ВидеоТоҷикистон
БОНУВОНИ МИЛИСАРО ЛИБОСИ МИЛЛИИ АТЛАС МЕПӮШОНАНД (3 АКС)
ВКД Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш 3 акси либосҳои нави миллии расмӣ ва саҳроии барои бонувони милиса дӯхташударо нашр кард.
Либоси расмӣ (парадная форма)-и бонувони милисаи тоҷик аз матои атлас дӯхта шуда, аз кӯлоҳи навъи пилотка, пироҳани то миён ва юбка (ё эзор) иборат аст. Либоси саҳроии бонувони милиса бо рангҳои ҳарбӣ дӯхта шуда ва низ аз пилотка, пироҳан ва юбка (ё шим) иборат мебошад.
Ҳанӯз маълум нест, ки кормандони ВКД Тоҷикистон кай ба ин либоси нав мегузаранд?
Бино ба омори соли 2019, дар саффи милисаи тоҷик беш аз 1500 тан аз занону духтарон кор мекунанд.
Бисер хушру ва пушида.