ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

ОБЛАВА Ё БОЗДОШТИ УЗВИ ДОИШ? ВОКУНИШИ ВКД (ВИДЕО ВА 4 АКС)

РВКД Душанбе ва ВКД Тоҷикистон бо нашри ду баёнияи алоҳида гуфтанд, ки видеои ахире ки рӯзи 6 апрел дар Интернет нашр шуд ва баҳси зиёдеро ба по кард, рабте ба “облава” (боздоштҳои худсаронаи даъватшавандагон) надошт, балки амалиёти боздошти як тарафдори созмони террористии ДОИШ буд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни ин амалиёт шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович санаи таваллудаш 29.12.1982, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатут, оиладор, соҳиби 3 фарзанд дастгир шудааст. Идибеков аз ҷониби мақомоти Русия ҳамчун узви ДОИШ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд, вале аз таъқиб фирор карда, дар Тоҷикистон паноҳ бурдааст.

Идибеков, ба гуфтаи маркази матбуоти ВКД, “солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ифода намуда, дар паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст задааст. Бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федерасияи Россия амалисозии якчанд актҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардаанд.”

Мақомоти Русия Сулаймонов ва Амировро дастгир кардаанд, вале ба Идибеков муяссар шудааст, ки ба зодгоҳаш Тоҷикистон баргардад.

Тоҷикистон, тибқи Қонуни асосиаш, шаҳрвандони худро ба кишварҳои дигар намесупорад, вале барои ҷиноятҳое, ки дар хориҷ содир кардаанд, метавонад онҳоро дар худи  Тоҷикистон боздошт ва муҷозот кунад.

ВКД гуфт, мақомот ҳамчунин муаллифони видеоро низ бо иттиҳоми халал расондани ба кормандони милиса ва даст задан ба иғво бо мақсади гумроҳ кардани мардум дастгир кардаанд: Ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон: ҳамсари гумонбаршуда Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд.
Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.
Ёдрас месозем, ки дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шаҳрвандоне, ки дар рафти амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., ба кормандони милитсия халал расонидаанд, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.”

Назари афроди дастгиршуда ба ин иттиҳомоти эълоншуда дастрас нест.

Видеое, ки ҳафтаи гузашта дар Интернет нашр шуд, мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард ва бисёриҳо аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то ба таҷрибаи нангини “облава” нуқтаи таммат гузоранд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон мавсими даъват ба артиш, ки баҳорон моҳҳои апрелу май ва тирамоҳон моҳҳои октябру ноябр баргузор мешаванд, ҳамроҳ бо шикоятҳои фаровон аз маҷбуран дар кӯчаву бозорҳо доштану ба артиш бурдани ҷавонон паси сар мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа ин таҷрибаро ҳамчун як намунаи хеле бади поймол кардани ҳуқуқи инсон маҳкум мекунанд.

Вокуниш: боздошти ҷинояткор ба «облава» рабт надорад!

  Санаи 6 апрел дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори дастгиркунии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия паҳн гардида, корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба ҳодисаи ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки дар байни ҷомеа ҳамчун «облава» маъруф аст, рабт додаанд.
  Зимни санҷиши қазия муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур ба ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ робита надошта, лаҳзаи дастгиркунии марди 39 сола, ҷинояткори расман дар ҷустуҷӯ дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳамчун аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломии Ироқу Шом-ДИИШ» қарордошта – шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович санаи таваллудаш 29.12.1982, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатут, оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

  Зеро қаблан нисбати боздоштшуда Идибегов И.Ҷ. тибқи талаботи моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда аз тафтишоти пешакӣ пинҳон ва бо роҳи фирор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Террорист дастгир гардид

Шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович, санаи таваллудаш 19-уми декабри соли 1982, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, маълумоташ миёна.

Солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ифода намуда, дар паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст задааст. Бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федерасияи Россия амалисозии якчанд актҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардаанд.

Аз чунин қасди диверсионии Имомалӣ Идибегов ва ҳаммаслакони ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия огоҳ гардида, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷоновичро дастгир кардаанд. Гумонбаршуда Имомалӣ Идибегов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда, барои чунин кирдори махсусан хатарноки худ-терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
6-уми апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон: ҳамсари гумонбаршуда Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд.

Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.
Ёдрас месозем, ки дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шаҳрвандоне, ки дар рафти амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., ба кормандони милитсия халал расонидаанд, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Маркази матбуоти ВКД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button