?

Аҷаб он сарви хушболо куҷо шуд?

Миёни мо чӣ шамъе нур медохт,

Куҷо шуд, эй аҷаб, аз мо куҷо шуд?

Мулло Таваккул ҳам гӯё ҳамин мисраъҳои Мавлоноро замзама мекард ва бо оби дида устоди худро, дӯсти худро, пири худро, муршиди худро ба хок месупорид…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button