ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

АНДАЛЕБИ ГУЛШАНИ БОҒИ МАОНӢ РАФТ, ҲАЙФ! ВОКУНИШҲО БА МАРГИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ

Рустам Ваҳҳобзода:

Домулло Ҳикматуллоҳ ҳам аз назари эътиқодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сулук ва сиришт шахсияти эътидолгаро буданд. Ҳаргиз аз тарафи эшон коре мушоҳида нашудааст, ки дар пай низоъ ва хусумат дошта бошад ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳаргиз ба фуругузор кардани қоидаҳо ва меъёрҳои шариат ризоят намедоданд. Ба ин восита ба сурати табиӣ омили суботи эътиқодӣ, миллӣ ва дар баъзе мавридҳо ҳатто сиёсӣ (бавосита) гардидаанд. Нисбат ба миллат, мамлакат, кишвар, давлат ҳамеша хайрхоҳу хайрталаб будаанд.

Абдуллоҳи Раҳнамо:

Бо рафтани ин руҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат.

Исмоил Зарифӣ:

Андалеби гулшани боғи маонӣ рафт, ҳайф!

Шоҳбози олами хулдошёнӣ рафт, ҳайф!

Нури рӯяш оламеро партавафшон карда буд,

Офтобе бо ҳама партавфишонӣ рафт, ҳайф!

Абдуллоҳи Раҳнамо

Эшон (Мавлавӣ Домулло Ҳикматуллоҳ) яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар буданд, ва шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ. Бо рафтани ин руҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт.

Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат.

Дареғ.

Ҷояшон ҷаннат ва ёдашон гиромӣ бод.

Исмоил Зарифӣ 

АНДАЛЕБИ ГУЛШАНИ БОҒИ МАОНӢ

Дар расои Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Андалеби гулшани боғи маонӣ рафт, ҳайф!

Шоҳбози олами хулдошёнӣ рафт, ҳайф!

Дар чунин моҳи муборак, дар чунин моҳи шариф,

Обиде бо он ҳама нозукбаёнӣ рафт, ҳайф!

Нури рӯяш оламеро партавафшон карда буд,

Офтобе бо ҳама партавфишонӣ рафт, ҳайф!

Аз забонаш гоҳи суҳбат шаҳду шакар мечакид,

Ин шакаргуфтор бо он тарзабонӣ рафт, ҳайф!

Аз муридони дараш бӯи садоқат мерасид,

Аз сарои ҳастии мо ёри ҷонӣ, рафт, ҳайф!

Буд фарди некному олими парҳезгор,

Бо ҳама парҳезу хулқи осмонӣ рафт, ҳайф!

Нақшбандони дарашро нақш дар дилҳо шикаст,

Дурри шаҳвори дилу Шиблии сонӣ рафт, ҳайф!

Гиря созад дар фироқаш ҳам замин, ҳам осмон,

Аз замину осмон нури аёне рафт, ҳайф!

Ашк мерезад ҳама хурду калон дар ёди ӯ,

Дурҷи гавҳар ногаҳон аз даҳри фонӣ рафт, ҳайф!

«Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст»,

Гарчи ӯ акнун ба роҳи бехазонӣ рафт, ҳайф…

Нуриддини Садриддин

ОҲ МЕПЕЧАД БА ҲАР ЛАБ

Ганҷи дину оин аз мулки кӯҳистон рафт, ҳайф,

Не зи кӯҳистон ,дареғ аз Тоҷикистон рафт, ҳайф.

Раҳнамо буд дар раҳи мазҳаб ҳама дармондаро,

Вориси Эмоми Аъзам буд ба даврон, рафт, ҳайф.

Не дар ӯ осори кибру не ба ҳастияш ғурур.

Инсони хокие ,сар то ба кайҳон рафт, ҳайф.

Монда аз худ дар самои ёди мардум рӯшанӣ,

Ахтари тобандае тобиду тобон рафт ,ҳайф.

Ҳар касе дар дини беолоишаш пайрав ба ӯ,

Оҳи талхе монда ӯ бар ҳар мусалмон, рафт ,ҳайф.

