ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 22 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 22 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

ДАЪВАТИ ШИРКАТҲОИ СОХТМОНИИ УРАЛ АЗ ҲУКУМАТИ РУСИЯ: МАРЗРО БА РӮИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК КУШОЕД!

ЛУҚМА Ё САНГИ МАЛОМАТИ “ХОВАР” БА ПОЛЕЗИ МАҚОМОТИ РУСИЯ

БОНКИ БАНКРОТШУДАИ “ФОНОНБОНК” ПУЛИ ТАМОМИ МУШТАРИЁНАШРО БАРГАРДОНДААСТ

ДАР ХУҶАНД ЯК ЗАН ШАВҲАРАШРО КОРД ЗАДААСТ

НАВРӮЗИ ПУРШУКӮҲИ ТОҶИКОН ДАР ВАРЗИШГОҲИ “ЛУЖНИКИ”-И МАСКАВ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Иттиҳодияи сохтмончиёни минтақаи Урал (СРО «Уральское объединение строителей»), ки аксари ширкатҳои сохтмонии ин минтақаи Русияро муттаҳид мекунад, дар номаи навбатиаш ба муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин аз ҳукумат хостааст, ки вуруди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро иҷозат бидиҳад. Ахиран вазорати сохтмони Русия дар як номаи расмӣ ба ин иттиҳодия хабар додааст, ки ҳукумати Русия фақат ба вуруди коргарони сохтмон аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон иҷозат додааст.

Вале қисмати асосии коргарон дар майдонҳои сохтмонии минтақаи Урали Русияро муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, бештар аз се кишвари аслии муҳоҷирфиристи он минтақа, яъне аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ташкил медиҳанд. Аз моҳи марти соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус марзҳои Русия ба рӯи аксари кишварҳо баста шуданд ва ин алакай боиси ба камбуди ҷиддии нирӯи корӣ дучор шудани аксари ширкатҳои сохтмонии Русия шудааст.

Дар ҳоле ки ширкатҳои сохтмонии Урал аз ҳукумати Русия хостаанд, то марзҳои ин кишварро ба рӯи мардикорон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон бикушояд, садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин ду кишвар, ки як сол боз дар Ватани худ дармонда, наметавонанд ба Русия бираванд, бесаброна мунтазири кушода шудани марзи Русияанд, то ба мардикорӣ рафта, рӯзгори оилаҳои худро таъмин кунанд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, се кишвари шадидан вобастаи даромади муҳоҷиронашон ба шумор меравад.

Бино ба омори расмии Бонки марказии Русия, соли 2020 аз ин кишвар ба ин се ҷумҳурии Осиё Марказӣ асосан бо шарофати муҳоҷиронашон қариб 7,7 миллиард доллар пул интиқол додаанд. Аз ҷумла, 4, 2 миллиард – ба Ӯзбекистон, 1, 7 миллиард –  ба Тоҷикистон ва 1, 7 миллиарди дигар – ба Қирғизистон.

Соли 2019, ки ҳанӯз пандемияи коронавирус набуд, ба ин се кишвар аз Русия дар сол наздики 10 миллиард доллар пул интиқол дода шуда буд.

хххххххххх

“Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21 март дар як иқдоми ғайричашмдошту камсобиқа аз тасмими мақомоти Русия, ки ба донишҷӯёни тоҷик иҷозати бозгашт ба донишгоҳҳои Русияро надод, башиддат интиқод кард.

Вазорати маълумоти олӣ ва илми Русия рӯзи 20 март рӯйхатти кишварҳои “вазъи эпидемиологиашон мусоид”-ро, ки шаҳрвандонашон метавонанд барои таҳсил ба мактабҳои олии Русия баргарданд, нашр кард. Ин рӯйхат Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Малдив, Имороти Муттаҳидаи Араб, ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопонро дар бар мегирад. Вале Тоҷикистон ба ин рӯйхат роҳ наёфт ва табъан донишҷӯёни тоҷик, ки чанд моҳ пеш бо талаби бозгашт ба макони таҳсилашон дар назди вазорати хориҷаи Тоҷикистон таҷаммӯъ ҳам карда буданд, наметавонанд ба мактабҳои олии Русия баргарданд.

Ин тасмимро “Ховар” ба боди интиқод кашида, дар матлабе таҳти унвони “ЛУҚМА. Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд?”  аз ҷумла навиштааст: “Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем,  нофаҳмост.   Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр, маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба  рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.”

Бино ба омори расмӣ, аз аввали сол дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Манобеи огоҳ мегӯянд, як ҳадафи аслии ба сифр расондани омори расмии коронавирус ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад марзи Русия барои рӯи шаҳрвандонаш, ба хусус ба рӯи муҳоҷирон ва ҳамчунин барои донишҷӯён, зудтар кушода шавад.

Як ҳайъат аз пажуҳишгоҳи “Микроб”, марбут ба идораи Роспотребнадзори Русия ҳафтае пеш барои омӯзиши вазъи эпидемиологии Тоҷикистон ба Душанбе омада буд. Вале тасмими вазорати маълумоти олӣ ва илми Русия, ки боз ҳам донишҷӯёни тоҷикро иҷозати бозгашт надод, нишон медиҳад, ки дар Маскав ба иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба сифр расидани сатҳи паҳншавии коронавирус бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд.

xxxxxxxxx

ҶСК «Фононбонк», яке аз ду бонки соли 20117 банкрот эълоншудаи Тоҷикистон, аввалин шуда, пули ҳамаи муштариёнашро баргардонд. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» бо истинод ба манбааш дар додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе хабар дод.

