ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 17 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

“МИЛИСАҲОРО САХТ ТАРСОНДАМ БАРОИ ҲОТДОГПУЛӢ…” РВКД: МАРДЕ, КИ ХУДРО БО ЗАНУ ФАРЗАНДОНАШ ОТАШ ЗАДАНӢ БУД, БЕМОРИ РУҲИСТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ФИЛИАЛИ МАРКАЗИ МУҲОҶИРАТИ МАСКАВ ТАШКИЛ МЕШАВАД

ҶАВОНИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР ИСТАНБУЛ ДАСТГИР ШУД, КИСТ: ТОҶИР, УСТОИ БАРҚ Ё “ҲАМКОР”-И ДОИШ?

СОҲИБКОР СИРОҶИДДИН ХОЛОВ АЗ ҲИСОБИ ХУД РОҲИ ТУТҚАВУЛ – ҚИБИЛРО МУМФАРШ КАРД

ТОҶИКҲО  –  ДОМОДҲОИ АЗ ҲАМА МАҲБУБУ СЕРХАРИДОР ДАР САРАТОВ ВА ИЖЕВСКИ РУСИЯ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ БОХТАР ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “РАХШ ТАКСИ 3333”

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

РВКД Душанбе рӯзи 17 апрел хабар дод, ки муаллифи видеое, ки рӯзи 16 апрел дар Интернет бо шикоят аз шиканҷа ва таъқиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳдид ба оташ задани худашу зану фарзандонаш карда буд, Мансур Фузайлович Шоназаров, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб буда, бемори руҳист. Ба гуфтаи мақомоти милиса, Шоназаров дар қайди Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ (маъруф ба бемористони Кӯктош) қарор дошта, пайваста дар ин беморхона бо ташхиси «Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ» табобат мегирифтааст.

РВКД Душанбе аз қавли наздикони Шоназаров, аз ҷумла зану фарзандонаш, афзуд, ки “ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд Шоназаров Мансур ба вуқуъ омадааст”.

Шоназаровро дар пайи нашри видеои ахираш, ки дар Интернет сару садои зиёд ба по кард, дигарбора дар беморхонаи Кӯктош, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд.

Дар видеое, ки РВКД Душанбе нашр кард, Шоназаров дар рӯи сабзае ғелида, мегӯяд, ки азбаски зиёд сагу гурбабозӣ мекард, бар асари газидани аъзои баданаш гирифтори бемории руҳӣ шудааст: “Аз як тараф, рӯзадор будам, ҳаво гарм, асабҳо хароб. Аз тарафи дигар, милисаҳои шиносам ҳотдогпулӣ надоданд, сарам вайрон шуд ва ин корро кардам. Баъди нашр шудани видео милисаҳои шинос давида омаданд, ки ин чӣ кор буд, ки кардӣ? Медиҳем ҳамон ҳотдогпулиатро.  Лекин он милисаҳо сахт тарсиданд. Гуфтанд, моро шарманда кардӣ барои 10 сомонӣ ҳотдогпулӣ. Надоданд охир!”

Рӯзи 16 апрел дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар он Мансур Шоназаров дар канори зану фарзандонаш истода, иддао мекунад, ки барои пеши роҳи мошини раиси ноҳияи Шоҳмансур Иброҳим Билолро гирифтанаш ба зидди ӯ парванда кушодаанд ва мехоҳанд вайро ба зиндон биандозанд. Шоназаров гуфт,  худашро ҳамроҳи зану фарзандонаш оташ мезанад.

Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

xxxxxxxxx

Як гуруҳи кории шаҳрдории пойтахти Русия таҳти роҳбарии мудири кулли Маркази муҳоҷирати шаҳри Маскав (Маркази Сахарово) Сергей Балдин ахиран аз Душанбе боздид карда, тайи ин сафари дурӯзаашон ба ҷониби Тоҷикистон ташкили намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар ин кишварро пешниҳод кардааст.  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфтааст.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 14 апрел дар мулоқоти ин ҳайъат бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ  ҷониби Русия бо таъкиди ин ки норасоии қувваи корӣ дар шаҳри Москва ҷой дорад ва барои ин ҷониби Россия иқдоми Ҳукумати шаҳри Москваро ҷиҳати сохтани намояндагии “Маркази муҳоҷират” дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҷонибҳо ифтитоҳи намояндагии “Маркази муҳоҷират”-ро дар Тоҷикистон барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва сода гардонидани раванди гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дастрасии осони муҳоҷирон ба хизматрасониҳои мазкур мувофиқи мақсад донистанд”.

