ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 15 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 15 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲ СОЛИҲОВ ДАР ИСТАНБУЛ

ДАРГУЗАШТИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДИЛШОД БАСИР ДАР ИСТАНБУЛИ ТУРКИЯ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҲАР ТАЛАБАИ АЪЛОХОНИ ПОЙТАХТ 300 СОМОНӢ СТИПЕНДИЯ МЕДИҲАД

ҶДММ “ТОЗАКОР” БА ТАШКИЛИ ПИРАМИДАИ МОЛИЯВӢ ВА ФИРЕБИ МАРДУМ АЙБДОР МЕШАВАД

РӮҲОНИИ ЗАБОНДОНИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ҲАЗРАТИ АБДУЛҲАЙ ИМОМ–ХАТИБИ МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ХАБАРОВСК ТАЪЙИН ШУД

МАРГИ ДОКТОР ПӮЛОТОВ, БОЗ ЯК ТАБИБИ ТОҶИК АЗ КОРОНАВИРУС ДАР РУСИЯ

МИСЛИ СЕРИАЛҲОИ ТУРКӢ:  ДАР БОХТАР ЯК МАРДРО БАРОИ “ЗИНО” ГАРАВГОН ГИРИФТААНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Расонаҳои Туркия рӯзи 14 апрел аз боздошти 11 нафар дар Истанбул дар ҷараёни як амалиёти вижаи пулис ба зидди афроди марбут ба созмони террористии ДОИШ хабар доданд.  Ин амалиёт дар 19 суроға дар 10 ноҳияи Истанбул баргузор карда шудааст.

Дар ҷараёни амалиёт, бино ба гузоришҳо, шаҳрванди Тоҷикистон Солеҳ Солиҳов низ дастгир шудааст. Солиҳов бо дархости мақомоти Тоҷикистон тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Номи ӯ дар рӯйхатти Интерпол дар байни онҳое буд, ки бо хатти сурх навишта шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳанӯз бо дархости онҳо дар Туркия боздошт шудани Солеҳ Солиҳовро шарҳ надодаанд. Аммо падари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски як фарзанди дигараш дар Сурия кушта шуд, ӯ худаш аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки писари дуюмаш Солеҳро ба Ватан баргардонанд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 2 ҳазор нафар аз зодагони ин кишвар ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафта, ба саффи созмонҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ пайвастанд. Туркия ва Истанбул як масири асосии сафари ҷангиёни хориҷии ДОИШ ва гуруҳҳои дигари террористии мустақар дар Сурияву Ироқ ба шумор меравад.

Вақтҳои охир, баъди шикасти сахти ДОИШ дар Сурияву Ироқ, ҷангиёни он боз ҳам тавассути Туркия талош доранд ба кишварҳои худ баргарданд.

хххххх

Дилшод Басир, соҳибкори тоҷик дар шаҳри Истанбули Туркия дар синни 45 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги соҳибкор дар чунин синни ҷавонӣ чизе гуфта нашудааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик, бо нашри хабари марги Дилшод Басир дар шабакаи Фейсбук марҳумро ҳамчун “як ҷавонмарди боимон, мӯъмини покдил, инсони асил, хоксору фурӯтан ва сахӣ” тавсиф карда, навиштааст, Дилшод Басир дар “тӯли умри кӯтоҳи худ (ҳамагӣ 45 сол дошт), ҳамеша талош меварзид ба мушкили инсонҳо расидагӣ кунад, ҳимматбаланду дасткушод буд. Аз дӯстону ҳамдиёрон ва пайвандон чизеро дареғ намедошт. Таърифу хушомадгӯиро намехост. Думболи шӯҳрат намегашт. Некӣ мекарду ба дарё меандохт. Аз дастовардҳои варзишгарону уламо, зиёиёну толибилмон зиёд хушнуд мешуд, ҳеч гоҳ аз пуштибонии молии онон канор намерафт…

Дилшод Басир фарзанди адиби шинохтаи тоҷик ва сардабири маҷаллаи дар замонаш машҳури “Хорпуштак” Басир Расо буд. Ӯ мудири кулли ширкати “Глобал Моторс” буд. Ин ширкат дар Душанбе таъсис ёфта, дар Туркияву Имороти Муттаҳидаи Араб ва Хитой намояндагӣ дошт.

хххххххх

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани фаъолияти боз  як пирамидаи молиявӣ хабар дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти Додситонии кулл, намояндагони ҶДММ “Тозакор” дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон амал мекард ва “ ин гуруҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ “Аффинаж” (Affinage Ltd), ки гуё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғул буда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ “Аффинаж” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.”

Дар ҳоли ҳозир, ду нафар аз ташкилкунандагони ин пирамидаи молиявӣ дастгир карда шуда, ҷустуҷӯи дастандаркорони дигараш идома доштааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ “Аффинаж” (Тозакор) зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гуруҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, хостааст, ки  ба додситонӣ муроҷиат намоянд.   

