ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОНИ АЗ 17 ТО 18-СОЛА ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ФАЙЗОБОД

Шаби 17 апрел, соати 21:20, мошини ВАЗ-21099 таҳти идораи сокини 18-солаи ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод Аюбҷон Умаров дар роҳи Роғун – Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба мошини КАМАЗ-5320, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ду мусофири ВАЗ – сокини 17-солаи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод Меликшоев Муҳаммадшоҳ ва сокини 18-солаи Душанбе Суннатуллои Зикрулло ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи мошин Аюбҷон Умаров низ дар беморхона ҷон бохта, як мусофири дигараш таҳти табобат қарор дорад.

Ҳамчунин, ронандаи мошини “Киа Спортейҷ”, сокини 30-солаи шаҳри Турсунзода Азамад Ҳотамов шоми 16 апрел, соати 19 дар роҳи Душанбе – Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати Мирзо Ризо ду пиёдагардро пахш кардааст. Дар натиҷа, Гуландом Саъдуллоева, сокини 45-солаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Фирдав Эшонови 10-сола, низ сокини Зайнабобод, ҷароҳат бардоштааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзи 16-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Спортейҷ», Ҳотамов Азамад Расулҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Саъдуллоева Гуландом Бобоҷоновна, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва ноболиғ Эшонов Фирдавс Қиёмиддинович, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Саъдуллоева Г.Б. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғ Эшонов Ф.Қ. бошад ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда, баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба манзили истиқоматиашон ҷавоб дода шуд.
Инчунин, 17-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Умаров Аюбҷон Абубакрович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда, Гулмуҳаммадов Фозилҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1967, сокини ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод, дар канори роҳ беҳаракат истода буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Меликшоев Муҳаммадшоҳ Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур ва Суннатуллои Зикрулло, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” Умаров А.А. ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, Умаров Зикрулло Саидшоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъдан дар беморхона, Умаров З.С. ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button