САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 19 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)
Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 18 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Дар ин барнома:
ПОИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН – ДАР МОҶАРОИ ҶОСУСИИ БАЙНИ ЧЕХИЯВУ РУСИЯ
ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОНИ АЗ 17 ТО 18-СОЛА ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ФАЙЗОБОД
СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ХОРУҒ
БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ НОРАК БАРОИ ФУРӮШИ 7800 ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ
ВА:
САИДМУРОД ДАВЛАТОВ ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД МЕСОЗАД
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Пои Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба моҷарои ҷосусии байни Чехиву Русия кашида мешавад.
Рӯзи 19 апрел расонаҳои Чехия нусхаи шиносномаҳои тоҷикиву молдовании ду ҷосуси Русия Анатолий Чепига (Руслан Боширов) ва Александр Мишкин (Александр Петров)-ро нашр карданд. Аз ин асноди чопшуда бармеояд, ки шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаровро афсари ГРУ Чепига (боширов) истифода бурдаааст ва шиносномаи Молдова ба номи Никола Попаро – ҳамсангари ӯ Мишкин (Петров).
Рӯзи 19 апрел бахши ҷаҳонии ББС хабар дод, ки ин ду ҷосуси Русия барои пайдо кардани дастрасӣ ба анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехия дар соли 2014 як нома аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистонро низ истифода бурдаанд. Дар нома ба унвони IMEX Group – як ширкати силоҳфурӯшии Чехия, ки анборҳои аслиҳа дар канори шаҳри Злинро иҷора гирифта буд, аз ин ширкат хоста мешуд, ки ба ду намояндаи Гвардияи миллии Тоҷикистон иҷозат бидиҳанд, ки аз анборҳои аслиҳаи ин ширкат дидан кунанд. Дар мактуби аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистон ирсолшуда нусхаи шиносномаҳо ба номи Руслан Табаров ва Никола Попа низ замима шуда, ин ду афсари ГРУ Русия ҳамчун намояндаи Гвардияи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуда будаанд.
Вале метадатаи он номаро фиристандаҳояш аз байн бурда будаанд ва бино ба гузориши нашрияи чехии “Respekt”, аз куҷо ирсол шудани он номаро муайян карда натавонистаанд.
Мақомоти Гвардияи миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмии Душанбе ин хабарҳо дар бораи истифода шудани номи ин ниҳоди ҳарбии Тоҷикистон аз сӯи кормандони хадамоти махсуси Русия дар қаламрави як кишвари узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз шарҳе надодаанд.
Моҷарои ҷосусӣ байни Чехияву Русия рӯзи 17 апрел замоне сар зад, ки сарвазири Чехия Андрей Бабиш ва муовини аввалаш Ян Ҳамачек бо баргузории як нишасти хабарии изтирорӣ хабар доданд, ки Чехия 18 корманди сафорати Русияро, ки бино ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Чех, “афсарони хадамоти вижаи Русия – СВР ва ГРУ будаанд”, ихроҷ мекунад. Ба онҳо барои тарки қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 48 соат фурсат доданд.
Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави марбут ба таркишҳои соли 2014 дар анборҳои аслиҳа дар деҳаҳои Врбетитсе ва Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин, ки ду кушта ба ҷо гузошт, гирифта шудааст. Бабиш ва Ҳамачек гуфтанд, ки дар он таркиш “афсарони ГРУ даст доштаанд”.
Русия рӯзи 19 апрел эълон кард, ки ҳамчун иқдоми ҷавобӣ 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро ихроҷ мекунад. Дар Маскав иддаои мақомоти Прага дар бораи кори дасти хадамоти махсуси Русия будани таркиши анборҳои аслиҳаи Чехияро иддаое беасос номида, рад мекунанд.
Петров ва Бошировро мақомоти Бритониё дар заҳролуд сохтани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери гунаҳкор мекунанд.
Анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехияро замоне тарконданд, ки бино ба хабарҳо, ширкати силоҳфурӯшии IMEX Group тавассути Эмилиан Гебрев ном тоҷири булғор мебоист ба Гвардияи миллии Украина миқдори бузурги аслиҳа мефурӯхт. Эмилиан Гебрев, молики ширкати силоҳфурӯшии “Дунарит”-ро соли 2015 ду маротиба заҳролуд карданд. Бовар меравад, ки он ду сӯиқасд ба ҷони Гебрев низ кори дасти ГРУ буда, боз ҳам тавассути Анатолий Чепига ва Александр Мишкин анҷом шудааст.
хххххх
Шаби 17 апрел, соати 21:20, мошини ВАЗ-21099 таҳти идораи сокини 18-солаи ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод Аюбҷон Умаров дар роҳи Роғун – Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба мошини КАМАЗ-5320, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ду мусофири ВАЗ – сокини 17-солаи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод Меликшоев Муҳаммадшоҳ ва сокини 18-солаи Душанбе Суннатуллои Зикрулло ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи мошин Аюбҷон Умаров низ дар беморхона ҷон бохта, як мусофири дигараш таҳти табобат қарор дорад.
