ВидеоИқтисодКоррупсия

ҶДММ “ТОЗАКОР” БА ТАШКИЛИ ПИРАМИДАИ МОЛИЯВӢ ВА ФИРЕБИ МАРДУМ АЙБДОР МЕШАВАД

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани фаъолияти боз  як пирамидаи молиявӣ хабар дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти Додситонии кулл, намояндагони ҶДММ “Тозакор” дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон амал мекард ва “ ин гуруҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ “Аффинаж” (Affinage Ltd), ки гуё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғул буда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ “Аффинаж” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.”

Дар ҳоли ҳозир, ду нафар аз ташкилкунандагони ин пирамидаи молиявӣ дастгир карда шуда, ҷустуҷӯи дастандаркорони дигараш идома доштааст.

Зимнан Кумитаи андози Тоҷикистон ҶДММ “Тозакор”-ро  ҳанӯз 2 сол пеш ба сарпечӣ аз пардохти андозҳо айбдор карда, 17 октябри соли 2019 ба рӯйхатти сиёҳи андозсупорандагони бемасъулият ворид карда буд (ДАР АКСИ ПОЁН).

Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ “Аффинаж” (Тозакор) зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гуруҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, хостааст, ки  ба додситонӣ муроҷиат намоянд.

   

ПИРАМИДАИ МОЛИЯВӢ

  Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати аз ҷониби намояндагони ҶДММ “Тозакор” дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон содир кардани ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуда, нисбати якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

  Тафтишот муайян кард, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ “Аффинаж” (Ltd”Affinage”), ки гуё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғул буда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ “Аффинаж” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.

  Айни ҳол, 2 нафар аз аъзои ин гуруҳи ҷиноятӣ дастгир карда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идомадорад.

  Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ “Аффинаж” (Тозакор) зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гуруҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button