ВОКУНИШИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ БА НОМАИ САРКУШОДАИ РАҶАБИ МИРЗО ДАР МАСЪАЛАИ “ОБЛАВА”
Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо имзои муовини аввали раиси ин идора Ф. Ҳаётзода номаи саркушодаи Раҷаби Мирзо ва дигарон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмонро барои баррасӣ ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва додситони кулл Юсуф Раҳмон фиристодаааст.
Дар номаи дастгоҳи президент аз ҷумла гуфта мешавад:
“Муроҷиати Раҷаб Мирзо ва дигарон, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, барои дида баромадан фиристода мешавад.
Хоҳишмандем аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллифони муроҷиат ба таври хаттӣ хабар диҳед.”
Раҷаби Мирзо дар саҳифааш дар Фейсбук аз дастгоҳи президент барои вокуниши фаврӣ изҳори сипос карда, ҳамзамон изҳори умед кардааст, ки мақомот дар расидагӣ ба нуқтаҳои асосии номаи саркушода масъулият нишон медиҳанд: “Воқеан, мактуби кушодаро бегоҳи ҷумъаи гузашта ба сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон фиристода будем. Расо як ҳафта баъд вокуниши аввалин сурат гирифт. Он ҳам дар рӯзи шанбе. Изҳори умедворӣ дорем, мақомоти ба онҳо вобасташуда салоҳиятнокиву пурмасъулиятӣ нишон медиҳанд. На посух “ба хотири посух”…”
Дар номаи саркушода ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳ Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!”, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9 апрел нашр кард ва зери он садҳо нафар имзо гузоштанд, аз роҳбарони аввал Тоҷикистон тақозо мешавад, ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ нуқта гузоранд.
Дар нома гуфта мешавад, ки касе мухолифи хидмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нест, вале ҷалби ҷавонон ба хидмат бояд бо шеваҳои қонуниву мутаммадин ва бе нақзи ошкори ҳуқуқи инсон сурат бигирад. Ба ақидаи муаллифон, “облава” дар асл як асбоб ва манбаи даромад барои масъулони комиссариатҳои низомӣ ва дигар ниҳодҳои зидахл дар маъракаҳои даъват ба саффи артиш шуда, ба обрӯ ва имиҷи давлати Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад.
“Боз мегӯем, ки гап сари обрӯи давлат меравад, ки дар коҳиш ёфтани он ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро муҷрим донем. Барои бетарафӣ, барои бемасъулиятӣ, барои дидаву дониста ва паи пайдо кардани манфиатҳои муғризона паст задани обрӯву нуфузи давлат!
Ҳоло бошад, падару модарон тарсида – тарсида фарзандони худро ба кӯча, ба ҷои кор, барои таҳсил мефиристанд. Воқеан, ҳоло маълумоте ҳам паҳн мешавад, ки ҳатто донишҷӯёнро аз донишгоҳ “облава” карда, ба аскарӣ мебаранд ва баъд онҳоро “хориҷ” мекунанд.
Хулоса, агар тадбири ҷиддие андешида нашавад, обрӯи давлату ҳукумат, ҳукумати қонун зери суол меравад, ки фикр накунам барои ягон шаҳрванди дилсӯз ин ҳолат манфиат биёрад”, – навиштаанд дар ин нома.
Муаллифон бо изҳори итминон ба ин ки “роҳҳои қонуниву мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад”, таъсиси як комиссияи махсусро барои ҳалли решаии аз байн бурдани масъалаи “облава” пешниҳод кардаанд, то ки “пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.”
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба – баҳорон моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ моҳҳои октябру ноябр – доир мешавад. Бо онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли хидматӣ (аз 18 то 27) ба сар мебаранд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳар мавсими даъват тақрибан ба 7 ило 8 ҳазор сарбози нав зарурат доранд.
Ва аммо ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон бо шикоятҳои фарвон аз “облава”, яъне маҷбуран аз кӯчаву бозор доштану ба артиш бурдани ҷавонон, паси сар мешавад.
БА МАКТУБИ КУШОДА ДАР БОРАИ “ОБЛАВА” АЗ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ ВОКУНИШ СУРАТ ГИРИФТ.
