ВидеоКоронавирусМуҳоҷирон

МАРГИ ДОКТОР ПӮЛОТОВ, БОЗ ЯК ТАБИБИ ТОҶИК АЗ КОРОНАВИРУС ДАР РУСИЯ

Рӯзи 11 апрел дар ноҳияи Уст-Тсилмаи ҷумҳурии Комии Русия табиби анестезиологи бемористони марказии ин ноҳия Пӯлотов Ғайбуллоҷон Собирҷонович аз олам чашм пӯшид. Агар умр вафояш мекард, 1 июни соли 2021 доктор Пӯлотов ба синни 60 мерасид. Писари ӯ гуфтааст, ки падараш аз бемории шуш фавтид, вале зоҳиран вазъи саломатии ӯро коронавирус бадтар кардааст. Ҳоло хешовандон талош доранд, то турбати доктор Пӯлотовро ба Тоҷикистон бурда, дар зодгоҳаш  Исфара ба хок супоранд. Вале агар ин муяссар нашавад, пас ӯро дар Нижневартовск ба хок месупоранд.

Ғайбуллоҷон Пӯлотов соли 1961 дар Исфара ба дунё омада, соли 1984 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва сипас дар бемористони №3 шаҳри Душанбе интернатураро бо ихтисоси “«Анестезиология и реаниматология» хатм кардааст. Ӯ беш аз 20 сол дар бемористони Исфара ҳамчун анестезиолог-реаниматолог кор карда, соли 2007 ба Русия кӯч баст. Доктор Пӯлотов се соли аввал дар Пенза кор кард ва сипас, моҳи феврали соли 2010 ба бемористони марказии в Уст-Тсилма ба кор гузашт. Ӯ дар ин ҷо 11 сол ҳамроҳи табибони дигар аз Тоҷикистон: ҷарроҳ Бахтиёр Шарипов, терапевт Акбар Қараев ва табиби умумӣ Ҷонибидин Норов ба мардум хидмат мекард.

Сартабиби бемористони марказии Уст-Тсилма Татяна Куликова мегӯяд, мардум аз кори табибони тоҷик хеле хушу розӣ буданд: ”Мардум дар мавриди онҳо ҳамеша назари нек доштанд ва доранд. Ғайбулло Слобирович, мисли дигар ҳамкасбонаш аз Тоҷикистон, табиби хеле масъулиятшинос ва поквиҷдон буд. Нисбат ба беморон хеле ботаваҷҷуз буд ва нисбат ба кӯҳансолон бо эҳтироми зиёд муносибат мекард.”

Русия дар солҳои охир  бо ироаи имтиёзҳои фаровон тавассути барномаи «Переселение соотечественников» барои ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ барои кору зиндагии доимӣ дар Русия талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Тавассути ин барнома садҳо ҳазор аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла чанд ҳазор табиб, ба Русия кӯчиданд. Вале дар ҳоле ки сокинон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” ба Русия мекӯчанд, соҳибназарон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон ва фирори мағзҳо – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

С умершим врачом Усть-Цилемской ЦРБ простятся в Нижневартовске

ИА БНК

В Усть-Цилемском районе скоропостижно скончался врач из Таджикистана, трудившийся в Коми 11 лет.

В Усть-Цилемском районе 11 апреля скончался врач из Таджикистана Гайбулло Пулатов. Его сын планирует организовать похороны в Нижневартовске, где сейчас работает.

Гайбулло Пулатов получил высшее медицинское образование в 1984 году. После прошел интернатуру по специальности «Анестезиология и реаниматология» в республиканской клинической больнице № 3 в Душанбе. На работу анестезиолог-реаниматолог устроился в Исфаринскую ЦРБ. В 2007 году переехал в Россию. Три года поработал в Пензе.

В феврале 2010 года он прибыл в Усть-Цильму. Здесь он работал вместе с другими врачами из Таджикистана: хирургом Бахтиёром Шариповым, терапевтом Акбаром Караевым и врачом общей практики Джонибидином Норовым.

― Люди о них отзывались и отзываются очень хорошо. Гайбулло Сабирович, как и его коллеги из Таджикистана, был ответственным и добросовестным. Был внимателен ко всем пациентам и очень уважительно относился к пожилым, ― рассказала главный врач Усть-Цилемской ЦРБ Татьяна Куликова.

За свой профессионализм и добросовестный труд Гайбулло Пулатов был отмечен благодарностью и почетной грамотой Усть-Цилемской ЦРБ.

По данным БНК, исходя из специфики должности, он до последнего добросовестно исполнял должностные обязанности, поскольку был обязан присутствовать на каждой операции для введения анестезии и необходимых реанимационных мероприятий.

Сын скончавшегося врача сообщил, что у отца было обширное поражение легких. Точная причина смерти пока выясняется, но не исключено, что усугубить состояние мог COVID-19. Гайбулло Пулатову 1 июня исполнилось бы 60 лет. Родственники сейчас заняты организацией похорон: если не удастся решить вопрос с транспортировкой тела до Таджикистана, с врачом можно будет попрощаться в Нижневартовске.

Россия в последнее годы тратит много усилий, чтобы привлечь к себе ценных специалистов, особенно врачей, инженеров и учителей, предоставляя им различные льготы через программу «Переселение соотечественников». По этой программе в Россию переселились сотни тысяч уроженцев Таджикистана, в том числе тысячи врачей. Но пока жители Таджикистана покидают Родину в поисках «лучшей жизни», эксперты бьют тревогу об оттоке мозгов. По их мнению, зарубежные страны, особенно Россия, отбирают самых лучших и образованных людей: ученых, медиков, инженеров и обладателей других востребованных профессий. А в самой республике на их место приходят дилетанты без достаточного образования и профессиональных навыков.https://vk.com/gbuzrkussrb?w=wall-122983619_1308

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button