ВидеоМуҳоҷиронСиёсатТоҷикистонЧеҳраҳо

МАНОБЕЪ: МАҚОМОТ НАМЕДОНАНД, КИ БАЪДИ “ОВАРДАН” -И ИЗЗАТ АМОН БО Ӯ ЧӢ КОР КУНАНД?

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, рӯзи 20 апрел ба синни 48 расид. Як сол пеш Иззат Амон зодрӯзашро дар ҳоле истиқбол гирифт, ки маъракаи аз лиҳози вусъату домана бесобиқаеро барои муҳоҷирони тоҷики дар рӯзҳои пандемия дар Русия бекормонда ба роҳ андохта буд ва ҳар рӯз “бачаҳои Иззат” ба садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону кишварҳои дигар дар Маскав ва дигар манотиқи Русия кумакҳои ғизоӣ тақсим мекарданд.

Аммо имсол…. Имсол Иззат Амон бори аввал зодрӯзашро пушти панҷара ҷашн мегирад….

Моҳи март додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амонро, ки ҳанӯз соли 1996 ба даст оварда буд, бекор кард ва алакай рӯзи 25 март ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. ВКД Тоҷикистон рӯзе баъд эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ва аммо бо онки аз “овардан”-и Иззат Амон қариб як моҳ мегузарад, ба гуфтаи манобеи огоҳ, мақомоти зидахл дар ин қазия ҳоло намедонанд, ки бо ӯ чӣ кор кунанд?

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 20 апрел гуфт: “Овардани Иззат Амон як навъ идомаи мусобиқа байни гуруҳҳои рақиб дар роҳбарии ВКД буд. Шоҳрух Саидзода як сол пеш Хӯҷа-командирро аз Дубай овард, ҳоло гуруҳи Шодӣ Ҳафиззода Иззат Амонро овард. Ҳадафи ин мусобиқаҳо, албатта, як чиз аст, ки оё кӣ баъди Рамазон Раҳимзода, ки инак 10 сол боз вазири дохила аст, ба курсии вазирӣ мешинад?  Худи Шоҳрух ё ягон одами ӯ, ваё Шодӣ Ҳафиззода, домоди бародари вазири кунунӣ ба ҷои хусураш вазир мешаваду бо ҳамин статус-квои феълӣ дар ин вазоратро ҳифз мекунад? Вале тавре ба назар мерасад, овардани Иззат он натиҷаеро, ки интизор доштанд, дода натавонист. Чунки дар роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ харҷи ин қадар нерӯву вақт ва шояд ҳатто пулро барои овардани Иззатро ҳамчун “пул додану дарди сар харидан” ва як кори аз лиҳози сиёсӣ нобавақту нолозим маънидод карданд. Дар ҳар сурат, ин кор ба “боло” зиёд хуш наомад. Эътирозҳои муҳоҷирон аз ин амал ба оташи норозигии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон аз ин амали худсаронаи ВКД боз ҳам равғани бештар рехт.”

Ин ҳамсуҳбати “Бомдод” мегӯяд, агар эътирозҳои муҳоҷирон дар Маскав идома меёфт, мақомоти Душанбе маҷбур мешуданд Иззат Амонро раҳо кунанд ва ҳатто ба Маскав пас фиристанд.

Манбаи дигари “Бомдод” дар мақомоти интизомӣ талвосаи зиёди мақомоти ВКД барои тавҷеҳи зарурати “овардан”-и Иззат Амон бо ҷалби  тамоми нирӯи “фермаи ҷавоб” ва нашри саросемавори видеоҳои “ҷабрдидагон”-и навбанав аз ба ном “қаллобӣ”-ҳои ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро як навъ талоши бо ҳифзи обрӯ баромадан аз ин вазъияти “тангнои Иззат” мешуморад.

“Аз тамоми аъзои “фермаи ҷавоб” хоста шудааст, ки ба зидди Иззат Амон видео сабт ва нашр кунанд. Бидуни ҳеҷ нақшаву барномарезӣ. Дар натиҷа бисёри ин видеоҳо хеле хому хандаоваранд, чунки аксари муаллифон на Иззат Амонро мешиносанд, на ҳатто аз тақдири ӯ хабаре доранд ва ҳарчӣ ба онҳо фармуданд, мисли тӯтӣ такрор мекунанд. Ҷустуҷӯи саросемавори “ҷабрдидаҳо” низ нишон медиҳад, ки далелҳои кофие дар парвандаи Иззат надоранд ва ин парвандаро бо усули “говзӯр”, ҳамон тавре ки бо Бузургмеҳр Ёров карда буданд,  бо “ҷабрдидаҳо”-и сохтаву бофта пур карда истодаанд.  Ҳоло ҳар як муваккили собиқи Иззат Амонро, ки баррасии парвандаашон ба манфиати онҳо анҷом наёфта буд, “ҷабрдида” нависонда истодаанд. Вале бо чунин усул метавон тамоми 2 ҳазор адвокати мавҷуд дар Тоҷикистонро барои бохтани ҳар як парванда ба зиндон андохт”,   – мегӯяд ин манбаъ.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, соли 1990 мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Иззат Амон соли 1993 ба риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, соли 1997 онро хатм кард. Ӯ соли 2006 ба Академияи дипломатии вазорати корҳои хориҷии шаҳри Маскав дохил шуда, соли 2009 ин мактаби олии дипломатии дар паҳнои Шӯравии собиқ муътабарро хатм кардааст.

Иззат Амон замин тавр солҳои 2010 ба аспирантураи Академияи хидмати давлатии дастгоҳи президенти Русия дохил гардида, соли 2013 онро хатм кард.

Иззат Амон, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад, дар пойтахти Русия ба ҳайси адвокат дар Бюрои байналмилалии адвокатӣ кор мекард ва соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод.

Иззат Амон нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба Тоҷикистон – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017, вақте хатари ихроҷ болои сараш омад, маҷбур шуд барои тақрибан ним сол худаш тарки Русия кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button