Ахиран муовини шаҳрдори Маскав оида ба масоили сиёсати иқтисодӣ Владимир Ефимов изҳор дошт, ки мақомоти Маскав умедвори аз байни бардоштани маҳдудиятҳо дар роҳи вуруди муҳоҷирони корӣ ба пойтахти Русия мебошанд, вале азбаски кай ҳал шудани ин масъала рӯшан нест, мақомоти Маскав худ дар фикри ҷустуҷӯи нирӯи кории лозим барои таъмини сохтмонҳои пойтахт бо коргар шудаанд. Ефимов гуфт, аз ҷумла ба ҳамин манзур намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар Ӯзбекистон кушода шуд ва акнун дар Тоҷикистон низ ташкил мешавад. Ефимов гуфт, Маскав барои амалӣ сохтани тарҳҳои худ, бахусус дар соҳаи сохтмон, ба нирӯи кори муҳоҷирон зарурат дорад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ ҳафтае пеш  гуфт, Русия барои амалӣ сохтани барномаҳои пуриддаояш ба шумори бештари муҳоҷирони корӣ ниёз дорад.

Ширкатҳои сохтмонии Русия чанд моҳ боз боисрор аз ҳукумати он кишвар талаб доранд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро бикушояд, чунки соҳаи сохтмони Русия ба камбуди шадиди нирӯи корӣ дучор шудааст.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Ин амрро садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик, ки як сол боз наметавонанд ба Русия бираванд, бесаброна мунтазиру буданд. Вале нархи беинсофонаи парвозҳо, ки гоҳо аз 1000 доллар ҳам мегузарад, хоҳишмандони сафар ба Русияро сахт нигарон кардааст.

ххххххх

Расонаҳои Туркия  рғзи 14 апрел хабар доданд, ки дар ҷараёни як амалиёти зидди созмони террористии ДОИШ дар шаҳри Истанбул 11 нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон Солеҳ Солиев, дастгир шуданд. Бино ба гузоришҳо, Солеҳ Солиеви 31сола аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон тавассути хатти сурхи Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шуда буд.

Иброҳим Солиев, падари Солеҳ Солиев ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯ худаш аз мақомот хоста буд, то писарашро дастгир кунанд ва ба Тоҷикистон баргардонанд. Ба гуфтаи Солиев, писараш  соли 2015 бидуни розигии вай аз Русия ба Туркияро рафта, ӯро хашмгин карда буд.

“Соли 2012 писари дигарам бо ҳамин шева бедарак шуда буд ва танҳо пас аз ду сол хабари маргаш аз Афғонистон расид. Моргазида аз ресмони ало метарсад. Аз хавфи он ки ин Солеҳ низ баромада наравад, худам ба милиса ариза навиштам. Хостам, ӯро боздошт кунанд, то баҷиҳодӣ“-ҳо ҳамроҳ нашавад“, — гуфтааст Иброҳим Солиев.

Солеҳ Солиев шаҳрвандии ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистонро доштааст. Падари ӯ иддао мекунад, ки писараш ба гуруҳҳои террористӣ рабте надошт ва дар Истанбул ба тиҷорат машғул буду гоҳо ба ҳайси устои барқ ҳам кор мекард.

Вале Иброҳим Солиев дар суҳбаташ бо Озодӣ эътироф мекунад, ки соле пеш Солеҳ дар Туркия ду маротиба боздошт шуда буд: Як дафъа ба сабаби тамоми шудани замони визааш ва бори дуюм, барои онки ба хонаи як шаҳрванди Туркия, ки зери назорати мақомот қарор дошт, ба “меҳмонӣ” меравад ва онҷо дастгир мешавад. Ба гуфтаи Иброҳим Солиев, писараш “аз сабаби он ки мақомоти Туркия парвандаи марбут ба меҳмонии ӯро набаста буданд, имкон надошт, ба Тоҷикистон баргардад.”

Ва аммо бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Солеҳ Солиев аз соли 2016 бо иттиҳоми “зархаридӣ” бар асоси моддаи 401 Кодекси ҷиноятӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст. Тафсилоти дигаре дар бораи айбномаи ӯ дастрас нест.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 2 ҳазор нафар аз зодагони ин кишвар ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафта, ба саффи созмонҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ пайвастанд. Туркия ва Истанбул як масири асосии сафари ҷангиёни хориҷии ДОИШ ва гуруҳҳои дигари террористии мустақар дар Сурияву Ироқ ба шумор меравад.

Вақтҳои охир, баъди шикасти сахти ДОИШ дар Сурияву Ироқ, ҷангиёни он боз ҳам тавассути Туркия талош доранд ба кишварҳои худ баргарданд.

ххххххх

Соҳибкори тоҷик Сироҷиддин Холов аз ҳисоби худ як километр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Тутқавул ва Қибил дар канори шаҳри Норакро мумфарш (асфалтпӯш) кардааст. Хабаргузории расмии “Ховар” бо нашри 6 акс аз маҳалли сохтмони роҳ хабар дод, ки ин иқдом  ба пешвози 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, анҷом шудааст.

Бисёриҳо ба ғайрати ин соҳибкори норакӣ аҳсану офарин хонда, ташаббуси ӯро сазовори дастгирӣ ва пайравӣ барои дигар соҳибкорони тоҷик номидаанд.

