ДАРГУЗАШТИ РӮҲОНИИ МАШҲУРИ ТОҶИК ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз машҳуртарин аз рӯҳониёни суннатгарои Тоҷикистон, шоми 13 апрел, дар поёни рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук журналист Нилуфари Азиз ва Фазлуллоҳ Одинабеков хабар доданд. Дар бораи сабаби марги рӯҳонии шинохта хабаре то ҳол дастрас нашудааст. Бархе корбарони навиштаанд, ки рӯзи 13 апрел ӯро сиҳату солим дида буданд ва хабари маргаш барояшон хеле ногаҳонӣ буд.
Домулло Ҳикматуллоҳ соли 1941 дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ба дунё омада, тамоми умр дар ҳамин ҷо ба сар бурд. Ӯ таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.
Домулло Ҳикматуллоҳ бо он ки дар водии Рашт – як пойгоҳи аслии мухолифини солҳои 90 – зиндагӣ мекард, дар кашмакашҳои сиёсиву мазҳабии даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумат ҷонибдорӣ кард ва мардумро ба қатъи мухолифати мусаллаҳона ва оштӣ бо нирӯҳои ҳукуматӣ даъват мекард.
Домулло Ҳикматуллоҳ дар назди нухбагони сиёсии ҳукумати имрӯза, аз ҷумла дар назди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ, аз эҳтироми вижае бархӯрдор буд ва Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориаш ба водии Рашт маъмулан ба хонаи ин рӯҳонии маъруф ташриф меовард ва аз ӯ зиёрат мекард.
МАРСИЯИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ
ДАР СӮГИ МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНӢ
Маро табъу майлам набудӣ чунон,
Ки андӯҳ гирам зи давру замон.
Вале чун нагирйем, рўи замин
Бигиряд ҳаме то самои барин.
Ки гум кардаанд ганҷи илму камол,
Чу рафт Мавлавӣ сўи дору-л-ҷалол.
Ба ҳайрат нишаста ҳама рўбарў,
Чу диданд ёрон тиҳӣ ҷойи ў.
Ҳамегуфт ҳар як ба оҳи ҳазин,
Ки ё Раб, куҷо рафт пешвои дин?
Куҷо рафт донои илму рамуз,
Ки мо ноқисонему нодон ҳанўз.
Ҳақоиқ зи кӣ бишнавем ҳалли он,
Куҷо ёбем аз фазлу тамкин нишон?
Худоё, туаш додӣ тамкини ҷоҳ,
Баҳар зи китоби шариатпаноҳ.
Амал карду таблиғу хидмат ба дин,
Ба таълиму тадрис ваъзи мубин.
Ҳам инро умед дорем мо аз карам,
Ба уқбо чунин бошад ў муҳтарам.
Ҳамоно ки аҳли Қуръон, аҳли туст,
Набӣ гуфту қавли Набӣ қавли туст.
Ба некӣ ту подоши ў деҳ зи мо,
Надорем мо дастрас ҷуз дуо.
Зи ҳавзу шафоат бигардон насиб,
Мақомаш ба зери ливои ҳабиб.
Асарҳои ў боқӣ дорад русум,
Ки ҳикмат аз ў монду нашри улум.
Ҳам аз зикри хайр номи ў зинда дор,
Фалак то бувад гардишаш бар мадор.
Чу таърихи фавташ зи дил бишнавӣ,
“Линағфира лака (1410 ҳиҷрӣ)” гуфтанд, эй Мавлавӣ.