ВидеоТоҷикистонҲодиса

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 13 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 13 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Дар ин барнома:

ДУЗДИИ БЕШ АЗ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ МУЗДИ КОРГАРОНИ НИРӮГОҲИ НОРАК

6 ҚУРБОНӢ… ТАФСИЛОТИ САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – КӮЛОБ

ҶАСАДИ ДУХТАРИ 16-СОЛАРО АЗ КӮҲИ ЗАРТЕҒ ЁФТАНД. ХУДКУШӢ Ё КУШТОР?

ТАҚВИМИ МОҲИ РАМАЗОН ВА ШАРОИТИ РӮЗАДОРӢ

НАРХИ ПИЁЗУ САБЗӢ: САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ БОЗОР КИСТ? САВДОГАРОН? Ё..?

9 ЁДГОРИИ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи санҷиши фаъолити молиявиву иқтисодии нирӯгоҳи Норак тасарруфи  2 миллиону 383,1 ҳазор сомонӣ музди меҳнати коргарони ин нирӯгоҳ аз ҷониби шахсони масъул ошкор гардида, дар рафти санҷиш  1 миллиону 818,5 ҳазор сомонӣ аз ин ҳаҷми зарари ошкоршударо тавонистаанд барқарор кунанд.

Агентӣ гуфт,  шахсони масъули моддии нирӯгоҳи Норак ин беш аз 2 миллион сомонӣ музди кори коргарони нирӯгоҳро ба воситаи 38 корти пластикӣ аз худ кардаанд.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба ду мақоми масъули нирӯгоҳи Норак Шишпаренко Олга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи пул  ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Ба Шишпаренко ва Раҳматуллоев бар асоси ин ду банди Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун муҷозот барои сохтакории хидматӣ ҷарима ваё то 2 сол маҳрумият аз озодӣ ва барои тасарруфи молу мулки ғайр аз ҷарима то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунё ба шумор рафта, дар гузориши солонаи созмони Транспаренси Интенешнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод имсол дар мақоми 149 ҷой гирифта буд.

xxxxxx

ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи маргбори шаби якшанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Суғдиён (собиқ Лақайбегӣ) дар канори шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин номи 6 қурбонии ин садамаро нашр кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, шаби 11 апрел, тахминан соати 20:50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Ҷамшедҷон Асоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда, Шарифов Сайдалӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Худойбердиев Ҷ.А. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Зикруллоева Савриниссо, соли таваллудаш 1976, Зикруллоева Зуҳро Азизовна, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Кӯлоб, Раҳимов Иброҳим Алихонович, соли таваллудаш 1964, Абдиев Ҳабибулло Бозоралиевич, соли таваллудаш 1978, сокинони ҷамоати деҳоти Балховии ноҳияи Муъминобод ва мусофири дигар, марди тахминан 35-40-сола, шахсияташ номаълум, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки мошини “Опел” дар Суғдиён ба як “Дулан” бархӯрдааст.

Танҳо дар се рӯзи охир – аз 10 то 12 апрел – бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххх

Рӯзи 12 апрел ҷасади як духтари 16-солаи сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро аз баландии 1500 метр аз як кӯҳ дар наздикии деҳаи Зартеғи ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакант пайдо кардаанд. Сокинони маҳаллӣ ба раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар додаанд ва гуруҳи зудамали ин идора ба ҷойи ҳодиса омада, ҷасадро аз он баландӣ тавассути як роҳи тӯлонии пиёдарав ки беш аз 5 километр будааст, пойин овардаанд.

Сабаби марги духтари ноболиғ маълум нест. Наҷотбахшони КҲФ ҷасади ӯро ба намояндагони ШВКД шаҳри Левакант супурдаанд ва ҳоло ин қазияро мақомоти тафтишотӣ таҳқиқ мекунанд.

ххххххх

Рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфт. Моҳи Рамазон, бар асоси ҳисобҳо, имсол 30 рӯз давом мекунад ва иди Фитр ба ин тартиб, ғолибан рӯзи 13 май таҷлил хоҳад шуд.

Бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт), дар тӯли моҳи Рамазон дар намозҳои таровеҳ вобаста ба имконот бояд хатми Қуръони Карим дар ҳудуди 1 пора гузаронда шавад.

Шӯрои уламо ҳамин тавр, садақаи фитрро тибқи меъёри шаръӣ бо ҳисоби нархи гандум 6 сомонӣ ба сари ҳар нафар ва нисоби закотро мувофиқи ҳисоби шаръӣ 25 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст. Мусалмонони воҷибулзакот аз 25 ҳазор сомонӣ дороияшон бояд 625 сомонӣ закот бидиҳанд.

