ВидеоФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОС ВА ШОИРИ ТОҶИК АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР

Абдушукури Абдусаттор, доктори илмҳои филологӣ, мунаққид, адабиётшинос ва шоири тоҷик шаби 23 март дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Маросими ҷанозаи донишманди шинохта соати 13 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Абдушукури Абдусаттор 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба дунё омада, соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1994 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамуд.

Абдушукури Абдусаттор муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, аз ҷумлаи «Фазоили Қуръон» (1992), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов) мебошад. Дар таҳия ва нашри ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006). Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009).

Ӯ бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекард, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» (1985), «Кокули бом» (1985), «Хордас­та» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Мухриддин Сабури

 

ҲАМАРО БОЗГАШТ БА СӮЙИ ӮСТ.

Хабар расид, ки имшаб доктори илмҳои филологӣ, мунаққид, адабиётшинос ва шоир Абдушукури Абдусаттор бо асари сактаи дил даргузаштааст.

Манзили зисти марҳум дар наздикии Иттифоқи нависандагон, дар кӯчаи “Абдулло Командир”, хонаи зз буда, ҷаноза имруз, соати 01:00 дар масчиди марказӣ баргузор мегардад.

Абдушукури Абдусаттор 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976 -1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом кор кардааст. Дар ин мудат муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи «Адаб» низ будааст. Аз соли 1994 инҷониб дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамуд.

Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, аз ҷумлаи «Фазоили Қуръон» (1992), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов) мебошад. Дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006). Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009).

Ӯ бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекард, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» (1985), «Кокули бом» (1985), «Хордас­та» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод. Ба наздикону пайвандони марҳум сабру бурдборӣ мехоҳем.

Хафиз Рахмон

ЁДАШОН ДАР ДИЛҲО БОҚӢ ХОҲАД МОНД…

Хабари марги нобаҳангоми устод Абдушакури Абдусаттор такони сахтам дод. Як ё ду рӯз қабл аз таътили наврӯзӣ дар долонҳои донишгоҳ мегашт ва дар даст китоби наваш – тарҷумаи тоҷикии “Назарияи тарҷума”-и Комиссаров буд. Ба фикрам, барои охирин таҳрир ин китоб омода шуда буд. Ваъда доданд, ки баъди чоп ба ҳар устоди машғули тарҷума аз ин китоб ҳадя хоҳанд кард…

Манзараи аҷибе: китобашон дар даст, чеҳраашон шукуфта, табассум дар лаб, гӯё Худованд тифли наве эҳдояшон карда… Ин манзара хоси уламои ҳақиқист, ки аз тавлиди як китоб ончунон хушнуд мешаванд, ки гӯё ганҷинае ба каф оварда бошанд…

Китоби дигаре ҳам омодаи нашр доштанд, ба гумонам, “Макотиби адабиётшиносӣ”. Роҷеъ ба маъруфтарин равияву ҷараёнҳои адабиёти ҷаҳон… Худо кунад, ки пайвандону дӯстонашон ин китобҳоро рӯйи чоп оваранд, зеро онҳо охирин таълифоти марҳум ва ёдгоре аз даврони камолоти ин олими соҳибсабк ҳастанд.

Ҳам инсони хуб буданд ва ҳам олими хуб… Худо ғариқаи раҳматаш кунад ва ҷояш ҷаннат бошад…

Зи умр он қадар беш наояд ба кор,

Ки дар нафъи халқи Худо бигзарад…

Умре корашон ҳамин нафъи халқи Худо буд, таълиму тадриси шогирдон ва таълифи китоб…

Ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳем…

Ба декани факултаи филология Сироҷиддини Эмомалӣ ва мудири кафедраи торихи адабиёт Мисбоҳиддини азиз ва ҳама устодони факулта изҳори таслият мекунем.

Касе, к-ӯ дар дуо орад варо ёд,

Ҳама вақте нигаҳдораш Худо бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button