ҶӮИ ҶУДОӢ: МУНОҚИШАИ НАВ ДАР МАРЗИ ИСФАРАВУ БОДКАНД (3 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)
Рӯзи 17 апрел дар марзи Исфараву Бодканд, яке аз доғтарин нуқтаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи нав рух дод. Ин нахустин муноқиша дар ин марз баъди боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати Ворух буда, дар марзи деҳаи Хоҷаи Аъло, охирин деҳаи воқеъ дар дохили марзи Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Ворух, ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон сурат гирифтааст.
Бино ба фарзияи хадамоти матбуоти намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, рӯзи 17 апрел кормандони идораи оби ноҳияи Бодканд дар ҷамоати Оқсой ба тармими маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуу пардохтаанд. Вале марзбонони тоҷик ба онҷо омада, талаб кардаанд, ки корҳои сохтмониро дар ин ҷо қатъ кунанд. Ҳамин тавр, ҳудуди 30 сокини деҳаи Хоҷаи Аъло низ ҷамъ шуда, кӯшиш кардаанд монеи корҳои сохтмонӣ шаванд. Дар натиҷа байни тарафҳо сӯитафоҳум ба вуҷуд омадааст.
“Дар мавриди корҳои сохтмонӣ бояд гуфт, ки қисмати асосиаш алакай ба анҷом расонда шудааст. Ҷониби Қирғизистон талаби ҳамсояҳо дар бораи муштаракан анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин нуқтаи обтақсимкуниро напазируфт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи мақомоти Бодканд.
Бино ба фарзияи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷониби Қирғизистон ба сурати якҷониба ба сохтани кӯпрук дар рӯи маркази обтақсимкунӣ дар рӯи дарёи Исфара дар мавзеи Шаршара оғоз кардааст. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин маркази обтақсимкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва ҷониби Қирғизистон бояд корҳои сохтмониро дар инҷо қатъ кунад.
Билофосила дар пайи муноқиша нирӯҳои интизомии ду ҷониб ва ҳамин тавр, роҳбарони ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфара ба ҷои ҳодиса омаданд.
Намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев низ ҳамроҳи розбарони мақомоти интизомии ин вилоят ба ҷои ҳодиса омад. Суваналиев тавассути телефон вазъи пешомадаро бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баррасӣ кардааст. Онҳо тавофуқ кардаанд, ки музокироташон пиромуни ин масъаларо рӯзи 22 апрел дар ҷараёни ҳамоиши роҳбарони минтақаҳои водии Фарғона, ки дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор мешавад, давом диҳанд. Аммо рӯзи 18 апрел раҳбарони ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфара дар ҷои ҳодиса ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаи навбатӣ идома медиҳанд.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо бармехезанд.
Бо гузашти қариб 27 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.
Яке аз нуқтаҳои доғтарини ин марз байни деҳаи Хоҷаи Аълову ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ҷойгир шудааст.
Моҳи марти соли ҷорӣ як мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки қаламрави ҷамоати Ворухро, ки аз 4 тараф дар дохили марзи Қирғизистон дармондааст, бо 12 ҳазор гектар замин аз дигар қисматҳои вилояти Бодканд иваз кунад. Вале президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 апрел аз Ворух боздид кард, гуфт, тайи 19 соли музокироти марзӣ бо Қирғизистон масъалаи иваз кардани Ворух ягон бор матраҳ нашудааст ва матраҳ нахоҳад шуд.