ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 16 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

ЗАРБУЛАҶАЛИ РУСИЯ БА КИШВАРҲОИ СНГ: ТО 15 ИЮН МУҲОҶИРОНАТОНРО БЕРУН БИКАШЕД!

МАРОСИМИ ПУРШУКУҲИ ИФТИТОҲИ УТОҚИ КОРИИ СОЗМОНИ “АВАНГАРД” ДАР НОРАК (19 АКС)

МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУ ТИФЛИ ХУРДСОЛ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ДАР РӮШОН МУАЛЛИМАИ МАКТАБРО БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШ ҶАРИМА БАСТААНД

КИШТИИ “САДРИДДИН АЙНӢ” ДАР УҚЁНУСИ ОРОМ

70  СОЛИ МУБОРАКИ ШЕРИ САҲНАИ ТОҶИК ШЕРАЛӢ АБДУЛҚАЙСОВ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой рӯзи 16 апрел дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

“Ҳамкасбон, ман мехоҳам ба шумо бо як хоҳиш муроҷиат кунам. Шумори бузурге аз шаҳрвандони шумо, ки имрӯз дар кишвари ман қарор доранд, ғайриқонунӣ дар инҷо ба сар мебаранд. Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа. Ӯ аз мақомоти кишварҳои СНГ хост, барои ҳалли ин мушкил матбуот ва блогерҳои маҳаллиро ҳам ҷалб кунанд.

Горовой ваъда дод, ки то 15 июн нисбат ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, ягон хел ҷазо истифода нахоҳад шуд.

Президенти Русия Владимир Путин аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 фармоне баровард, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармондаанд, метавонанд бидуни мушкил инҷо бимонанд. Ин фармони Путин ҳарсе моҳ тамдид карда мешавад ва бар асоси фармони охирини ӯ, замони будубоши бидуни муҷозоти муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то 15 июн тамдид карда шудааст.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон.

Талаби берун кашидани муҳоҷирони хориҷӣ аз Русия дар ҳолест, ки аз 1 апрел Русия ба парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод ва мақомоти Маскав ахиран эълон карданд, ки ба далели камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳои пойтахти Русия мехоҳанд намояндагии Маркази муҳоҷирони Сахароворо дар Тоҷикистон ҳам таъсис бидиҳанд.

ххххххх

Рӯзи 12 апрел дар шаҳри Норак маросими пуршукуҳи ифтитоҳи утоқи кории гуруҳи ҷавонони “Авангард” доир шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, утоқи кории “Авангард” дар маркази шаҳри Норак воқеъ буда, бо шароити лозимӣ” таъмин мебошад. Барои иштирок дар ин маросим як ҳайъати баландпоя аз дастгоҳи марказии ВКД бо шумули сардори РОПҲНҶ ВКД, полковники милитсия Бухоризода М.Ғ, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Қодиров Ф.М. ва чанде аз ҷавонони фаъоли гурӯҳ ба шаҳри Норак сафар кардаанд. Онҳо дар маросими ифтитоҳи утоқи кории “Авангард” ҷавононро “ояндаи миллат ва хазинаи тиллои двлат” номида, аз ҷавонони Норак хостаанд, ки “бо кору пайкори наҷибона ва оқилонаи худ сазовори боварии Пешвои миллат бошанд.”

 “Авангард” як созмони наздик ба бархе доираҳои ВКД Тоҷикистон аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст ва ба гуфтаи Фирӯз Қодиров, яке аз раҳбарони кунуниаш, то имрӯз 22 ҳазор нафар узв дорад.

Ахиран Радиои Озодӣ дар як гузориши таҳқиқотӣ навишт, бо вуҷуди чанд соли фаъолият ва доштани ҳазорон узв, “Авангард” то ҳол расман дар вазорати адлия сабти ном нашудааст.

Аъзои “Авангард”  аз ҷониби мақомот дар чорабиниҳои сиёсие, чун ташкили гирдиҳамоиҳо дар назди дафтарҳои сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе бо талаби ба Тоҷикистон супурдани роҳбарони фирории мухолифини тоҷик ва қатъи пуштибонии онҳо фаровон истифода мешаванд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, аъзои ин созмон мебошад, ки бо як лаҳни қабеҳ ба тарафдорони мухолифин ва ҳамин тавр, ба фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва журналистони мустақил ҳамла мекунанд.

хххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҷасади ду духтари хурдсоли 5 ва 4-сола аз як хонаводаи сокини деҳаи Шаббодаи ҷамоати Эсамбойи ноҳияи Рӯдакиро аз дарёи Кофарниҳон пайдо кардаанд. Ин ду кӯдак нимаи дуюми рӯзи 14 апрел тахминан соати 15 ғайб заданд ва хешовандону сокинони деҳа ҷасади яке аз онҳоро як рӯз баъд, рӯзи 15 апрел, соати 114:30, тахминан 20 километр поёнтар аз манзили зисташон дар соҳили дарёи Кофарнишон дар назди деҳаи Гулибодом пайдо карданд. Ҷасади дуюмиро соати ҳашти субҳи 16 апрел тақрибан 5 километр дуртар аз деҳаи Шаббода дар мавзеи Насими Кӯҳсор низ аз соҳили дарё ёфтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар бори дигар сокинонро ҳушдор доштааст, ки нисбат ба фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир накунанд: Ин фоҷеа моро водор мекунад ба такрор ба сокинони кишвар ҳушдор диҳем: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳалокати ду кӯдак аз як хонадон ҳодисаи такондиҳандаест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.