Солҳои охир саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳалҳои Тоҷикистон бештар ба мушоҳида мерасад.  Аз ҷумла ду сол пеш аз ҳисоби соҳибкорон Нуршед Машрабов ва Абухалил Ғуломов дар ноҳияи Рӯдакӣ ду мактаби сеқабатаи ҳар кадомаш бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ сохта шуд.

хххххххх

Бино ба омори расмии идораҳои ЗАГС, занону духтарон дар вилояти Саратов ва шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия аз байни хориҷиён имсол бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд.

Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов дар нишасти хабариаш доир ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2021 гуфт, аз аввали соли ҷорӣ 29 зану духтар дар ин вилоят ба зодагони Тоҷикистон ба шавҳар баромадаанд ва тоҷикҳо аз ин лиҳоз дар вилояти Саратов хушхаридортарин домодҳо дар байни домодҳои хориҷӣ ба шумор мераванд.

18 сокини Саратов имсол бо зодагони Озарбойҷон, 13нафарӣ бо зодагони Арманистону Қазоқистон ва  11 хонуми саратовӣ бо шаҳрвандони Украина ақди никоҳ бастаанд. Дар байни шаҳрвандони кишварҳои хориҷаи дур шаҳрвандони Ироқ, Эрон ва Марокаш барои бонувони Саратов маҳбубтар будаанд.

Дар ҳамин ҳол, идораи ЗАГСи пойтахти Удмуртистон низ бо натиҷагирии семоҳаи аввали соли 2021 зодагони Тоҷикистону Озарбойҷонро домодҳои хориҷии аз ҳама серхаридор барои бонувони Ижевск ном бурдааст.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи ЗАГСиба  Ижевск, аз аввали сол дар ин шаҳр ҳамагӣ 763 ақди никоҳ баста шудаааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ақд бештар аст. Дар 34 маврид бонувони Ижевск бо хориҷиён издивоҷ кардаанд. Аз ҷумла 10 нафари онҳо бо зодагони Тоҷикистон ва 10 бонуи дигар бо зодагони Озарбойҷон издивоҷ карда, сокинони пойтахти Удмуртистон имсол ҳамчунин бо шаҳрвандони Ироқ, Миср, Сурия ва Корея ақди никоҳ бастаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба натиҷаҳои як назархорҷӣ, ки дар байни беш аз 30 ҳазор нафари синниашон аз 18 то 45 дар шаҳрҳои бузурги Русия анҷом шудааст, 90 дарсади мардон ва 53 дарсади занони рус ба муносибатҳои маҳрамона ё ақди никоҳ бо мардуми ғайриславян майл надоштаанд.  Он занҳое, ки чунин муносибат ва издивоҷро ҷоиз мешуморанд, низ асосан ба ғайриславяниҳои ба истилоҳ “худӣ”, аз ҷумла ба чеченҳову доғистониҳо, тоторҳо ва ингушҳо бартарӣ додаанд. Дар ин феҳрасти бартариҳои бонувони рус дар мақомҳои баъдӣ арманиҳо, озариҳо, туркҳо, арабҳо, сипас – маҷмӯан ёқутҳо, бурятҳо, тувагиҳо, қалмиқҳо ва дигар халқҳои муғулинажод меоянд.

Бонувони рус сипс хитоиҳо, қазоқҳо, кореягиҳо ва сиёҳпӯстонро ном бурдаанд. Зодагони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ин рейтинги домодҳои хориҷии аз ҳама маҳбуб барои бонувони рус дар зинаҳои аз ҳама поён қарор гирифтаанд.

хххххххх

Ва дар поёни барнома хулосаи ахбори криминалии 17 апрел:

Шаби 16 апрел, тахминан соати 00:00,  сокини 60-солаи шаҳри Бохтар Бӯрихон Мудинов зери чархи мошини “Рахш Такси 3333” ҷон бохтааст. ВКД гуфт, ронандаи  51-солаи  такси Хайралӣ Раҳматов ҳангоми ҳаракат аз самти бозори “Нихи” ба самти бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар назди тарабхонаи “Азия” аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Як сокини 41-солаи ҷамоати Ашти ноҳияи Ашт ба он айбдор мешавад, ки  соли 2018 бо роҳи фиреб аз як сокини 43-солаи ҳамин ҷамоат 580 ҳазор рубли русӣ гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шермат» 0,16-га қитъаи замини наздиҳавлигиро ғайриқонунӣ ба вай фурӯхтааст.

Мақомоти милиса “Муслим” ва “Раҳматулло” ном шахсонро барои мардумфиребӣ ҷустуҷӯ доранд. Як сокини 29-солаи ноҳияи Шоҳмансур шикоят кардааст, ки моҳи августи соли 2013 Муслим” ва “Раҳматулло”   дар маҳаллаи Ховарон бо роҳи фиреб бо ваъдаи ҳуҷҷатгузории як қитъаи замин 5 ҳазор доллари ӯро гирифтаанд, вале ин пулро ба манфиати шахсиашон сарф карда, кори ин корафтодаро буд накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button