ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ФАРИД ЧАҚАБОЕВ, АРОБАКАШИ СОБИҚ, КИ ДАР МАСКАВ МИЛЛИОНЕР ШУД

Зодаи Бадахшони Тоҷикистон Фарид Чақабоев яке аз меҳмонони асоии шумораи навбатии YouTube-шоуи “Урюк и клюква”.  Ин нашри барнома ба мавзӯи дар Русия чанд пул кор кардани муҳоҷирон бахшида шуда буд.

 «Ҳама медонанд: Аз Осиёи Миёна ба Русия барои пулкоркунӣ меоянд. Вале онҳо чанд пул метавонанд кор кунанд? Ва муҳоҷирон барои чӣ пул ҷамъ мекунанд? Муҳоҷир будан ба сари худ чанд пул аст? Ин бахши барномаро мо кӯшиш кардем, ки бар поияи арқом таҳия кунем. Зеро дар ниҳояти амр ҳама чиро метавон бо пул чен кард: ҳам меҳнатдӯстӣ, ҳам моҷароталабӣ ва ҳатто пора ба афсари пулисро», – гуфта мешавад дар муаррифиномаи ин нашри барнома дар бораи муҳоҷирон.

Фарид Чақабоев бори аввали соли 2003, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, ба Маскав ба мардикорӣ омад. Ва инак 18 соли дигар, яъне нисфи дигари умри ӯ инҷо дар мулки ғурбат гузашт.

Фарид дар Маскав солҳои аввал аробакашӣ ва ҳаммолӣ мекард ва алакай баъди ду сол ваъдаи худро иҷро карда, барои модараш дар Душанбе хона харид. Ҳоло Фарид дар Маскав тиҷорати худро дорад ва миллионҳо рублро мечархонад.

Фарид бар ин аст, ки муҳоҷирон дар Русия назар ба мардуми маҳаллӣ часпу талоши бештар нишон медиҳанд, ки як амри, ба ақидаи ӯ, табиист: «Бисёре аз талаботи мардуми маҳаллӣ то ҳадде пӯшонда мешавад. Онҳо дар фикри сарпаноҳ нестанд, чунки аксар хона доранд. Падару модар доранд, ки онҳоро мехӯронанду мепӯшонанд. Муҳоҷироне, ки инҷо меоянд, аз ин ҳама неъматҳо маҳруманд. Онҳо танҳо ба нирзи даст ва маҳорати худ метавонанд умед банданд. Аз ин рӯ, муҳоҷирон, вақтеро кореро ба онҳо бовар карда, бисупоранд, тамоми саъйу кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд”.

Фарид ягона меҳмони барномаи «Урюк и клюква» набуд. Дар ҷараёни барнома фурӯшандагони тоҷик аз бозори “Садовод” нақл карданд, ки чӣ гуна бо вуҷуди нархи гарони иҷора (150 ҳазор рубл дар як моҳ) тавонистанд дар ин бузургтарин бозори Маскав ҷойгоҳи худро пайдо кунанд. Ронандагони маршруткаҳо аз ҳамин бозор нақл мекарданд, ки моҳона аз 80 то 150 ҳазор рубл кор мекунанд. Роҳрӯбҳо (дворникҳо) аз Қирғизистон ҷои хоби худ – таҳхонаи пур аз наму рутубати барои зиндагӣ аслан номуносибро нишон дода, нақл карданд, ки тобистонҳо бо 35 ҳазор рубл маош кор мекунанд ва зимистонро то 45 ҳазор рубл маош мегиранд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 5-6 миллион муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна кор мекунанд, ки аксарияти кулли онҳо аз се кишвари муҳоҷирфиристи Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. Соли 2020 бо вуҷуди пандемияи коронавирус аз Русия ба ин се ҷумҳурӣ асосан бо шарофати муҳоҷиронашон ҳудуди 7,7 миллиард доллар пул фиристодаанд. То пандемия ба ин се кишвар аз Русия солона то 10 миллиард доллар пул мерафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button