Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

5 ҚУРБОНИИ САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ВАҲДАТ – ДАНҒАРА

Шаби 11 апрел, тахминан соати 21:19, бар асари ба мошини боркаши тамғаи “Дулан” бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Опел Астра” дар мавзеи Суғдиён ( собиқ Лақайбегӣ) –и ҷамоати Дӯстӣ (собиқ Эскигузар) дар канори шаҳри Ваҳдат 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки мошини “Дулан” таҳти идораи як сокини 37-солаи ноҳияи Фархор дар роҳи ҳаракат аз Душанбе ба самти Кӯлоб дар мавзеи Лақайбегӣ бо мошини “Опел” таҳти идораи як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.

Сабаби садама маълум нест, вале бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронандаи “Опел” ва ҳамаи 4 ҳамсафараш – ду мард, як зан ва як кӯдак, ки аз Восеъ ба сӯи пойтахт ҳаракат доштанд,  дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд.

Тафтиши сабабҳои ин садамаи фоҷиабор идома дорад.

Дар рӯзҳои ахири истироҳат ин алакай дуюмин садамаи марговар дар роҳҳои ҷануби Тоҷикистон аст.

Қаблан маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи шанбе, 10 апрел, тахминан соати 16, бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар роҳи Шаҳритӯс  Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати ба номи Н. Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҳарду ронанда сокинони 40 ва 29солаи навоҳии Кӯшониён ва Шаҳритӯс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофири ин ду мошин ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Дар бархӯрди “Опел-Астра” ба “Дулан” дар Лақайбегӣ 5 нафар ҳалок шуданд

Соати 21:19 дақиқаи рӯзи 11-уми апрели соли равон дар мавзеъи Лақайбегии роҳи мошингарди  Душанбе-Ваҳдат-Данғара як мошини тамғаи “Опел-Астра” дучори садама шуд ва бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин мошинро як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ идора мекард ва ӯ бо чор ҳамсафараш аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.

Бино ба гузоришҳо ин мошини сабукрав ба мошини боркаши “Дулан”, ки мутааллиқ ба як сокини 37-солаи ноҳияи Фархор будааст, бархӯрдааст. Сабаби ин садама дақиқан маълум нест.

Мошини “Дулан” аз шаҳри Душанбе берун шудаву ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард. 

Ронанда ва ҳамаи чор мусофири мошини “Опел-Астра”, ки 3 нафари онҳо мард, яке зан ва чорумӣ кӯдаки ноболиғ будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҷасади қурбониёни ин садамаи мудҳиш аз ҷониби сокинони маҳалле, ки садама рух додааст, аз дохили мошин бароварда шуда, ба бемористони марказии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд.

Мақомоти тафтишотӣ сабабҳои садамаро дақиқ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button