Бо имзои муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ф. Ҳаётзода чанд лаҳза пеш бароямон огоҳинома расид, ки ин номаи кушодаи мову Шумо ба Президенти Тоҷикистон аз ҷониби дастгоҳ ба Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ барои баррасӣ фиристода шудааст ва аз онҳо хоҳиш намудаанд, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва муаллифон аз натиҷааш ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
Интизор мешавем.
Воқеан, мактуби кушодаро бегоҳи ҷумъаи гузашта ба сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон фиристода будем. Расо як ҳафта баъд вокуниши аввалин сурат гирифт. Он ҳам дар рӯзи шанбе. Изҳори умедворӣ дорем, мақомоти ба онҳо вобасташуда салоҳиятнокиву пурмасъулиятӣ нишон медиҳанд. На посух “ба хотири посух”…
МАКТУБИ КУШОДА БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Нусха
Ба Раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ
Ба Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон
“МОРО АЗ ИН ШАРМАНДАГӢ РАҲО СОЗЕД!”
Ҷаноби Президент,
Албатта имкон дошт, ки номаи мазкурро ба унвони Прокурори генералии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоде, ки таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ; ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; ё вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор нависем.
Мутаассифона аз ҷониби онҳо вокунише сурат намегирад ва ба назар мерасад, ки интизор ҳам шудан мантиқ надорад. Аммо шармандагӣ ва бештар аз ин помол шудани ҳуқуқу озодиҳои давомдори шаҳрвандони Тоҷикистон моро водор намуд, ки маҳз ба Шумо мурҷиат намоем, то барои дар фурсати кӯтоҳ роҳи ҳал пайдо намудани ин мушкил ва аз бадномӣ раҳо шудани давлату ҳукумат мусоидат намоед.
Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд.
Пешопеш мегӯем, ки ҳеҷ кас мухолифи ба хизмати аскарӣ даъват намудани ҷавонон нест. Вале бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро помол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад (ҳар сол чандин ҷавону волидонаш аз ҷиҳати равонӣ саломатии худро аз даст медиҳанд), имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад.
Дар асл роҳҳои ҷалби боҳунаронаву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад. Солҳои пеш мақомоти бархе шаҳру ноҳияҳо василаҳои гуногунро пайдо карда буданд – додани қитъаи замин ба волидони аскарон, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, фаро гирифтани ҷавонон дар омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ, аз ҷумла ронандагӣ ва амсоли ин.
Ин ҳам пас аз соли 2013 буд, ки дар як ҷамъомад мавзӯи “облава” –ро Шумо дар миён гузошта, талаб намудед, ки чунин роҳҳои аз қонун беруни ба артиш бурдани ҷавонон барҳам дода шавад. Мутаассифона ҳолати беҳтар дер давом накард. Коршиносоне, ки ин мавзӯро пайгирӣ мекунанд, ба ҳисоб гирифтаанд, ки сар аз соли 2017 маъракаи бадномкунандаи “облава” дубора авҷ гирифт. Онҳо дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон 10 – 12 сабти навори боздошту ғайриқонунӣ ба аскарӣ фиристодани ҷавононро ба мақомоти дахлдор мефиристанд. Аммо аз ҷониби ин ниҳодҳо вокунише сурат намегирад.
Махсусан имсол, ки аз маъракаи даъвати ҷавонон ҳамагӣ 10 рӯз мегузарад, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет аллакай аз навору аксҳое пур шудаанд, ки бо усули ваҳшатнок ҷавононро боздошт ва ба хизмат мебаранд. Бахши идеологии ҳукумат бояд дарк кунад, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳеҷ кореро, хоса иқдомоти ғайриқонуниро пинҳон кардан имконпазир нест. Баръакс ин ҳолатҳо боис ба рехтани обрӯ ва коҳиш ёфтани имиҷи давлат мегардад.
Аз ҷониби дигар, ин гуна амалкарди мақомот ва пайдо шудани навору аксҳо дар назари мардум хидмат дар артишро ба як кори даҳшатнок ҷилвагар менамояд.
