ИСМОИЛИ ШАРИФЗОД РОҲБАРИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ТАЪЙИН ШУД
Овозхони ҷавон Исмоили Шарифзода раҳбари Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Кароматуллоҳи Қурбон таъйин шуд.
Исмоили Шарифзод 15 декабри соли 1982 дар деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омада, соли 2007 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.
Исмоили Шарифзод аз соли 2013 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард ва аз соли 2016 мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2018 ин овозхони ҷавон дар Иттишодияи гуруҳҳои эҷодиву консертии вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолият дошт ва инак, дигарбора ба ноҳияи Рӯдакӣ бармегардад.
Исмоили Шарифзод овозхони таронаҳои эстрадӣ буда, пайрави мактаби ҳунармандони маъруфе, чун Кароматуллоҳи Қурбон ва Садриддини Наҷмиддин мебошад.