ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

НАВРӮЗИ ПУРШУКӮҲИ ТОҶИКОН ДАР ВАРЗИШГОҲИ “ЛУЖНИКИ”-И МАСКАВ (ВИДЕО ВА 17 АКС)

21 марти соли 2021 дар толори варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Москва бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Нур” ва мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

Дар ҷашни Наврӯз дар “Лужники” ба мехмонон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла намунаи шоҳкориҳои ҳунармандони тоҷик – асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ пешкаш гардид. Ҳамчунин таомҳои миллии ҷашнии тоҷикон, анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла рамзи асосии Наврӯз – “Ҳафт Син ва Ҳафт Шин”, ба маъраз гузошта шуд.Ҷашнро мусиқии ноби тоҷикӣ бо оҳангҳои дилниишин ва рақсҳои зебои гулдухтарони тоҷик ҳусни дигар мебахшид ва ҳамчунин чун анъанаа неки наврӯзӣ мусобиқоти варзишие, чун гуштигириву дастхобонӣ ва тенниси рӯи мизу волейбол баргузор карда шуданд.

Соли гузашта ба далели коронавирус маъракаҳои наврӯзӣ дар Маскав баргузор нашуда буд.

Посольство Таджикистана в России

Наврӯзи тоҷикон дар “Лужники”

21 марти соли 2021 дар толори варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Москва бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Нур” ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби диаспораи тоҷикон ташкил гардид, намояндагони мақомоти давлатии Россия, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, васоити ахбори омма, инчунин ташкилоти ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни Россия ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо суханронии Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов шуруъ гардид. Зимни суханронии табрикотӣ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳамватанон ва дигар сокинон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро бо оғози Соли нави ниёгонӣ табрик гуфта, таманнои саломатии қавӣ, сарбаландӣ ва пойдории сулҳу шукуфоӣ намуд.

Ба меҳмонони чорабинӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла намунаи шоҳкориҳои ҳунармандони тоҷик – асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ пешкаш гардид. Ҳамчунин таомҳои миллии ҷашнии тоҷикон, анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла рамзи асосии Наврӯз – “Ҳафт Син ва Ҳафт Шин”, ба маъраз гузошта шуд.

Зимнан, мусобиқаҳои анъанавии варзишӣ ба ифтихори Наврӯз, аз қабили волейбол байни дастаҳои мардона ва занона, гӯштигирӣ, тенниси рӯймизӣ ва дастхобонӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшид.

Меҳмонон хусусан аз барномаи консертии базми наврӯзӣ таассуроти ҷолибу нек бардоштанд. Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик, ҳозиринро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Навруз қарор дод.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

____

Таджикский Навруз в Лужниках

21 марта 2021 года на малой спортивной арене «Лужники» города Москвы по инициативе региональной общественной организации «Нур» и при содействии Посольства Республики Таджикистан в Российской Федерации состоялось большое праздничное мероприятие в честь Международного праздника Навруз.

В мероприятии, организованном таджикской диаспорой приняли участие представители государственных структур России, дипломатического корпуса и международных организаций, средств массовой информации, а также молодежных организаций из различных регионов России.

Перед собравшимися гостями с приветственной речью выступил Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации Имомуддин Сатторов. В ходе выступления Глава Дипмиссии поздравил соотечественников и жителей стран отмечающих Навруз с наступлением Нового Года по солнечному календарю и пожелал им крепкого здоровья, благополучия, мира и процветания.

Участникам мероприятия была представлена выставка народного промысла, великолепные образцы таджикских мастериц-сюзане, музыкальные инструменты, и национальная одежда, а также гости смогли насладиться традиционной национальной праздничной кухней таджиков и ознакомиться с основными традициями праздника Навруз, в частности с одним из символов Навруза – «Хафт син и Хафт шин».

Одновременно проходили традиционные спортивные соревнования в честь Навруза, такие как волейбол среди мужских и женских команд, национальная борьба – гуштингири, настольный теннис и армрестлинг.

Гости были особенно впечатлены концертной программой вечера. Великолепная таджикская музыка, изумительные голоса, и изящные танцы таджикских красавиц окунули присутствующих в атмосферу особой красоты Востока и весеннего настроения Навруза.

Пресс-служба Посольства Таджикистана в России

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button