ВидеоДин ва боварҳоИқтисод

ТАҚВИМИ МОҲИ РАМАЗОН ВА ШАРОИТИ РӮЗАДОРӢ

Рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфт. Моҳи Рамазон, бар асоси ҳисобҳо, имсол 30 рӯз давом мекунад ва иди Фитр ба ин тартиб, ғолибан рӯзи 13 май таҷлил хоҳад шуд.

Бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт), дар тӯли моҳи Рамазон дар намозҳои таровеҳ вобаста ба имконот бояд хатми Қуръони Карим дар ҳудуди 1 пора гузаронда шавад.

Шӯрои уламо ҳамин тавр, садақаи фитрро тибқи меъёри шаръӣ бо ҳисоби нархи гандум 6 сомонӣ ба сари ҳар нафар ва нисоби закотро мувофиқи ҳисоби шаръӣ 25 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст. Мусалмонони воҷибулзакот аз 25 ҳазор сомонӣ дороияшон бояд 625 сомонӣ закот бидиҳанд.

Ҳамин тавр, бо қарори Шӯрои уламо, фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умед нест, ба маблағи 360 сомонӣ барои 30 рӯзи моҳи Рамазон муқаррар карда шудааст.

Мутаассифона, чун дар солҳои қаблӣ Рамазони имсола низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо мавҷи нави болоравии нархҳо омад.

Аз ҷумла нархи як кило гӯшт дар бозорҳо то ба 65 сомонӣ ва як қуттӣ (30 дона) тухм то 35 сомонӣ расида, нархи бодиринг то 15 сомонӣ ва помидор то 20 сомонӣ боло рафтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми шодбошиаш ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ба ин масъала пардохт ва тоҷиронро аз оқибатҳои боло бурдани нархҳо дар ин моҳи шариф ҳушдор дод:

 Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад.

Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».”

https://www.facebook.com/photo/?fbid=2887340404846528&set=a.1616592521921329

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button