Ҳамчунин, ронандаи мошини “Киа Спортейҷ”, сокини 30-солаи шаҳри Турсунзода Азамад Ҳотамов шоми 16 апрел, соати 19 дар роҳи Душанбе – Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати Мирзо Ризо ду пиёдагардро пахш кардааст. Дар натиҷа, Гуландом Саъдуллоева, сокини 45-солаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Фирдав Эшонови 10-сола, низ сокини Зайнабобод, ҷароҳат бардоштааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
хххххх
Субҳи 18 апрел, соати 7:30, бозори марказии шаҳри Хоруғ дучори сӯхтор шудааст. Сӯхторро танҳо баъди як соат, соати 8:25 воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда , Хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба макони зист муштаракан хомӯш кардаанд.
Дар бораи ҳаҷму сабабҳои сӯхтор ва зарари ба бозорнишинҳо расондааш ҷузъиёте дода нашудааст. Вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сӯхтор дар бозори Хоруғ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт ва сабабҳои сар заданаш аз ҷониби мақомот таҳқиқ карда мешавад.
Бозори марказии Хоруғ бузургтарин бозор дар ҳарду вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон ба шумор меравад. Ба далели наздикиаш ба марз, сокинони Бадахшони Афғонистон низ барои харид ба бозори Хоруғ зиёд меоянд.
Вақтҳои охир чандин бозор дар Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст. Мақомот маъмулан “расиши кӯтоҳи ноқилҳо”-ро сабаби ин оташсӯзиҳо ном мебаранд.
Аз ҷумла 25 январи соли ҷорӣ бозори “Султони Кабир” дучори сӯхтор шуд. Ҳамин боҳор моҳи июни соли 2018 низ ба коми оташ рафта буд.
Бозори “Корвон” дар тобистони соли 2017 ва аз он пеш ду дафъаи дигар дучори сӯхтор шуда, тобистони соли 2017 бозори ноҳияи Фархор ҳам ба коми оташ рафт.
Моҳи октябри соли 2017 сӯхтори дигар дар бозори “Хоҷӣ Шариф”, бузургтарин бозори вилояти Хатлон рух дода, моҳи августи соли 2019 бозори шаҳри Кӯлоб оташ гирифт.
хххххх
Ду сокини 23- ва 17-солаи шаҳри Нoрак бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт, дастгиршудагон давоми моҳҳои апрел ва марти соли 2021 аз шиносашон – сокини 28-солаи Норак пулҳои 100-долларии қалбакиро дастрас карда, талош кардаанд, ки ин пулҳоро ба ду сокини дигари Норак фурӯшанд. Ташхиси судӣ-криминалистӣ нишон додааст, ки 7800 доллари аз ин ду сокини Норак мусодирашуда қалбакӣ мебошанд.
Ду сокини 34- ва 27-солаи пойтахт бо иттиҳоми дуздии 10 ҳазор доллар ва либосу таҷҳизоти техникӣ ба маблағи боз 12 ҳазор доллари дигар аз манзили як сокини ноҳияи Сино дар моҳи феврали соли ҷорӣ дастгир шудаанд.
Як зани 41-солаи сокини Душанбе ба он айбдор мешавад, ки як сол пеш – моҳи феврали соли 2020 – мошини тамғаи “Рейнҷ Ровер” -и як сокини 41-солаи ноҳияи Синоро 55 ҳазор доллар нарх карда, гирифтааст, вале танҳо 23 ҳазор доллар пули соҳиби мошинро додаасту халос.
хххххххх
Субҳи 18 апрел волии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз сохтмони “Мактаби ОКСФОРД” дидан карданд. Ин мактаб барои 450 хонандаро дар қисмати шимолу шарқии Хуҷанд бо тарзу усули хосаи меъмории шабеҳи донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Бритониёи Кабир соҳибкори шинохтаи тоҷик Саидмурод Давлатов сохта истодааст.
Қарор аст, сохтмони мактаби Оксфорд дар Хуҷанд дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, ба анҷом расонда шавад ва мактаби ҷадид алакай дар соли нави таҳсилил 2021-2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умед кардааст, ки дастпарварони ин муасссаи таълимии муосир дар оянда ба мактабҳои олии Аврупо дохил шуда, ба Ватану миллати хеш хизмати содиқона хоҳанд кард.
Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Омода кардани шогирдон барои шомил шудан ба донишгоҳҳои муътабаре, чун Оксфорд, яке аз ҳадафҳои фаъолияти мактаби Оксфорд дар Хуҷанд хоҳад шуд.
Саидмурод Давлатови 43-сола, зодаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, бештар бо бизнес-тренингҳо ном бароварда буд, вале вақтҳои охир ба тиҷорати воқеӣ низ зиёд рӯ меорад. Баҳори соли 2020 дар ноҳияи Спитамен дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионӣ ва ҳавзи моҳии Саидмурод Давлатов ифтитоҳ шуда буд.