ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

СЕРГЕЙ МИРОНОВ: МУҲОҶИРОНИ ҒАЙРИҚОНУНИРО АЗ ГИРЕБОНАШОН ГИРИФТА, АЗ РУСИЯ ПЕШ КУНЕД!

Як изҳороти миллатгароёнаи Сергей Миронов, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи палатаи болоии парлумони Русия дар бораи муҳоҷирон мавҷи интиқодҳоро ба бор овард.

Раиси собиқи Шӯрои Федератсия дар саҳифааш дар Твиттер зимни шарҳи маълумоти ВКД дар бораи вуҷуди беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия мақомотро ба надоштани азму иродаи қотеъ барои ҳалли ин масъала айбдор кард ва аз онҳо хост, то муҳоҷиронро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

 «Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд.»

Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. «Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва маҳз муҳоҷирон бештар аз ҳама сабаби ин мешаванд!» – навиштааст ӯ дар Твиттер.

Як изҳороти миллатгароёнаи Сергей Миронов, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи палатаи болоии парлумони Русия дар бораи муҳоҷирон мавҷи интиқодҳоро ба бор овард. Раиси собиқи Шӯрои Федератсия дар саҳифааш дар Твиттер зимни шарҳи маълумоти ВКД дар бораи вуҷуди беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия мақомотро ба надоштани азму иродаи қотеъ барои ҳалли ин масъала айбдор кард ва аз онҳо хост, то муҳоҷиронро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд. «Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд.» Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. «Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва маҳз муҳоҷирон бештар аз ҳама сабаби ин мешаванд!» – навиштааст ӯ дар Твиттер. Аммо баръакси интизороти ин сиёсатмадор, ки бо шиорҳои миллатгароёна зоҳиран мехост дар арафаи интихобот шумораи тарафдорони худ ва ҳизби худро биафзояд, шиорҳои миллатгароёнаи Миронов мавҷи интиқодҳоро барангехт. Бисёриҳо навиштаанд, ки изҳороти Миронов саропо пур аз даъват ба барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодист. Валтер Собчак, барои мисол, дар посух ба Миронов навиштааст: «Ӯ бояд ин нутқи оташинашро бо “Хайль, Гитлер!” ба поён мерасонд.» «Миллатгароӣ 76 сол боз аз мӯд баромадааст», – навиштааст корбари дигари Твиттер бо ишора ба монандиҳои суханони Миронов бо шиорҳои Олмони фашистӣ. Ба ақидаи бисёриҳо, Миронов ё аз воқеиятҳо дур шудааст ваё амдан ин воқеиятҳоро дидан намехоҳад ва намефаҳмад, ки сокинони Русия он корҳои сиёҳеро, ки муҳоҷирон бо маоши ночиз анҷом медиҳанд, аслан ба гардан намегиранд. «Ҳаҳаҳа, мардум мо бахусус барои кор дар саҳро ваё барои роҳрӯбӣ ҷидду ҷаҳд нишон медиҳанд!» – навиштааст бо киноя бар суханони Миронов яке аз корбарон. Даъватҳои Миронов ба ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия дар ҳоле садои медиҳанд, ки рӯзи 16 апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад. “Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа. Ӯ аз мақомоти кишварҳои СНГ хост, барои ҳалли ин мушкил матбуот ва блогерҳои маҳаллиро ҳам ҷалб кунанд. Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Президенти Русия Владимир Путин аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 фармоне баровард, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармондаанд, метавонанд бидуни мушкил инҷо бимонанд. Ин фармони Путин ҳарсе моҳ тамдид карда мешавад ва бар асоси фармони охирини ӯ, замони будубоши бидуни муҷозоти муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то 15 июн тамдид карда шудааст.

Аммо баръакси интизороти ин сиёсатмадор, ки бо шиорҳои миллатгароёна зоҳиран мехост дар арафаи интихобот шумораи тарафдорони худ ва ҳизби худро биафзояд, шиорҳои миллатгароёнаи Миронов мавҷи интиқодҳоро барангехт. Бисёриҳо навиштаанд, ки изҳороти Миронов саропо пур аз даъват ба барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодист.

Валтер Собчак, барои мисол, дар посух ба Миронов  навиштааст: «Ӯ бояд ин нутқи оташинашро бо “Хайль, Гитлер!” ба поён мерасонд.»

«Миллатгароӣ 76 сол боз аз мӯд баромадааст», – навиштааст корбари дигари Твиттер бо ишора ба монандиҳои суханони Миронов бо шиорҳои Олмони фашистӣ.

Ба ақидаи бисёриҳо, Миронов ё аз воқеиятҳо дур шудааст ваё амдан ин воқеиятҳоро дидан намехоҳад ва намефаҳмад, ки сокинони Русия он корҳои сиёҳеро, ки муҳоҷирон бо маоши ночиз анҷом медиҳанд, аслан ба гардан намегиранд. «Ҳаҳаҳа, мардум мо бахусус барои кор дар саҳро ваё барои роҳрӯбӣ ҷидду ҷаҳд нишон медиҳанд!» – навиштааст бо киноя бар суханони Миронов яке аз корбарон.

Даъватҳои Миронов ба ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия дар ҳоле садои медиҳанд, ки рӯзи 16 апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

“Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа. Ӯ аз мақомоти кишварҳои СНГ хост, барои ҳалли ин мушкил матбуот ва блогерҳои маҳаллиро ҳам ҷалб кунанд.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон.

Президенти Русия Владимир Путин аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 фармоне баровард, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармондаанд, метавонанд бидуни мушкил инҷо бимонанд. Ин фармони Путин ҳарсе моҳ тамдид карда мешавад ва бар асоси фармони охирини ӯ, замони будубоши бидуни муҷозоти муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то 15 июн тамдид карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button