Саволе рӯ ба рӯ меояд: оё ин гуна ҳолат ва аз хизмати Ватан саркашӣ кардани ҷавонон маъниеро надорад, ки аз чунин иқдомҳо касе манфиат мебинад?
Бар илова, оё мо наметавонем хулоса кунем, ки бахши идеологии ҳукумат дар кори худ заъф доранд ва ҳисоботу гузоришҳои ба Шумо ва дигарон пешниҳодкардаашон, рост нест?
Аз манфиаткории бархе масъулин гуфтем ва беҳуда нест. Шояд дар ин гуна ҳолат, масоили сиёсиро ҳам пайдо намуд, ки кадом гурӯҳҳое мехоҳанд обрӯи давлат ва артиши онро зери суол баранд? Хоса дар замоне, ки ихтилофҳои ҷиддии марзӣ бо бархе кишварҳои ҳамсоя дорем.
Дар бораи “пул кор кардани” намояндагони бархе мақомот ва ба ивази пул аз “облава” халос кардани ҷавонон ҳам сару садо вуҷуд дорад. Наход ин гуна одамони қонуншикан обрӯи давлатро аз манфиатҳои молии худ поинтар бинанд?
Як мавзӯи муҳими дигар мақомоти масъул дар вуҷуди ин мушкил ҳаст. Масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ мегӯянд онҳо дар маъракаи “облава” робитае надоранд, балки мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар мисоли раиси ноҳия ё муовинаш, ки раиси ситоданд ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ин корро анҷом медиҳанд.
Воқеан, феврали соли 2020 муовини собиқи Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки роҳбарии ситоди ҷумҳуриявиро ба зимма дошт, даъвати тирамоҳии соли 2019 – ро ҷамъбаст намуда, гуфт, ки 34 корманди комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба масъулияти интизомӣ кашида шуданд ва баъзеи онҳо аз мақом барканор гардиданд. Вале ишора кард, ки онҳо бо сабабҳои дигар муҷозот шудаанд.
Аз ин бармеояд, ки масъалаи асосӣ ва мушкили давомдор – яъне “облава” касеро ба ташвиш намеорад. Боз мегӯем, ки гап сари обрӯи давлат меравад, ки дар коҳиш ёфтани он ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро муҷрим донем. Барои бетарафӣ, барои бемасъулиятӣ, барои дидаву дониста ва паи пайдо кардани манфиатҳои муғризона паст задани обрӯву нуфузи давлат!
Ҳоло бошад, падару модарон тарсида – тарсида фарзандони худро ба кӯча, ба ҷои кор, барои таҳсил мефиристанд. Воқеан, ҳоло маълумоте ҳам паҳн мешавад, ки ҳатто донишҷӯёнро аз донишгоҳ “облава” карда, ба аскарӣ мебаранд ва баъд онҳоро “хориҷ” мекунанд.
Хулоса, агар тадбири ҷиддие андешида нашавад, обрӯи давлату ҳукумат, ҳукумати қонун зери суол меравад, ки фикр накунам барои ягон шаҳрванди дилсӯз ин ҳолат манфиат биёрад.
Пешниҳоди мо ин аст, ки аз ҳисоби мақомоти ҳукумат, масъулини Вазорати мудофиа, прокуратура, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон комиссияи хос таъсис дода шавад ва роҳҳои бартараф намудани мушкили мазкур пайдо гардад. Мо мутмаинем, ки роҳҳои қонуниву мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаем дар ин кор саҳм гузорем.
Аммо ҳоло аз Шумо хоҳиш дорем, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳед, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.
Бо эҳтиром
Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”
PS : АЗ ДИГАР КОРБАРОНИ ФЕЙСБУК, ХОСА ГУРӮҲИ “АХБОР БАРОИ АФКОР” ҲАМ ХОҲИШ ДОРЕМ, КИ ҲАР КАСЕ АЗ МАВҚЕИ МО ҶОНИБДОР АСТ, ЗЕРИ ИН МАТЛАБ ИМЗО ГУЗОРАД. МО БО ИМЗОИ УМУМӢ ОНРО РАСМАН БА СОМОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МЕФИРИСТЕМ