 «Бонки собиқи «Фононбонк» дар 4 соли гузашта ба соҳибони тамоми депозитҳо пасандозашонро баргардондааст. Маблағи қарзи бонк дар моҳи феврали соли 2017 ҳудудан 71,5 миллион сомонӣ (8,5 миллион доллар бо қурби он вақт)-ро ташкил медод. Ду ширкати бузурге, ки «Фононбонк» маблағҳои онҳоро баргардонда натавонист, розӣ шуданд, ки б ҷои пул молу мулки ғайриманқул бигиранд ва додгоҳ дар бораи ба ихтиёри онҳо супурдани як қисми молу мулки бонк қарор қабул кард. Қарзҳои хурде ба маблағи аз 30 то 50 доллар боқӣ мондаанд, ки онҳо низ рӯзҳои наздик пардохт хоҳанд шуд», — хабар додааст ин манбаъ аз додгоҳи иқтисодии пойтахти Тоҷикистон.

Дар бораи сарнавишти пулҳои дар “Тоҷпромбонк”, бонки дуюми 4 сол пеш банкротшуда, гузоштаи муштариёнаш то ҳол маълумоти дақиқе дастрас нест.

Буҳрони иқтисодии солҳои 2014-2015 ба низоми бонкии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ зад. Бахусус 4 ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла ду бонки бузурги «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ва ду бонки миёнаи «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» дар вазъи хеле ногувор қарор гирифтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 барои наҷоти ин 4 бонк аз ҳисоби буҷа кумаки дар таърихи ҷумҳури бесобиқа ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кард. Вале алакай моҳи феврали соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба имкони наҷоти «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» комилан ноумед шуда, иҷозатномаи ҳардуро пас хонд. Бонки миллӣ дар ин бонкҳо маъмурияти беруна ҷорӣ кард ва раисони қаблии ҳарду Самихон Қурбонов ва Ҷамшед Зиёев ба ҳабс гирифта шуданд. Ба куҷо расидани тафтиши парвандаи Самихон Қурбонов маълум нест, вале Ҷамшед Зиёев моҳи декабри соли 2020 бо ҷурмҳое, чун аз худ кардани маблағҳо ва исрофкорӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

 «Бонки собиқи «Фононбонк» — ягона бонкест, ки бидуни ба бор овардани норозигии оммавии муштариёнаш тавонист дар муҳлати муқарраркардаи қонун раванди барҳамдиҳиро тай кунад. Дар ҳамин ҳол, се бонки дигари бузурги Тоҷикистон ҳамчунон дар вазъи мураккабе, ки роҳи баромад аз он дида намешавад, қарор доранд.  “Тоҷпромбонк”, ки низ дар ҳоли барҳам хӯрдан қарор дорад, бояд ба муштариёнаш 49 миллион сомониро баргардонад, вале пул надорад. Бонк молу мулки ҷаззобе ҳам дар ихтиёр надорад ва он молу мулке, ки дорад, ба дарди муштариёнаш намехӯрад», – менависад хабаргузории «Фергана».

ххххххххх

Як зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ин зан рӯзи 18 март, соати 13 дар манзили истиқоматиаш бо шавҳари 40-солааш муноқиша карда, бо корд як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаи 110, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи муноқишаҳои хунин байни аъзои хонавода гузоришҳо зиёд ба даст мерасанд. Ҳафтаи гузашта ВКД Тоҷикистон дар бораи дастикам ду ҳодисаи муноқишаҳои хунини оилавӣ хабар дода буд.

Аз ҷумла як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт  рӯзи 16-уми март, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонидааст ва сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Баъдан, ӯ духтари хурдсоли 6-солаашро, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
“Сипас, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Ҳамин тариқ, дастгиршуда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, – гуфта мешуд дар гузориши ВКД.
Ҳамчунин ВКД хабар дод, ки Султонов Мирзомалик, сокини 32-солаи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун “ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст.”

 Султонов баъди ин ба бадани худ низ чанд корд зада, қасди худкушӣ мекунад, вале муваффақ намешавад. Баъди чанде мақомоти интизомӣ ба ҷои ҳодиса расида, ӯро дастгир карданд.

хххххх

21 марти соли 2021 дар толори варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Москва бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Нур” ва мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

Дар ҷашни Наврӯз дар “Лужники” ба мехмонон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла намунаи шоҳкориҳои ҳунармандони тоҷик – асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ пешкаш гардид. Ҳамчунин таомҳои миллии ҷашнии тоҷикон, анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла рамзи асосии Наврӯз – “Ҳафт Син ва Ҳафт Шин”, ба маърази тамошо гузошта шуд.Ҷашнро мусиқии ноби тоҷикӣ бо оҳангҳои дилниишин ва рақсҳои зебои гулдухтарони тоҷик ҳусни дигар мебахшид ва ҳамчунин чун анъанаа неки наврӯзӣ мусобиқоти варзишие, чун гуштигириву дастхобонӣ ва тенниси рӯи мизу волейбол баргузор карда шуданд.

Соли гузашта ба далели коронавирус маъракаҳои наврӯзӣ дар Маскав баргузор нашуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button