Ҳамин тавр, бо қарори Шӯрои уламо, фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умед нест, ба маблағи 360 сомонӣ барои 30 рӯзи моҳи Рамазон муқаррар карда шудааст.

Мутаассифона, чун дар солҳои қаблӣ Рамазони имсола низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо мавҷи нави болоравии нархҳо омад.

Аз ҷумла нархи як кило гӯшт дар бозорҳо то ба 65 сомонӣ ва як қуттӣ (30 дона) тухм то 35 сомонӣ расида, нархи бодиринг то 15 сомонӣ ва помидор то 20 сомонӣ боло рафтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми шодбошиаш ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ба ин масъала пардохт ва тоҷиронро аз оқибатҳои боло бурдани нархҳо дар ин моҳи шариф ҳушдор дод:

 Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад.

Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

ххххххх

Бархе аз сокинон савдогарони бозорҳоро сабабгори асосии боло бурдани нархҳо мешуморанд ва бар инанд, ки савдогарон ба хотири ба даст овардани даромади бештар ба таври сунъӣ худашон нархҳоро боло мебаранд ва фикри савоби ин моҳи шариф ва ҷайби бе ин ҳам тиҳии мардуми бечораро намекунанд.

Аммо Абдухалил Холиқзода, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва мудири бемористони “Ибни Сино” дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, боло рафтани нархи бозорҳо чандон ба майлу хоҳиши савдогарон вобаста нест, балки ҷанбаву омилҳои иқтисодӣ дорад ва аз афзоиши талабот дар бозор об мехӯрад.

Савдогарро касе наметавонад ва набояд маҷбур кунад, ки арзон фурӯшад, дар иқтисоди бозорӣ чунин қоида нест. Дахолати ноҷо фақат ба камёб, бесифат ва боз ҳам гарон шудани нарх боис мешаваду бас. Нопадид шудани гӯшти барра дар бозорҳои Душанбе таъйиди ҳамин назар аст. Дар натиҷаи фишор бар қассобон барои “гарон” нафурӯхтани гӯшти барра, онҳо аз фурӯши он даст кашиданд, зеро барояшон суде намеорад… –навиштааст Холиқзода.

Ба ақидаи соҳибкори тоҷик,  танҳо ду роҳи гирифтани пеши роҳи болоравии нархҳо вуҷуд дорад:

Роҳи аввал ба бозор ворид кардани ин мавод аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ бо нархи арзон мебошад. Ин роҳ истисноист ва дар мавориди хос, аз қабили замони ҷанг, пандемӣ ва ғайра аз он истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз ҳама ин роҳ ба буҷа бори изофа меорад, дуввум, як омили фасод аст ва сеюм, ба варшикаста шудани фурӯшандагони маҳсулоти ғизоӣ оварда метавонад. Хулоса ин роҳ зидди иқтисоди бозорӣ ва дар ҳоли ҳозир номатлуб аст.

Роҳи дуввум ва аслӣ бо сохтани фазои озод ва мусоиди соҳибкорӣ, фаровон гаштани маҳсулоти мазкур ва ба вуҷуд омадани рақобати солим муҳайё мешавад, ки дар натиҷа ба боло рафтани сифат ва поён омадани нарх мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин фаъол гаштани соҳибкорӣ дар кишвар ҷойҳои корӣ месозад ва тавони харидории мардумро боло мебарад.

Вале ҳайҳот!

Мисли ин ки ҳатто пандемии вируси куруно ба мо панде надод. Ба ҷои фароҳам кардани фазои сармоягузорӣ ва сохтани ҷойҳои корӣ дар кишвар, ҳама чашмбароҳи кушодашавии парвоз ба Русия ҳастем…

Аксари корбарон таҳилил Абдухалил Холиқзодаро ҷонибдорӣ карда, навиштаанд, ки ӯ вазъи нархҳоро ба гунаи айнӣ ва холисона ба риштаи таҳлил кашидааст.

ххххххх

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 9 ёдгории таърихиву фарҳангии долони Зарафшон – Қайроққум, аз ҷумла “Панҷакенти Қадима”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва Мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳрасти пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО  – Идораи илму фарҳанги СММ шомил карда шудааст.

  Мирзошариф Абдусаломов – Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО мегӯяд, аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин 9 ёдгорӣ расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Ӯ дар як матлаб дар сомонаи вазорати фарҳанг афзуд, “дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу содда ва амри тасодуфӣ нест, ин дар воқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500 сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории бостонии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рӯйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда,13 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ  – Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва силсилаёдгориҳои водии Вахон, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, қалъаи бостонии Хуҷанд, тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт, Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ ва Мадрасаи Ойим – тавассути барномаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ҳамчунин 4 макони бостонии тасвирҳои рўисангии Тоҷикистон – тасвирҳои рӯисангии Оқҷилга ва ғорҳои Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ – ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ” шомил карда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button