ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ДАР ЯК САДАМА ДАР ҚУБОДИЁН

Нимаи дуюми рӯзи шанбе, 10 апрел, тахминан соати 16, бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар роҳи Шаҳритӯс  Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати ба номи Н. Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҳарду ронанда сокинони 40 ва 29солаи навоҳии Кӯшониён ва Шаҳритӯс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофири ин ду мошин ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 апрели маркази матбуотм ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронандагон ҳангоми бархӯрди ду воситаи нақлиёт

Рӯзи 10-уми апрели соли 2021, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Азимов Файзали Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи “Н.Ниёзов”-и ноҳияи Қубодиён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи Ҳакимзода Фузайли Абумуслим, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандагони ҳардуи автомашинаҳо Азимов Ф.Ҳ. ва Ҳакимзода Ф.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Рустам, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар ва мусофирони дохили автомашинаи дигари тамғаи “Мерседес-Бенс”, Алимуродов Шоҳрух, соли таваллудаш 1998 ва Мамадсаидова Фариза, соли таваллдаш 1990, сокинони ноҳияи Шаҳритус ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур мурҷиаат намудааст, ки 7-уми апрели соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дорухона, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо 9-адад телефонӣ мобилӣ ва 1-адад қуввадиҳандаи телефонро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 700-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони пойтахт, ки пеш якеашон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Барои дастгир намудани ҳаммаслаки дигарашон ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 11-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:50-дақиқа, марди 35-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳангоми дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:00, дар ҳудуди деҳаи Мадади ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо занони 27 ва 49-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Сомониёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани зани 27-сола ва 1-маротиба ба пушти қафаси синаи зани 49-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҳарду ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button