ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

МЕҲРИДДИН АЗ ЧӢ ФАВТИД? ВКД: “АЗ ОШЁНАИ СЕЮМ АФТОД.” НАЗДИКОНАШ: “ЧАРО ЯГОН ҶОЯШ НАШИКАСТ?” (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилӣ ду рӯз пеш дар хабарномае гуфт, Меҳриддин Гадозода, ки ба дуздӣ гумонбар буд, бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД-и шаҳри Ваҳдат ба замин партофт ва ҷон бохт.

Аммо пайвандони Меҳриддин ба фарзияи мақомот бовар надоранд ва мегӯянд, рӯзи 10 апрел падараш бо дасти худ Меҳриддинро ба шуъбаи милиса бурд ва баъди чанд соат хабарашон доданд, ки омада, мурдаи ӯро бибаранд. Ба гуфтаи наздиконаш, агар Меҳриддин аз ошёнаи сеюм худро партофта бошад, пас чаро ягон узви баданаш нашикаста буд? Онҳо мегӯянд, баракс дар бадани марҳум осори шиканҷа дида мешуд.

Онҳо ҳамчунин иддаои ВКД дар бораи ба 12 дуздӣ гумонбар шудани Меҳриддин Гадозодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ӯро бо гумони як дуздии 4 сол пеш ба милиса бурда буданд.

ВКД қаблан дар иттилоияаш гуфт, Меҳриддин Гадозода ба 12 мавриди дуздӣ гумонбар мешуд, вале ҳангоми бозпурсӣ “бо мақсади фирор аз ҷавобгарӣ” худро аз қабати сеюми бинои ШВКД шаҳри Ваҳдат ба замин партофт.

Дар гузашта низ ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи чанд мавриди марги мармузи боздоштшудаҳо дар шуъбаҳои милиса дар Тоҷикистон гузориш дода буданд.

Меҳриддин аз чӣ фавтид? ВКД: “Аз ошёнаи сеюм афтод.” Наздиконаш: “Чаро ягон ҷояш нашикаст?” ВИДЕО


Пайвандони як сокини шаҳри Ваҳдат, ки баъд аз чанд соати боздошт аз сӯйи маъмурони милиса ҷон бохтааст, мегӯянд, ба хулосаи мақомот дар бораи шеваи фавти ӯ бовар надоранд.

Вазорати корҳои дохилӣ ду рӯз пеш дар хабарномае гуфт, Меҳриддин Гадозода, ки ба дуздӣ гумонбар буд, бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои ШКД-и шаҳри Ваҳдат ба замин партофт ва дар шифохона даргузашт. Пайвандонаш дар бораи осори латукӯб суҳбат мекунанд.

“Даъват карданд, бегоҳ мурдаашро оварданд

Ба нақли пайвандон, Меҳриддин Гадозода рӯзи 10-уми апрел бо даъвати маъмурони милиса ҳамроҳи падараш ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат рафта, бегоҳи ҳамон рӯз ҷасадашро овардаанд.

Тоҷинисо Гадозода, хоҳари Меҳриддин, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қазияи бародараш соли 2017 оғоз шуда буд. “Ҳамон вақт ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда буданд. Пас аз пардохти маблағ гуфтанд, ки парванда пӯшида шуд“, — афзуд ӯ.

Мақомот ҳарчанд дар хабари худ Меҳриддинро “гумонбар ба дуздӣ” навиштанд, вале нагуфтанд, ки ҳодиса ба соли 2017 бармегардад ва он замон дақиқан чӣ гузашта буд.

Тоҷинисо Гадозода, хоҳари Меҳриддин, афзуд: “Ду рӯз пеш ба идораи милиса даъват карданд. Ӯ гуфт, гуноҳ надорам, намеравам. Ба воситаи раиси маҳалла чанд бор даъват карданд. Рӯзи 10-уми апрели соли 2021, соати 10, падарам ӯро гирифта, бо дасти худаш ба ШКД бурд. Дар онҷо додарамро дароварданд ва падарамро нагузоштанд, ки гап занад.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Мақомот: бо мақсади гурехтан худро ба поён партофт

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шаби 10-уми апрел дар хабарномае гуфтанд, Меҳриддин Гадозодаи 31 сола “бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ” худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД-и шаҳри Ваҳдат ба поён партофт.”

Ба иттилои вазорат, Меҳриддин Гадозода ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида мешавад, вале номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад.”

Дар хабари ВКД омадааст, ӯ ба 12 ҳолати дуздӣ муттаҳам мешуд. Назаре, ки пайвандони Меҳриддин онро қабул надоранд.

Ҳабибулло Гадоев, амаки Меҳриддин, гуфт, бародарзодааш ҷинояти вазнин накарда буд, ки маҷбур шавад худро аз ошёнаи сеюм партояд. Вай на ягон касро кушта буд ва на ягон касро таҷовуз карда буд, ки аз шарм худро ба замин партояд.”

“Агар аз боло афтидааст, чаро ягон ҷояш нашикаст?”

Дар ҳоле ки мақомот натиҷаҳои ташхиси Меҳриддин Гадозодаро расман эълон накарданд, хешовандон мегӯянд, вақти кушодани ҷасад баъзе осори шиканҷаро дидаанд. Мақомот ҳанӯз ба ин иддао посух надоданд.

Ҳабибулло Гадоев, амаки Меҳриддин, суол гузошт, ки агар бародарзодааш аз ошёнаи сеюм афтидааст, пас, чаро ҳеч ҷояш нашикастааст? Фақат дасти росташ тоб дода баромадагӣ буд ва қисми чапи сараш тақрибан панҷ сантиметр дарун рафта буд. Пушти сараш хун печида буд ва ягон хел пачақ набуд“, — афзуд ӯ.

Мақомот ба ҷуз аз нашри як хабари расмӣ дар шаби 10-уми апрел ҳеч ҷузъиёте дар ин бора намедиҳанд.

Рӯзи 12-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба идораи милисаи шаҳри Ваҳдат муроҷиат карданд, аммо дар онҷо аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карда, гуфтанд, ба дафтари матбуоти ВКД муроҷиат кунед“.

Дафтари матбуоти вазорат ба ҷуз аз нашри як хабари кӯтоҳ дигар иттилое надодааст.

Рӯзи 12-уми апрел вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили падари Меҳриддин Гадозода рафтанд, чанд нафар бо либоси мулкӣ кори хабарнигорон ва нақлиёти онҳоро бо телефон сабт мекарданд. Маълум нест, онҳо кӣ буданд.

Масъулини ҳукумати шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла мудири бахши занон, баъд аз чанд дақиқаи расидани хабарнигорони Радиои Озодӣ, ба манзили Меҳриддин Гадозода омаданд, аммо нахостанд, суҳбат кунанд.

Бори аввал нест, ки як нафар пас аз чанд соати боздошт аз сӯи мақомоти интизомӣ ба таври мармуз вафот мекунад. Пештар низ чанд гумонбар баъди дастгир шудан аз тарафи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд.

Қазияи Абдурасул Назаров, Баҳромиддин Шодиев, Шамсиддин Зайдуллоев ва Умар Бобоҷонов аз ин қабил аст. Наздикони онҳо ҳамеша аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот сактаи дилу муътодии гумонбаронро далел пеш овардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button