ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистонФарҳанг

9 ЁДГОРИИ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 9 ёдгории таърихиву фарҳангии долони Зарафшон – Қайроққум, аз ҷумла “Панҷакенти Қадима”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва Мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳрасти пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО  – Идораи илму фарҳанги СММ шомил карда шудааст.

  Мирзошариф Абдусаломов – Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО мегӯяд, аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин 9 ёдгорӣ расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Ӯ дар як матлаб дар сомонаи вазорати фарҳанг афзуд, “дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу содда ва амри тасодуфӣ нест, ин дар воқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500 сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории бостонии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рӯйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда,13 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ  – Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва силсилаёдгориҳои водии Вахон, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, қалъаи бостонии Хуҷанд, тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт, Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ ва Мадрасаи Ойим – тавассути барномаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ҳамчунин 4 макони бостонии тасвирҳои рўисангии Тоҷикистон – тасвирҳои рӯисангии Оқҷилга ва ғорҳои Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ – ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ” шомил карда шуданд.

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии дигар аз Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид

Дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо кори тасодуфӣ ва соддае нест! 

Воқеан дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу содда ва амри тасодуфӣ нест, ин дар воқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500 сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз бо дастуру супоришҳои роҳбариятии олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту идораҳои дахлдори соҳавӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд.

Ишора кардан ба маврид аст, ки хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии “Абрешим” ки тавассути кишвари мо мегузарад дар долонҳои он объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмиллалӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла дар долони “Зарафшон-Қайроқум” 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили “Панҷакенти Қадима”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва Мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро” мебошад. Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён дорад. Инчунин корҳои тармиму барқарорнамоӣ ва ба талаботҳои ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ вазорату идораҳои ваколатдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳои дахлдор, барои ба Феҳристии асосӣ шомил намудани ин ёдгориҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Умедворем, ки дар ояндаи наздик арзишҳои таърихию фарҳангии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ беҳтар муаррифӣ мегарданду бештар эътироф мешаванд!

Ба умеди ҳифзу муаррифии арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ!

Мирзошариф Абдусаломов – Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button