ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 12 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими 12 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

АЗ 5 ТО 23 СОЛ: ЭЪЛОНИ ҲУКМИ 119 НАФАР ДАР ЧОРЧӮБИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”

ОБЛАВА Ё БОЗДОШТИ УЗВИ ДОИШ? ВОКУНИШИ ВКД

5 ҚУРБОНИИ САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ВАҲДАТ – ДАНҒАРА

ВА

БОНУВОНИ МИЛИСАРО ЛИБОСИ МИЛЛИИ АТЛАС МЕПӮШОНАНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар чорчӯби парвандаи пурсарусадои “Ихвон-ул-муслимин” 119 нафарро ба муҳлати аз 5 то 23 сол маҳкум кардааст. Аз ин ҷумла танҳо ду нафар, ки ба “хабар надодан ба мақомот” айбдор мешуданд, бо ҷарима халос шудаанд.

Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манбааш дар Додгоҳи олӣ хабар дод, ки ин додгоҳ аз ҷумла ду шаҳрванди Миср ва Исмоил Қаҳҳоров – домоди хонаводаи пурнуфузи Тӯраҷонзодаҳоро маҳкум ба зиндон кардааст. Исмоил Қаҳҳоров ба 15 соли зиндон ва Муҳаммад Баюмӣ, як шаҳрванди Миср, ки устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва мақомот ӯро раҳбари ин гуруҳи ихвониҳо мешуморанд, ба 23 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамчунин як устоди мисрии дигари забони арабии факултаи забонҳои осиёву аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар миёни маҳкумшудаҳо ҳамчунин раҳбари собиқи дастгоҳи шаҳрдории Исфара, беш аз 20 тан аз устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Дар поёни моҳи декабри соли 2019 ва аввали моҳи январи соли 2020 мақомоти Тоҷикистон беш аз 300 нафарро бо гумони ҳамкорӣ бо “Ихвон-ул-муслимин”, як созмони динии пойгоҳи асосиаш дар Миср дастгир карданд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст ва додситони кулл Юсуф Раҳмон гуфта буд, ки тарафдорони “Ихвон-ул-муслимин” мехостанд пояҳои конститутсионии давлатдории Тоҷикистонро аз ҳам бизананд.

Муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 6 июли соли 2020, беш аз 9 моҳ боз идома дошт.

Вале хешовандони бисёре аз маҳкумшудагон бар инанд, ки парвандаи онҳо сохта буд ва ин беш аз 100 нафар бо иттиҳомоти бофта ба зиндон андохта шуданд.

ххххх

РВКД Душанбе ва ВКД Тоҷикистон бо нашри ду баёнияи алоҳида гуфтанд, ки видеои ахире ки рӯзи 6 апрел дар Интернет нашр шуд ва баҳси зиёдеро ба по кард, рабте ба “облава” (боздоштҳои худсаронаи даъватшавандагон) надошт, балки амалиёти боздошти як тарафдори созмони террористии ДОИШ буд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни ин амалиёт шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович санаи таваллудаш 29.12.1982, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатут, оиладор, соҳиби 3 фарзанд дастгир шудааст. Идибеков аз ҷониби мақомоти Русия ҳамчун узви ДОИШ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд, вале аз таъқиб фирор карда, дар Тоҷикистон паноҳ бурдааст.

Тоҷикистон, тибқи Қонуни асосиаш, шаҳрвандони худро ба кишварҳои дигар намесупорад, вале барои ҷиноятҳое, ки дар хориҷ содир кардаанд, метавонад онҳоро дар худи  Тоҷикистон боздошт ва муҷозот кунад.

ВКД гуфт, мақомот ҳамчунин муаллифони видеоро низ бо иттиҳоми халал расондани ба кормандони милиса ва даст задан ба иғво бо мақсади гумроҳ кардани мардум дастгир кардаанд: Ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон: ҳамсари гумонбаршуда Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд.”
“Шаҳрвандоне, ки дар рафти амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., ба кормандони милитсия халал расонидаанд, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад”, таъкид кардааст ВКД.

Назари афроди дастгиршуда ба ин иттиҳомоти эълоншуда дастрас нест.

Видеое, ки ҳафтаи гузашта дар Интернет нашр шуд, мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард ва бисёриҳо аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то ба таҷрибаи нангини “облава” нуқтаи таммат гузоранд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон мавсими даъват ба артиш, ки баҳорон моҳҳои апрелу май ва тирамоҳон моҳҳои октябру ноябр баргузор мешаванд, ҳамроҳ бо шикоятҳои фаровон аз маҷбуран дар кӯчаву бозорҳо доштану ба артиш бурдани ҷавонон паси сар мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа ин таҷрибаро ҳамчун як намунаи хеле бади поймол кардани ҳуқуқи инсон маҳкум мекунанд.

ххххх

Шаби 11 апрел, тахминан соати 21:19, бар асари ба мошини боркаши тамғаи “Дулан” бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Опел Астра” дар мавзеи Суғдиён ( собиқ Лақайбегӣ) –и ҷамоати Дӯстӣ (собиқ Эскигузар) дар канори шаҳри Ваҳдат 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки мошини “Дулан” таҳти идораи як сокини 37-солаи ноҳияи Фархор дар роҳи ҳаракат аз Душанбе ба самти Кӯлоб дар мавзеи Лақайбегӣ бо мошини “Опел” таҳти идораи як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.

Сабаби садама маълум нест, вале бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронандаи “Опел” ва ҳамаи 4 ҳамсафараш – ду мард, як зан ва як кӯдак, ки аз Восеъ ба сӯи пойтахт ҳаракат доштанд,  дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд.

Тафтиши сабабҳои ин садамаи фоҷиабор идома дорад.

Дар рӯзҳои ахири истироҳат ин алакай дуюмин садамаи марговар дар роҳҳои ҷануби Тоҷикистон аст.

Қаблан маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи шанбе, 10 апрел, тахминан соати 16, бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар роҳи Шаҳритӯс  – Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати ба номи Н. Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҳарду ронанда – сокинони 40 ва 29-солаи навоҳии Кӯшониён ва Шаҳритӯс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофири ин ду мошин ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххх

ВКД Тоҷикистон рӯзи 12 апрел  дар сомонаи расмиаш 3 акси либосҳои нави миллии расмӣ ва саҳроии барои бонувони милиса дӯхташударо нашр кард.

Либоси расмӣ (парадная форма)-и бонувони милисаи тоҷик аз матои атлас дӯхта шуда, аз кӯлоҳи навъи пилотка, пироҳани то миён ва юбка (ё эзор) иборат аст. Либоси саҳроии бонувони милиса бо рангҳои ҳарбӣ дӯхта шуда ва низ аз пилотка, пироҳан ва юбка (ё шим) иборат мебошад.

Ҳанӯз маълум нест, ки кормандони ВКД Тоҷикистон кай ба ин либоси нав мегузаранд?

Бино ба омори соли 2019, дар саффи милисаи тоҷик беш аз 1500 тан аз занону духтарон кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button