ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ДАРГУЗАШТИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДИЛШОД БАСИР ДАР ИСТАНБУЛИ ТУРКИЯ

Дилшод Басир, соҳибкори тоҷик дар шаҳри Истанбули Туркия дар синни 45 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги соҳибкор дар чунин синни ҷавонӣ чизе гуфта нашудааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик, бо нашри хабари марги Дилшод Басир дар шабакаи Фейсбук марҳумро ҳамчун “як ҷавонмарди боимон, мӯъмини покдил, инсони асил, хоксору фурӯтан ва сахӣ” тавсиф карда, навиштааст, Дилшод Басир дар “тӯли умри кӯтоҳи худ (ҳамагӣ 45 сол дошт), ҳамеша талош меварзид ба мушкили инсонҳо расидагӣ кунад, ҳимматбаланду дасткушод буд. Аз дӯстону ҳамдиёрон ва пайвандон чизеро дареғ намедошт. Таърифу хушомадгӯиро намехост. Думболи шӯҳрат намегашт. Некӣ мекарду ба дарё меандохт. Аз дастовардҳои варзишгарону уламо, зиёиёну толибилмон зиёд хушнуд мешуд, ҳеч гоҳ аз пуштибонии молии онон канор намерафт…”

Дилшод Басир фарзанди адиби шинохтаи тоҷик ва сардабири маҷаллаи дар замонаш машҳури “Хорпуштак” Басир Расо буд. Ӯ мудири кулли ширкати “Глобал Моторс” буд. Ин ширкат дар Душанбе таъсис ёфта, дар Туркияву Имороти Муттаҳидаи Араб ва Хитой намояндагиҳои худро дошт. “Глобал Моторс”, тавре дар муаррифиномааш дар сомонаи расмии ин ширкат гуфта мешавад,  асосан ба воридоти мошинҳои боркаш, техникаи сохтмонӣ, равғани мошин ва дигар қисмҳои эҳтиётии чунин мошинҳо машғул мебошад.

Хилватшоҳ Маҳмуд

 

Ҷавонмарганд мардони ҳунарманд…

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиун!

Бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст!

Субҳи имрӯз, дар кишвари ғурбат, дар шаҳри Истамбули Туркия қалби боз як ҳамдиёрамон, ҷавонмарди боимон, мӯъмини покдил, инсони асил, хоксору фурӯтан ва сахӣ- Дилшод Басир аз таппидан бозмонд.

Тӯли умри кӯтоҳи худ (ҳамагӣ 45 сол дошт), ҳамеша талош меварзид ба мушкили инсонҳо расидагӣ кунад, ҳимматбаланду дасткушод буд. Аз дӯстону ҳамдиёрон ва пайвандон чизеро дареғ намедошт. Таърифу хушомадгӯиро намехост. Думболи шӯҳрат намегашт. Некӣ мекарду ба дарё меандохт. Аз дастовардҳои варзишгарону уламо, зиёиёну толибилмон зиёд хушнуд мешуд, ҳеч гоҳ аз пуштибонии молии онон канор намерафт…

Ҷоят ҷаннат, равонат шод ва охиратат обод бод, бародари накӯном!

Ному кори некат ҳамеша дар қалбҳо боқӣ мемонад!

Дилшод Басир аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Дар яке аз охирин матлабҳояш дар Фейсбук дар арафаи Иди модар ӯ навиштааст, ки “Ҷаннат дар зери пои модарон аст!!! Бигзор ҳар рӯз рӯзи модарон бошад ва ҳар рӯзашон хайру муборак бошад!!!”

Дар матлаби дигаре, ки 15 март, ҳамагӣ як моҳ қабл аз маргаш дар Фейсбук гузоштааст, Дилшод Басир ин шиорро иқтибос кардаст ки: “Не забывайте регулярно чистать мозг хорошими книгами!” (“Доиман бо мутолиаи китоби хубе тоза кардани мағзи худро фаромӯш накунед!”)

https://www.facebook.com/photo?fbid=287752898008907&set=a.105813946202804

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button