Холӣ монда ҷои ӯ имрӯз надорад ҳамизон,

Ӯ ба мо як неъмате буд ,доди Яздон ,рафт. ҳайф

Ҳар баҳоре дар канор дорад сарви якае,

Ӯ баҳори хоса буд ,аз ин гулистон рафт, ҳайф.

Нуридин ҳар дидани ӯ таскини дили ту буд,

Ғофил аз оне ,ки ӯ ҳам буд меҳмон ,рафт, ҳайф.

.Nazar Mirzoda

ДАР СУГВОРИИ ПИРИ МАЗХАБ

ОМАД РАМАЗОН СУЙИ ХУДО ХАМДУ САНО РАФТ,

АЗ РУЙИ ЗАМИН САВТИ ЪАЗОН ТО БА САМО РАФТ…

ПИРЕ КИ САРОПО ҲАМА УМР ВАСВИ ХУДО ДОШТ,

ДАР МОҲӢ ШАРИФ ШОД БА ДАРГОҲИ ХУДО РАФТ….

Афшин Муқим

Даргузашти рӯҳонии машҳур ва фақеҳи маҳбуб Домулло Ҳиматуллоҳи Тоҷикободӣ барои фазои мазҳабии мо талафоти хеле азим ва ҷуброннашаванда аст. Равони Ҳазрати Домулло шод бод!

Рустам Ваххоб

ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ҚАРОТЕГИНӢ

шомили раҳмати Парвардгор бод

Шаби 13 ба 14-уми апрели соли 2021 ба раҳмати Ҳақ пайвастанд. Дар бораи ин шахсияти бузургвори маънавию рӯҳонӣ ва илмӣ бисёр навиштаанд, аммо воқеият ва ҳақиқат ин аст, ки агарчи ин навиштаҳову гуфтаҳо ҳамеша бо дониш, эҳтироми комил ва сидқу самимият ҳамроҳ будаанд, ҳароина ба тамомӣ посухгӯйи рози эҳтироми хоссу фарогир, эътибори фавқулода баланд ва муҳаббати саросарии мардум ба шахси эшон набудааст. Яъне шинохт ва муаррифии воқеӣ ва комили ин шахсияти бузургвор кори ояндагон мебошад. На барои шахси эшон, ки худ аз он ба зиндагӣ пайваста изҳори бениёзӣ мекарданд. Мегуфтанд: “шуҳрат накунед”.

Ин ҷо боз ҳам шояд розест, ки танҳо миёни инсону Худованд метавонад бошаду бас. Аммо он чи ҳамагӣ то ҷойе иттилоъ дорем ва мушоҳида кардаем, низ худ барои пай бурдан бар сабаби эътимод ва эҳтиром бар ин шахсияти ҷомеъу комил ҳама далел аст.

1. Илм, дониш. Ба дониши амиқу васеъи эшон ҳамагӣ иқрор доштаанд. Ҳатто касоне ҳам, ки ба нудрат ба ҷиҳате бо назари Домулло мувофиқат надошта бошанд.

2. Сидқ. Ҳама муътақид буданд ва онҳое ҳам, ки замоне дар мавридҳое шак доштаанд, дар тӯли замон ва ҳодисаҳову воқеаҳои зиёди моҳияткушой ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳаргиз назар ва мавқеъи Домулло ҳамроҳ бо ғарази маҳдуде набуда, бо сидқу илму имон ҳамроҳ аст ва маслиҳати кор ҳам аз ҳар назар дар ҳамон мавзеъе ҳаст, ки эшон тасдиқ кардаанд.

3. Сабр ва субот. Хусусан, субот ва истодагӣ дар ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои асили мазҳабӣ ва миллӣ.