Бино ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 16 нафар, аз ҷумла 4 кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шудаанд. Соли 2020 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 107 нафар ғарқ шудаанд, ки 33 нафар, ё 30,8 фоизи ин қурбониён ноболиғони синнашон аз 4 то 17 будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид мекунад, ки аксари ин ноболиғон ба сабаби онҳоро беназорат гузоштани волидон ҷони худро аз даст додаанд.

ххххххх

Додгоҳи ноҳияи Рӯшон омӯзгори мактаби № -и деҳаи Барӯшон Назархотун Ғуломқодирова ва овозхони маҳаллӣ Мамадато Давлатназаровро бо ҷурми вайрон кардани талаботи Қонуни танзим ҷарима бастааст.  Омӯзгори 33-солаи мактаб, ки модари 4 фарзанд будааст, ба он гунаҳкор донистаанд, ки “бар хилофи моддаи 8-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” амал намуда, 30 январи соли 2021 бо розигии Директори муассисаи таълимии мазкур ва даъвати 45 нафар омӯзгорон дар ошхонаи МТМУ №7-и ноҳияи Рушон бо оростани зиёфат ҷашни зодрузшро қайд намудааст, ки он бархилофи қонун буда, ҷашнгирии зодрӯз амали ихтиёрӣ буда, гузаронидани он танҳо дар доираи оила мутобиқ ба қонуни мазкур сурат мегирад.”

“Зиёда аз он хуқуқвайронкунанда Ғуломқодирова Н.М ба ҷашни зодрӯзаш сароянда Давлатназаров М.Р-ро даъват намудааст, ки охирин дар ин ҷамъомад хизматрасонӣ намудааст”, – таъкид кардааст маркази матбуоти Додситонии кулл.

Маҳдуд кардани ҷашни зодрӯз аз силсилаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша бо писханд ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз маҳдуд шудани таҷлили зодрӯзи шаҳрвандон ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд. Ба ақидаи мақомот, ин маҳдудият ба мардум имкон медиҳад, ки пулашонро сарфа карда, ба ҷои исрофи беҳуда дар ҷашни зодрӯз барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон харҷ кунанд.

хххххх

Соли 1978 дар саросари Иттифоқи советӣ 100 солагии Садриддин Айнӣ бо шукуҳ таҷлил шуд. Дар доираи ин чун рамзи эҳтиром ба хизматҳои нависандаи тоҷик кӯчаву як қатор хиёбонҳо, муассисаву иншоот ба номи устод Айнӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, як теплоходи нави Флоти Уқёнуси Оромро низ “Садриддин Айнӣ” ном  гузоштанд.

Журналисти тоҷик Одил Нозир, ки ин мавзӯро пайдо ва таҳқиқ кардааст, менависад, теплоходи “Садриддин Айнӣ” солҳои тӯлонӣ дар баҳри Ҷопон (Японское море) шино кардааст ва ҳанӯз ҳам дар рӯйи мавҷҳои уқёнус аст, вале бо номи дигар. Пас аз пош хӯрдани Иттифоқи советӣ, дар Русия низ милликунонии номи иншооту муассисаҳо оғоз шуд ва теплоходи “Садриддин Айни” номи “Мария”-ро гирифт. Вале дар як паҳлӯйи он ҳанӯз ҳам навиштаҷоти “Садриддин Айнӣ” намудор аст,  навиштааст Одил Нозир дар сомонаи Пресса Тҷ.

ххххххххх

Рӯзи 15 апрел Шералӣ Абдулқайсов, яке аз ҳунарпешаҳои хушноми театру синамои тоҷик ба синни мубораки 70 расид. Назархудо Дастамбуев дар ин рӯзи ҷашнаш Шералӣ Абдулқайсовро “Шери саҳнаи тоҷик” номида, Раҷаби Мирзо навиштааст, ки Шералӣ Абдулқайсов аз ҷумлаи ҳунармандони хуби мост, ки дар ҳар нақш ӯро намебинед. Ҳамчун як бинанда ва мухлиси ҳунари эшон эҳсос мекунам, ки танҳо дар нақшҳое ба саҳна мебароянд, ки худро комилан ба он бахшида тавонанд. Самимона!

Шералӣ Абдулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба дунё омада,  соли 1968 мактаби №8 деҳаи Дерзуд ва соли 1973 шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи педагогии Душанберо хатм кардааст. Ӯ баробари хатми донишкада ба театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор пазируфта шуд ва инак 48 сол боз дар саҳнаи ҳамин театр ҳунарнамоӣ мекунад.

Шералӣ Абдулқайсом ҳамчунин аз соли 1996 дар Донишкадаи санъат дарс медиҳад ва мудирии кафедраи маҳорати актёриро ба уҳда дорад.

Шералӣ Абдулқайсов дар ҳаёти иҷтимоӣ низ хеле фаъол буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар матбуот дар мавзӯъҳои доғи рӯз ҳамеша изҳори назар мекунад. Мақолаҳояш низ дар расонаҳо зиёд чоп мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button