БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ НОРАК БАРОИ ФУРӮШИ 7800 ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ
Ду сокини 23- ва 17-солаи шаҳри Нoрак бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт, дастгиршудагон давоми моҳҳои апрел ва марти соли 2021 аз шиносашон – сокини 28-солаи Норак пулҳои 100-долларии қалбакиро дастрас карда, талош кардаанд, ки ин пулҳоро ба ду сокини дигари Норак фурӯшанд. Ташхиси судӣ-криминалистӣ нишон додааст, ки 7800 доллари аз ин ду сокини Норак мусодирашуда қалбакӣ мебошанд.
Ду сокини 34- ва 27-солаи пойтахт бо иттиҳоми дуздии 10 ҳазор доллар ва либосу таҷҳизоти техникӣ ба маблағи боз 12 ҳазор доллари дигар аз манзили як сокини ноҳияи Сино дар моҳи феврали соли ҷорӣ дастгир шудаанд.
Як зани 41-солаи сокини Душанбе ба он айбдор мешавад, ки як сол пеш – моҳи феврали соли 2020 – мошини тамғаи “Рейнҷ Ровер” -и як сокини 41-солаи ноҳияи Синоро 55 ҳазор доллар нарх карда, гирифтааст, вале танҳо 23 ҳазор доллар пули соҳиби мошинро додаасту халос.
Аз навори хабарҳои рӯзи 19 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Боздошт гардидани ду нафар бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Норак бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, дар давоми моҳи март ва апрели соли 2021, бо мақсади ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакии доллари амрикоӣ аз шиносашон марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур купюраҳои 100 доллараи амрикоии қалбакиро дастрас намуда, ба ҷавони 28 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба фурӯш баровардаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-криминалистӣ купюраҳои гирифташуда 7 ҳазору 800 доллари амрикоии қалбакиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинхонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10 ҳазор доллари амрикоӣ, таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногуни мардона ва туҳфаҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 22 ҳазору 300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 34 ва 27-солаи сокинони пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 11-уми феврали соли 2020, дар кӯчаи С.Шерозӣ шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Рейнҷ Ровер-Валер”, соли бароришаш 2018-ро ба маблағи 55 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо номбурда, 23 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, то ҳол боқимонда 32 ҳазор доллари амрикоиро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.