ВидеоИқтисодТоҷикистон

САИДМУРОД ДАВЛАТОВ ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД МЕСОЗАД (5 АКС)

Субҳи 18 апрел волии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни сохтмони “Мактаби ОКСФОРД” дидан карданд. Ин мактаб барои 450 хонандаро дар қисмати шимолу шарқии Хуҷанд бо тарзу усули хосаи меъмории шабеҳи донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Бритониёи Кабир  соҳибкори шинохтаи тоҷик Саидмурод Давлатов сохта истодааст.

Қарор аст, сохтмони мактаби Оксфорд дар Хуҷанд дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, ба анҷом расонда шавад ва мактаби ҷадид алакай дар соли нави таҳсилил 2021-2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар сохтмони мактаби Оксфорд феълан 70 нафар кор мекунанд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд ҳадафи асосӣ аз ташкили ин мактаб ном бурда мешавад. Муассиси мактаб Саидмурод Давлатов гуфтааст, ки мехоҳад дар инҷо усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ намояд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси мактаби Оксфорддастур додааст, ки корҳои сохтмониро тибқи нақша ва босифат анҷом дода, ба корҳои ободонии ҳудуди муассиса низ таваҷҷуҳ нишон диҳанд. Раиси вилоят изҳори умедворӣ кардааст, ки дастпарварони ин муасссаи таълимии муосир дар оянда ба мактабҳои олии Аврупо дохил шуда, ба Ватану миллати хеш хизмати содиқона хоҳанд кард.

Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст.

Омода кардани шогирдон барои шомил шудан ба донишгоҳҳои муътабаре, чун Оксфорд, яке дигар аз ҳадафҳои фаъолияти мактаби Оксфорд дар Хуҷанд хоҳад шуд.

Саидмурод Давлатови 43-сола, зодаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, бештар бо давраҳои таълими тиҷораташ (бизнес-тренингҳо) ном бароварда буд, вале вақтҳои охир ба тиҷорати воқеӣ низ зиёд рӯ меорад. Баҳори соли 2020 дар ноҳияи Спитамен дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионӣ ва ҳавзи моҳии Саидмурод Давлатов ифтитоҳ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button