ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 18 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 18 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

ҶӮИ ҶУДОӢ: МУНОҚИШАИ НАВ ДАР МАРЗИ ИСФАРАВУ БОДКАНД

СЕРГЕЙ МИРОНОВ: МУҲОҶИРОНИ ҒАЙРИҚОНУНИРО АЗ ГИРЕБОНАШОН ГИРИФТА, АЗ РУСИЯ ПЕШ КУНЕД!

ҶОСУСИ РУСИЯ … БО ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ

ВОКУНИШИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ БА НОМАИ САРКУШОДАИ РАҶАБИ МИРЗО ДАР МАСЪАЛАИ “ОБЛАВА”

ЧӢ ГУНА ЯК ДУХТАРИ ҶАВОН ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ УСТОИ МОШИН ШУД?

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 17 апрел дар марзи Исфараву Бодканд, яке аз доғтарин нуқтаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи нав рух дод. Ин нахустин муноқиша  дар ин марз баъди боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати Ворух буда, дар марзи деҳаи Хоҷаи Аъло, охирин деҳаи воқеъ дар дохили марзи Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Ворух, ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон  сурат гирифтааст.

Бино ба фарзияи хадамоти матбуоти намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, рӯзи 17 апрел кормандони идораи оби ноҳияи Бодканд дар ҷамоати Оқсой ба тармими маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуу пардохтаанд. Вале марзбонони тоҷик ба онҷо омада, талаб кардаанд, ки корҳои сохтмониро дар ин ҷо қатъ кунанд. Ҳамин тавр, ҳудуди 30 сокини деҳаи Хоҷаи Аъло низ ҷамъ шуда, кӯшиш кардаанд монеи корҳои сохтмонӣ шаванд.

 Бино ба фарзияи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷониби Қирғизистон ба сурати якҷониба ба сохтани кӯпрук дар рӯи маркази обтақсимкунӣ дар рӯи дарёи Исфара дар мавзеи Шаршара оғоз кардааст. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин маркази обтақсимкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва ҷониби Қирғизистон бояд корҳои сохтмониро дар инҷо қатъ кунад.

Намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев  низ ҳамроҳи розбарони мақомоти интизомии ин вилоят ба ҷои ҳодиса омад. Суваналиев тавассути телефон вазъи пешомадаро бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баррасӣ кардааст. Онҳо тавофуқ кардаанд, ки музокироташон пиромуни ин масъаларо рӯзи 22 апрел дар ҷараёни ҳамоиши роҳбарони минтақаҳои водии Фарғона, ки дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор мешавад, давом диҳанд.

Бо гузашти қариб 27 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Моҳи марти соли ҷорӣ як мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки қаламрави ҷамоати Ворухро, ки аз 4 тараф дар дохили марзи Қирғизистон дармондааст, бо 12 ҳазор гектар замин аз дигар қисматҳои вилояти Бодканд иваз кунад. Вале президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 апрел аз Ворух боздид кард, гуфт, тайи 19 соли музокироти марзӣ бо Қирғизистон масъалаи иваз кардани Ворух ягон бор матраҳ нашудааст ва матраҳ нахоҳад шуд.

ххххххх

Як изҳороти миллатгароёнаи Сергей Миронов, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи палатаи болоии парлумони Русия дар бораи муҳоҷирон мавҷи интиқодҳоро ба бор овард.

Раиси собиқи Шӯрои Федератсия дар саҳифааш дар Твиттер зимни шарҳи маълумоти ВКД дар бораи вуҷуди беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия мақомотро ба надоштани азму иродаи қотеъ барои ҳалли ин масъала айбдор кард ва аз онҳо хост, то муҳоҷиронро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

 «Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд.»

Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. «Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва маҳз муҳоҷирон бештар аз ҳама сабаби ин мешаванд!» – навиштааст ӯ дар Твиттер.

Аммо баръакси интизороти ин сиёсатмадор, ки бо шиорҳои миллатгароёна зоҳиран мехост дар арафаи интихобот шумораи тарафдорони худ ва ҳизби худро биафзояд, шиорҳои миллатгароёнаи Миронов мавҷи интиқодҳоро барангехт. Бисёриҳо навиштаанд, изҳороти Миронов пур аз даъват ба барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодист. Валтер Собчак, барои мисол, дар посух ба Миронов  навиштааст: «Ӯ бояд нутқи оташинашро бо “Хайль, Гитлер!” ба поён мерасонд.»

Даъватҳои Миронов ба ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия дар ҳоле садои медиҳанд, ки рӯзи 16 апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон.

хххх

Сарвазири Чехия Андрей Бабиш ва муовини аввалаш Ян Ҳамачек рӯзи 17 апрел дар як нишасти хабарии изтирорӣ хабар доданд, ки Чехия 18 корманди сафорати Русияро, ки бино ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Чех, “афсарони хадамоти вижаи Русия –  СВР ва ГРУ будаанд”, ихроҷ мекунад.  Ба онҳо барои тарки қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 48 соат фурсат додаанд.

Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави марбут ба таркишҳои соли 2014 дар  анборҳои аслиҳа дар деҳаҳои Врбетитсе ва Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин, ки ду кушта ба ҷо гузошт, гирифта шудааст. Бабиш ва Ҳамачек гуфтанд, ки дар он таркиш “афсарони ГРУ даст доштаанд”.

Ҳамзамон пулиси Чехия рӯзи 17 апрел ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро дар робита ба тафтиши ҷиноятҳои сангин таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Ярослав Ибеҳей, намояндаи расмии пулиси Чехия гуфт, ин ду афсари ГРУ соли 2014 барои сафар ба Чехия аз шиносномаҳои русӣ ва ҳамчунин аз шиносномаи Молдова ба номи Никола Попа ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров истифода бурдаанд.

Петров ва Боширов нафаронеанд, ки мақомоти Бритониё онҳоро дар заҳролуд сохтани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери гунаҳкор мекунанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҷосусони ГРУ буда, номи аслиашон Анатолий Чепига ва Александр Мишкин мебошад.

Ин бори аввал аст, ки афсари хадамоти махсуси Русия барои истифодаи шиносномаи Тоҷикистон барои сафар ба Аврупо айбдор мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро то кунун расман шарҳ надодаанд.

ххххххх

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо имзои муовини аввали раиси ин идора Ф. Ҳаётзода номаи саркушодаи Раҷаби Мирзо ва дигарон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмонро барои баррасӣ ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва додситони кулл Юсуф Раҳмон фиристодаааст.

Раҷаби Мирзо дар саҳифааш дар Фейсбук аз дастгоҳи президент барои вокуниши фаврӣ изҳори сипос карда, ҳамзамон изҳори умед кардааст, ки мақомот дар расидагӣ ба нуқтаҳои асосии номаи саркушода масъулият нишон медиҳанд.

Дар номаи саркушода ба номи президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳ Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!”, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9 апрел нашр кард ва зери он садҳо нафар имзо гузоштанд,  аз роҳбарони аввал Тоҷикистон тақозо мешавад,  ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ нуқта гузоранд.

Дар нома гуфта мешавад, ки касе мухолифи хидмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нест, вале ҷалби ҷавонон ба хидмат бояд бо шеваҳои қонуниву мутаммадин ва бе нақзи ошкори ҳуқуқи инсон сурат бигирад. Ба ақидаи муаллифон, “облава” дар асл як асбоб ва манбаи даромад барои масъулони комиссариатҳои низомӣ ва дигар ниҳодҳои зидахл дар маъракаҳои даъват ба саффи артиш шуда, ба обрӯ ва имиҷи давлати Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад.

Муаллифон бо изҳори итминон ба ин ки “роҳҳои қонуниву мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад”, таъсиси як комиссияи махсусро барои ҳалли решаии  аз байн бурдани масъалаи “облава” пешниҳод кардаанд, то ки “пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.”

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба – баҳорон моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ моҳҳои октябру ноябр – доир мешавад. Бо онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли хидматӣ (аз 18 то 27) ба сар мебаранд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳар мавсими даъват тақрибан ба 7 ило 8 ҳазор сарбози нав зарурат доранд.

Ва аммо ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон бо шикоятҳои фарвон аз “облава”, яъне маҷбуран аз кӯчаву бозор доштану ба артиш бурдани ҷавонон, паси сар мешавад.

ххххх

Ҷамила Вализода, сокини яке аз рӯстоҳои дурдасти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо онки ҳамагӣ 19 сол дорад, аз уҳдаи таъмиру тармими мошинҳои тамғаашон гуногун ба осонӣ мебарояд ва аз ин рӯ, падараш умури устохонаашро ба ин духтари ҷавонаш бовар карда, супурдааст.

Ҷамила мегӯяд, аз кӯдакӣ чӣ гуна мошинҳоро тармиму таъмир кардани падарашро тамошо мекард ва ба ӯ ёрдам медод: гоҳе ягон калидро медод, ё ягон винту гайкаро сахт мекард.

Ҳоло ин духтари 19-сола ҳамчун як устои чирадасти мошин дар Кӯҳистони Мастчоҳ ном баровардааст. Падараш, ки дар кони ангишт кор мекунад, дигар устохонаашро пурра ба Ҷамила супурдааст. Дари устохонаи Ҷамила ҳар рӯз пур аз корафтодагонест, ки нафақат аз ноҳияи онҳо, балки аз дигар ноҳияҳо низ барои таъмиру тармими мошин ба суроғи ин духтар меоянд.

Ҷамила ахиран ба коллеҷи технологиву инноватсионии Панҷакент шомил шуд. Ӯ мехоҳад донишу маҳорати худ дар тармими мошинҳоро такмил карда, диагностикаи компютериро низ ёд бигирад, то мошинҳои муосирро ҳам тармиму таъмир карда битавонад.

Сомонаи Your.tj, ки дар бораи маҳорати ин духтари кӯҳистонӣ қисса кардааст, мегӯяд, Ҷамила нафақат устои чирадасти мошин аст, балки дар кадбонуи хубе ҳам ҳаст ва нонҳои хушмаззаву оши болаззат мепазад. Албатта, дар соатҳое, ки аз хидмат ба корафтодагон дар устохонааш фориғ бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button