“МИЛИСАҲОРО САХТ ТАРСОНДАМ БАРОИ ҲОТДОГПУЛӢ…” РВКД: МАРДЕ, КИ ХУДРО БО ЗАНУ ФАРЗАНДОНАШ ОТАШ ЗАДАНӢ БУД, БЕМОРИ РУҲИСТ (ВИДЕО)
РВКД Душанбе рӯзи 17 апрел хабар дод, ки муаллифи видеое, ки рӯзи 16 апрел дар Интернет бо шикоят аз шиканҷа ва таъқиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳдид ба оташ задани худашу зану фарзандонаш карда буд, Мансур Фузайлович Шоназаров, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб буда, бемори руҳист. Ба гуфтаи мақомоти милиса, Шоназаров дар қайди Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ (маъруф ба бемористони Кӯктош) қарор дошта, пайваста дар ин беморхона бо ташхиси «Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ» табобат мегирифтааст.
РВКД Душанбе аз қавли наздикони Шоназаров, аз ҷумла зану фарзандонаш, афзуд, ки “ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд Шоназаров Мансур ба вуқуъ омадааст”.
Шоназаровро дар пайи нашри видеои ахираш, ки дар Интернет сару садои зиёд ба по кард, дигарбора дар беморхонаи Кӯктош, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд.
Дар видеое, ки РВКД Душанбе нашр кард, Шоназаров дар рӯи сабзае ғелида, мегӯяд, ки азбаски зиёд сагу гурбабозӣ мекард, бар асари газидани аъзои баданаш гирифтори бемории руҳӣ шудааст ва қаблан ҳатто ду моҳ дар бемористони бемориҳои руҳӣ дар шаҳраки Вензелии вилояти Тюмени Русия низ табобат гирифтааст.
Дар мавриди видеои пурсарусадои рӯзи 16 апрелаш Мансур Шоназаров дар ин видео мегӯяд: “Аз як тараф, рӯзадор будам, ҳаво гарм, асабҳо хароб. Аз тарафи дигар, милисаҳои шиносам ҳотдогпулӣ надоданд, сарам вайрон шуд ва ин корро кардам. Баъди нашр шудани видео милисаҳои шинос давида омаданд, ки ин чӣ кор буд, ки кардӣ? Медиҳем ҳамон ҳотдогпулиатро. Лекин он милисаҳо сахт тарсиданд. Гуфтанд, моро шарманда кардӣ барои 10 сомонӣ ҳотдогпулӣ. Надоданд охир!”
Рӯзи 16 апрел дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар он Мансур Шоназаров дар канори зану фарзандонаш истода, иддао мекунад, ки барои пеши роҳи мошини раиси ноҳияи Шоҳмансур Иброҳим Билолро гирифтанаш ба зидди ӯ парванда кушодаанд ва мехоҳанд вайро ба зиндон биандозанд. Шоназаров хитоб ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гуфт, аз ин шиканҷаву таъқиб безор шудааст ва агар ба ин ҳама нуқта гузошта нашавад, худашро ҳамроҳи зану фарзандонаш оташ мезанад.
Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. РВКД Душанбе худи ҳамон рӯзи 16 апрел гуфт, муаллифи видеоро муайян ва ба мақомот дастрас кардаанд ва ба ҳаёти ӯву зану фарзандонаш дигар хатаре таҳдид намекунад.
Санҷиши навор: Марди бемор ҳангоми хуруҷи бемории руҳӣ муроҷиати видеоӣ пахш намудааст!
Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати видеоии як нафар марди тахминан 40-45 сола пахш гардида, номбурда дар он аз мавриди таҳдид ба шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия шикоят намудааст.
Бо мақсади санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе сафарбар гардида, дар натиҷа муайян карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Шоназаров Мансур Фузайлович соли таваллудаш 28.01.1976, истиқоматкунандаи деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб буда, дорои бемории руҳӣ аст. Номбурда дар қайди Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ» қарор дошта, пайваста бо ташхиси «Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ» дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ бистарӣ ва табобат мегирифтааст.
Ҳолати бемории равонии шаҳрванд Шоназаровро пайвандону наздикон, аз ҷумла ҳамсару фарзандонаш низ тасдиқ намуда, иброз доштаанд, ки ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд Шоназаров Мансур ба вуқуъ омадааст.
Дар натиҷа ҷиҳати ба табобат фаро гирифтан номбурда ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ дастрас ва бистарӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе