ВидеоСиёсатТоҷикистон

АМРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА СУДУ ПРОКУРАТУРА: БА ФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН ХОТИМА ДИҲЕД!

Рӯзи 16 апрел дар Душанбе  таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон доир шуд.

Дар ин ҷаласа 16 масъала, аз ҷумла тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва иваз намудани номи 26  воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод   баррасӣ  шуд.

Рустами Эмомалӣ дар робита ба масъалаи тибқи нақшаи генералӣ тағйир додани ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, таваҷҷуҳи раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳолатҳои зиёди бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маҳалҳои аҳолинишин табдил ёфтани заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар ин ҳудуд, инчунин дар амалияи судӣ эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкии шахсоне, ки сохтмони худсарона анҷом додаанд, ҷалб кардааст. Ӯ ҳамчунин ба масъулон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳое, ки ба татбиқи нақшаҳои генералии маҳалҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ монеъ мешаванд, дастуру супоришҳо додааст.

Бино ба гузориши хабаргузории “Спутник”,  дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, бар асоси қарорҳои ҳукумат, дар ноҳияи Данғара номи ҷамоати деҳоти Оқсу ба Сафобахш, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон ва Кангӣ ба Меҳргон иваз шуд.

Дар ноҳияи Фархор номи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, номи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба Истиқлол, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан, Хуррамзамин ба Ориён иваз гардид.

Бар асоси қарори Ҳукумат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи ҷамоати деҳоти Узун ба Золи Зар, ҷамоати Фрунзе ба Навоӣ, деҳаи Москва ба Зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, деҳаи Киров ба Даштобод, Ташробод ба Сабзадашт мубаддал шуд.

Дар ноҳияи Темурмалик маҳаллаи Совет номи Баҳманруд, ҷамоати  деҳоти Лақай Кармишев номи деҳоти Кушктеппа, ҷамоати Бобоюнус номи Чилчаҳ ва ҷамоати Қаракамиш номи Ҳусайнободро гирифт.

Ҳамчунин дар ноҳияи Тоҷикобод номи ҷамоати ба номи Мунавваршо Шогадоев ба Зарафшон, деҳаи Келинбоки деҳаи Қалъаи Лаби Об ба Сурхкуҳ, деҳаи Зарафшони ҷамоати Мунваршо Шогадоев ба Шинг ва деҳаи Анвар Қаландарови ҷамоати Лангари Шоҳ ба Анваробод иваз карда шуд.

Баргузории иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Аз сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Бо риояи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 16 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда пешниҳод карданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор дода шуда, ҷонибдорӣ гардиданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин дар бораи иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод  ҳамаҷониба баррасӣ ва қабул карда шуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба масъалаи тибқи нақшаи генералӣ тағйир додани ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, таваҷҷуҳи раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳолатҳои зиёди бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маҳалҳои аҳолинишин табдил ёфтани заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар ин ҳудуд, инчунин дар амалияи судӣ эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкии шахсоне, ки сохтмони худсарона анҷом додаанд, ҷалб карданд. Ҳамзамон доир ба пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳое, ки ба татбиқи нақшаҳои генералии маҳалҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ монеа мешаванд, ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Иззатулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.

Бо ҳамин, иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button