Зимнан Кумитаи андози Тоҷикистон ҶДММ “Тозакор”-ро  ҳанӯз  17 октябри соли 2019 ба рӯйхатти сиёҳи андозсупорандагони бемасъулият ворид карда буд.

ххххххх

Бори аввал як зодаи Тоҷикистон дар Русия ба мақоми имом-хатиби масҷиди марказии як минтақаи бузург таъйин шуд. Рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон, муфтии аъзами муфтиёти мусалмонони минтақаҳои осиёии Русия (ДУМАЧР) ҳазрати Нафиқулло Аширов бо пешниҳоди муфтии минтақаи Шарқи Дур ҳазрати Рамазон Алиев зодаи Тоҷикистон ҳазрати Абдулҳай Имонқуловро имом-хатиби масҷиди марказии кишвари Хабаровск таъйин кард.

Ҳазрати Абдулҳай Имонқулов, миллаташ лақай, соли 1982 дар Тоҷикистон ба дунё омада, ҳоло шаҳрванди Русия мебошад. Абдулҳай исми дуюми ин рӯҳонӣ буда, номи расмиаш дар шиноснома Имонқулов Ҷумъаназар Худойназарович аст. Ӯ зану 6 фарзанд дорад ва бино ба иттилои маркази матбуоти ДУМАЧР, ба дастикам 10 забон: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ тоторӣ, туркӣ, озарӣ, хитоӣ ва англисӣ балад мебошад.

хххххххх

Рӯзи 11 апрел дар ноҳияи Уст-Тсилмаи ҷумҳурии Комии Русия табиби анестезиологи бемористони марказии ин ноҳия Пӯлотов Ғайбуллоҷон Собирҷонович аз олам чашм пӯшид. Агар умр вафояш мекард, 1 июни соли 2021 доктор Пӯлотов ба синни 60 мерасид. Писари ӯ гуфтааст, ки падараш аз бемории шуш фавтид, вале зоҳиран вазъи саломатии ӯро коронавирус бадтар кардааст. Ҳоло хешовандон талош доранд, то турбати доктор Пӯлотовро ба Тоҷикистон бурда, дар зодгоҳаш  Исфара ба хок супоранд. Вале агар ин муяссар нашавад, пас ӯро дар Нижневартовск ба хок месупоранд.

Ғайбуллоҷон Пӯлотов соли 1961 дар Исфара ба дунё омада, соли 1984 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва сипас дар бемористони №3 шаҳри Душанбе интернатураро бо ихтисоси “«Анестезиология и реаниматология» хатм кардааст. Ӯ беш аз 20 сол дар бемористони Исфара ҳамчун анестезиолог-реаниматолог кор карда, соли 2007 ба Русия кӯч баст. Доктор Пӯлотов се соли аввал дар Пенза кор кард ва сипас, моҳи феврали соли 2010 ба бемористони марказии в Уст-Тсилма ба кор гузашт. Ӯ дар ин ҷо 11 сол ҳамроҳи табибони дигар аз Тоҷикистон: ҷарроҳ Бахтиёр Шарипов, терапевт Акбар Қараев ва табиби умумӣ Ҷонибидин Норов ба мардум хидмат мекард.

Русия дар солҳои охир  бо ироаи имтиёзҳои фаровон тавассути барномаи «Переселение соотечественников» барои ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ барои кору зиндагии доимӣ дар Русия талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Тавассути ин барнома садҳо ҳазор аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла чанд ҳазор табиб, ба Русия кӯчиданд.

хххххххх

4 сокини шаҳри Бохтар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ маҳкум кардан аз озодӣ дастгир шудаанд. Бино ба фарзияи ВКД, сокини 45-солаи шаҳри Бохтар ҳамсари 37-солаи бародарашро ба доштани муносибати маҳрамона бо як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён гумонбар шуда,  тибқи маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи се шарикаш – мардони 32, 27 ва ҷавони 25-солаи низ сокинони шаҳри Бохтар – рӯзи 21 март, соати 15:30, мошини ин мардро дар деҳаи Ғайрати ҷамоати Заргар манъ карда, ӯро аз мошин берун баровардаанд.

Сипас, бархилофи ирода ва хоҳишаш ӯро ба автомашинаи тамғаи “Тoйота-Камри” савор карда, ба ҳуҷраи манзили истиқоматии хоҳараш, воқеъ дар шаҳри Бохтар бурда, дар онҷо нисбаташ зӯроварӣ нишон дода, дасту пойҳояшро баста, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, зиёда аз 3-соат ӯро ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти ВКД.

Нисбати ба гумонбаршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 131-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон бо иттиҳоми ғайриқонунӣ озод кардан аз озодӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бар асоси ин банди қонун ба ин 4 сокини Бохтар ҳамчун муҷозот аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи дастгиршудаҳо ба иттиҳоми ба зиддашон эълоншуда дастрас нест.

Вақтҳои охир дар Интернет видеоҳои зиёди муҷозоти худсаронаи занону мардон барои алоқаҳои маҳрамонаи ғайришаръӣ нашр мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button