ВидеоКоррупсия

ДУЗДИИ БЕШ АЗ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ МУЗДИ КОРГАРОНИ НИРӮГОҲИ НОРАК

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи санҷиши фаъолити молиявиву иқтисодии нирӯгоҳи Норак тасарруфи  2 миллиону 383,1 ҳазор сомонӣ музди меҳнати коргарони ин нирӯгоҳ аз ҷониби шахсони масъул ошкор гардида, дар рафти санҷиш  1 миллиону 818,5 ҳазор сомонӣ аз ин ҳаҷми зарари ошкоршударо тавонистаанд барқарор кунанд.

Агентӣ гуфт,  шахсони масъули моддии нирӯгоҳи Норак ин беш аз 2 миллион сомонӣ музди кори коргарони нирӯгоҳро ба воситаи 38 корти пластикӣ аз худ кардаанд.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба ду мақоми масъули нирӯгоҳи Норак Шишпаренко Олга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи пул  ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Ба Шишпаренко ва Раҳматуллоев бар асоси ин ду банди Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун муҷозот барои сохтакории хидматӣ ҷарима ваё то 2 сол маҳрумият аз озодӣ ва барои тасарруфи молу мулки ғайр аз ҷарима то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунё ба шумор рафта, дар гузориши солонаи созмони Транспаренси Интенешнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод имсол дар мақоми 149 ҷой гирифта буд.

Тасарруфи музди меҳнати кормандон

Тибқи фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шахсони масъули моддии Неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.

Аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шахсони масъули моддии  Неругоҳи болозикр Шишпаренко Ольга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button