4. Мардумдорӣ ва мардумгароӣ. Ҳамеша дар миёни мардум ва дар ҳаллу фасли мушкили мардум будан. Мушоҳида мешуд ки Домулло Ҳикматуллоҳ аз субҳи барвақти баъди намоз то намози хуфтан мардуми муроҷиаткунандаро, дар робита ба ҳар масъалае дар ҳудуди салоҳияту масъулияти худ, бо хушуъу хузуъ, бо тавозӯъу хушмуоширатӣ ва шафқат ба ҳузур пазируфта дар ҳоле онҳоро аз ҳузури худ мураххас мекарданд, ки барои муроҷиаткунанда ҳеч банду гиреҳе дар дилу хотир боқӣ намемонд. Ҳатто бемориҳои равоние аз ҳар мавзеъ буданд, ки ҳузури Домуллоро барои худ пайваста дармонбахш дармеёфтанд. Домулло ба хотири ҳалли мушкили мардум аз илми тибб ҳам бохабар шуда дар ин замина дар ҳудуди тавсияҳо фармоишоте ҳам мекарданд. Даъвати мардумро ҳам барои ширкат дар ҳар навъ маросиме аз эшон бо камоли хушуъ ва фурутанӣ мепазируфтанд, бидуни камтарин таваҷҷӯҳ ба мақому мартабаи даъваткунанда.

5. Аз тозатарин масъалаҳо, баҳсҳо, таълифот, андешаҳо, ҷараёнҳо, ихтироъот пайваста бохабар буданд ва ин ҳам боз ба хотири такмил ё ҳифзи ҳамон арзишҳо ва суннатҳое, ки чун кӯҳ дар посашон истода будан, то мабодо аз гӯшае бар онҳо халале ворид шавад ва , баръакс, агар унсури мусбате ҳаст, аз он истифодаи хайре сурат бигирад. Банда боре дар яке аз таълифоташон иқтибоси бисёр мавридшиносонаеро аз шоири орифу мутафаккир Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мушоҳида карда, ростӣ то ҷойе ҳайрон шуда будам. Зеро огоҳӣ ва беш аз он дар ҳалли масоили шаръӣ истифода аз сухани адабиро барои маҳфилҳои мазҳабии он рӯзгор як кори ғайримаъмул медонистам. Боз ҳам масъала ва маврид ҳифзи суннатҳои муаккада буд, ки дар баёни мутафаккире бо афкори навгароёна баён шудааст:

Иҷтиҳод андар замони инҳитот

Қавмро барҳам ҳамепечад бисот.

3-иҷтиҳоди олимони камназар

Иқтидо бар рафтагон маҳфузтар.

Ақли обоят ҳавасфарсуда нест,

Кори покон аз ғараз олуда нест.

Фикрашон ресад ҳаме бориктар.

Варъашон бо Мустафо наздиктар.

Яъне дар замони рукуди андешаҳои динӣ ва аз сӯйи дигар нуфӯзи таълимоти бегона, пайравии ҳарчи бештар ба суннати пешвоён ва донишмандони солеҳ ду чанд баробар муҳимтар мегардад.

6. Домулло Ҳикматуллоҳ аз нодиртарин донишмандони исломии садаи 20 ва 21 буданд, ки дар баробари мутолиа ва тадриси китоб ҳамчунин даст ба таълифи китоб доштанд. Дар ҳоле, ки дар ин давраҳои охир дар ҳавзаҳои динию мазҳабӣ омӯзиш тақрибан маҳдуд ба мутолиа, қироат ва тиловат гардид. Таълиф қариб, ки аз ҳавзаҳои илмӣ рахт барбаст, ки ин амр ногузир ба қатъ гардидани ҷараёни фикрӣ ва тафаккуру андеша кардан мегардад.

Сабки таълифи Домулло сареҳ, салис, равон, равшан ва дар айни ҳол ба қавоиди таҳрир, сарфу наҳви забони классик ва зиндаи тоҷик комилан мутобиқ мебошад. Ин сабк ҳам дар осори илмии эшон ва ҳам адабӣ ба назар мерасад. То ҷое сабки нигориши фасеҳи бомдоди сабки хуросониро ба ёд меорад, аммо дар айни ҳол як матни имрӯзӣ буданаш маълум мегардад.

