Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ДУШАНБЕ

Рӯзи 22 март дар ду садама дар Восеъ ва Душанбе як дучархарони 72сола ва як ҷавони 20сола ҷон бохтаанд.

ВКД гуфт, рӯзи 22 март, соати 12630 Исмоналӣ Назаров, с.т. 1949, сокини ҷамоати А.Авазови ноҳияи Восеъ дар роҳ Фархор – Восеъ зери чархи мошини тамғаи “Сонг – Хуа” ба ҳалокат расидааст.

Ҳамон рӯз, соати 11:10 мошини тамғаи “Фолксваген-Поло” дар кӯчаи Карамови пойтахт пиёдагард Низомиддин Азимов, с.т. 2001, сокини ноҳияи Варзобро пахш кардааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 22-юми марти соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Сонг-Хуа”, Раҳимов Амирхуҷа Давлатович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Фархор ба самти ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти А.Авазов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Назаров Исмоналӣ Ризвонович, соли таваллудаш 1949, сокини ҷамоати деҳоти А.Авазовро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон, Назаров И.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 22-юми марти соли 2021, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолксваген-Поло”, Миров Аслиддин Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1993, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Б.Ғафуров ба самти кӯчаи Карамов, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №31-и кӯчаи А.Навоии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Азимов Низомиддин Насриддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда мутаассифона ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button