Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ ТАБИБ ДАР ПАЙИ ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР АЗ ИСТЕЪМОЛИ ЗАНБУРӮҒИ ЗАҲРНОК

Дар пайи ҳалокати 4 сокини деҳаи Д.Нуриддини ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён ба иллати заҳролудшавӣ аз истеъмоли занбурӯғ сардухтури беморхонаи деҳотии №2 ҷамоати Заргар Идибек Боймуродзода ва духтари навбатдор М.Шариповро дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши манбаи ин хабар – хабаргузории “Азия Плюс”, имкон дорад, пои чанд табиби дигар низ ба ин қазия кашида шавад.

11 узви як хонаводаи сокини деҳаи Д.Нуриддин рӯзи 27 март заҳролуд шуданд ва дар ин байн 4 нафари онҳо ҷон бохтанд.  Ҳалокати онҳо боис шуд, ки додситонии ноҳияи Кӯшониён дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад.

Афроди заҳролудшударо ҳамон шаби 27 март ибтидо ба беморхонаи ҷамоат овардаанд, вале М.Шарипов, ки он шаб навбатдор будааст,  қаблан ба “Asia-Plus” гуфта буд, ки ба сабаби набудани шароити табобат онҳоро ба беморхонаи вилоятӣ фиристодааст.

Дидам вазъашон бисёр вазнин аст, муоина кардам ва тавися додам, ки фавран ба Беморхонаи вилоятии рақами 1 ба номи Бӯрӣ Воҳидов бубаранд, зеро мо дар ин беморхонаи деҳотӣ шароити расонидани ёрии заруриро ба ин гуна беморон надорем”, – гуфта буд Шарипов.

Аммо як сокини деҳаи Д.Нуриддин ба “Азия Плюс” гуфт, ба кадом далеле баъди ҳамагӣ як рӯз афроди заҳролудшударо аз бемористони вилоятӣ боз ба беморхонаи ҷамоат, ки шароити дурусте надорад, пас фиристодаанд. “Ҳамон шаб ин хонаводаро дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ё ба қавле “Қарияи боло” – шаҳри Бохтар бистарӣ карданд. Вале намедонем барои чӣ як рӯз пас онҳоро аз беморхонаи вилоятӣ ба беморхонаи деҳотӣ оварданд, ки ҳеҷ шароити нигоҳдории чунин беморони дар ҳолати вазнин қарор доштаро надорад?” – гуфтааст ин ҳамсуҳбати “Азия Плюс”.

Кӯшониён: боздошти як сардухтур бар пайи ҳалокати чор нафар аз замбурӯғ

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон баъди марги 4 бошандаи ин ниҳоя баъди заҳролудшавӣ аз хӯрдани занбурӯғ сардухтури як беморхонаи ҷамоатӣ боздошт шудааст. Аз 11 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки 27 март аз замбурӯғ заҳролуд шуда буданд то кунун 4 нафарашон фавтиданд.

Ин 11 нафар узви як хонавода аз деҳаи Д.Нуриддини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буданд, ки 4 нафари онҳо фавтид. Баъди фавтидани заҳролудшудагон додситонии ноҳия ба таҳқиқи қазия пардохтааст.

Ба гуфти як манбаъи аз қазия огоҳ, додситонӣ  бар он назараст, ки табибон ба беморон сари вақт ёрии зарури нарасонидаанд. Аз ин ин хотир додситонии ноҳияи Кӯшониён бар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар доираи ин парванда сардухтури Беморхонаи деҳотии №2 ҷамоати деҳоти Заргар Идибек Боймуродзода ва духтури навбатдори замони ҳодиса  М.Шарипов боздошт шудаанд.

Мувофиқи сарусадоҳо ва баъзе маълумоти ғайрирасмӣ аз манбаъҳои “Азия-Плюс” дар ин парванда боз пойи чанд табиби дигар низ кашида шудааст.

Худи духтур М.Шарипов чанд рӯз қабл дар як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори “Asia-Plus” гуфта буд, ки шабона вақте беморронро оварданд ман навбатдор будам. “Дидам вазъашон бисёр вазнин аст, муоина кардам ва тавися додам, ки фавран ба Беморхонаи вилоятии рақами 1 ба номи Бӯрӣ Воҳидов бубаранд, зеро мо дар ин беморхонаи деҳотӣ шароити расонидани ёрии заруриро ба ин гуна беморон надорем”, – гуфта буд Шарипов.

Як нафар аз ҳамдеҳагони фавтидаҳо гуфт, ки “ҳамон шаб ин хонаводаро дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ё ба қавле “Қарияи боло” – шаҳри Бохтар бистарӣ карданд. Вале намедонем барои чӣ як рӯз пас онҳоро аз беморхонаи вилоятӣ ба беморхонаи деҳотӣ оварданд, ки ҳеҷ шароити нигоҳдории чунин беморони дар ҳолати вазнин қарор доштаро надорад?”

Ба ин суол то кунун намояндаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳозир нашуданд посух бигӯянд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button