7. Домулло Ҳикматуллоҳ як силсила китобҳои дарсӣ, мабоҳис, илмӣ, илмию таърихӣ ва шарҳи масоилу шарҳи аҳвол ва дастуру раҳнамоӣ ва адабиро таълиф намудаанд, ки тавре пештар зикр шуд, ин китобҳо ҳанӯз дар марҳалаи назари матншиносӣ бар онҳо дорои аҳаммияти хос мебошанд, гузашта аз он мавзӯъ ва масоиле, ки дар онҳо матраҳ мешавад ҳам аз ҷиҳати эътиқодӣ ва назокатҳои масоили шаръӣ ва ҳам ба далелҳои дигар қобили на танҳо мутолиаи ҷиддӣ, балки пажӯҳишу баррасӣ мебошанд. Кӯшишҳои Домулло дар солҳои охир ба хусус барои сабту забт кардани саргузашту зикри аҳволу осори шаҷараи орифони бузурги ин сарзамин қобили тақдир аст ва пайравӣ ба ин кор зарур мебошад.

8. Домулло Ҳикматуллоҳ ба зарурати ташхиси маконӣ, ки аз қадим расм аст, нисбати худро “Қаротегинӣ” менавиштанд, аммо зинҳор ба зинҳор камтарин нишонаи маҳдудият ба маҳаллу макону қавму дигар чизҳоро ва гузашта аз ин эҳтимоли таассубро дар ин замина ба худ раво ва шоиста намедонистанд. Тимсоли воқеӣ ва амалии ваҳдати миллӣ ва бародарии исломӣ буданд. Дар муошират низ ба эътиқоду ақоиди зоирон ва муроҷиаткунандагон коре надоштанд ва гузашта аз он аз ин масоил касеро пурсуҷӯ намекарданд. Танҳо ғанимат медонистанд, ки ҳарфи худро бигӯянд, то рисолати худро ба ҷо оварда бошанд. Аз ҳар навъ таассуб ва такаббуре, ки домангири олимон мешавад низ орӣ буданд. Барои посух ба баъзе масоил муроҷиаткунандагонро баъзан ба донишмандони дигар ҳавола мекарданд, то он масъаларо аз ӯ фаро бигиранд.

9. Домулло Ҳикматуллоҳ ҳам аз назари эътиқодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сулук ва сиришт шахсияти эътидолгаро буданд. Ҳаргиз аз тарафи эшон коре мушоҳида нашудааст, ки дар пай низоъ ва хусумат дошта бошад ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳаргиз ба фуругузор кардани қоидаҳо ва меъёрҳои шариат ризоят намедоданд. Ба ин восита ба сурати табиӣ омили суботи эътиқодӣ, миллӣ ва дар баъзе мавридҳо ҳатто сиёсӣ (бавосита) гардидаанд. Нисбат ба миллат, мамлакат, кишвар, давлат ҳамеша хайрхоҳу хайрталаб будаанд. Орзу доштанд, ки ҳеч як ҷавони тоҷик барои фаро гирифтани дониш бахусус донишҳои динӣ ниёзманд ба кишварҳои хориҷӣ нагардад ва аз ин ҷиҳат давлатамон комилан худкифо бошад. Худ барои саҳм гирифтан дар ин амри хайр ба ҳадди тавон мактабдорӣ мекарданд ва ин мактабдорӣ шояд битавон гуфт омили муҳимми таҳкими арзишҳои мазҳабии суннатӣ гардид, истиқлоли андешаи эътиқодии миллии моро рушд дод.

Умед аст, ки фарзандони рашид ва парвардагони мактаби ҳазрати Домулло дар ҳама бахшҳо ва риштаҳо корҳои пурхайру баракати эшонро идома бидиҳанд.

Аз Худованд мехоҳем, ки ба ризои дили мухлисони ин Пири тариқат ва ҳақиқат эшонро дар охират шомили раҳматҳои бекаронаи худ созад. Омин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ин куи маломатасту майдони халок. Ин рохи мугомирони бозандаи пок. Марде бояд каладари доман чок. То баргузарад ъаеорвору чолок.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button