ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЛУҚМА Ё САНГИ МАЛОМАТИ “ХОВАР” БА ПОЛЕЗИ МАҚОМОТИ РУСИЯ

“Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21 март дар як иқдоми ғайричашмдошту камсобиқа аз тасмими мақомоти Русия, ки ба донишҷӯёни тоҷик иҷозати бозгашт ба донишгоҳҳои Русияро надод, башиддат интиқод кард.

Вазорати маълумоти олӣ ва илми Русия рӯзи 20 март рӯйхатти кишварҳои “вазъи эпидемиологиашон мусоид”-ро, ки шаҳрвандонашон метавонанд барои таҳсил ба мактабҳои олии Русия баргарданд, нашр кард. Ин рӯйхат Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Малдив, Имороти Муттаҳидаи Араб, ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопонро дар бар мегирад. Вале Тоҷикистон ба ин рӯйхат роҳ наёфт ва табъан донишҷӯёни тоҷик, ки чанд моҳ пеш бо талаби бозгашт ба макони таҳсилашон дар назди вазорати хориҷаи Тоҷикистон таҷаммӯъ ҳам карда буданд, наметавонанд ба мактабҳои олии Русия баргарданд.

Ин тасмимро “Ховар” ба боди интиқод кашида, дар матлабе таҳти унвони “ЛУҚМА. Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд?”  аз ҷумла навиштааст: “Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем,  нофаҳмост.   Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр, маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба  рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.”

Бино ба омори расмӣ, аз аввали сол дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Манобеи огоҳ мегӯянд, як ҳадафи аслии ба сифр расондани омори расмии коронавирус ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад марзи Русия барои рӯи шаҳрвандонаш, ба хусус ба рӯи муҳоҷирон ва ҳамчунин барои донишҷӯён, зудтар кушода шавад.

Як ҳайъат аз пажуҳишгоҳи “Микроб”, марбут ба идораи Роспотребнадзори Русия ҳафтае пеш барои омӯзиши вазъи эпидемиологии Тоҷикистон ба Душанбе омада буд. Вале тасмими вазорати маълумоти олӣ ва илми Русия, ки боз ҳам донишҷӯёни тоҷикро иҷозати бозгашт надод, нишон медиҳад, ки дар Маскав ба иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба сифр расидани сатҳи паҳншавии коронавирус бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки вазъи мусоиди эпидемиологӣ доранд, иҷозат дода шуд, ки барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 20 март, Вазорати  маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Россия дар сомонаи расмии худ хабар дод.

Дар  хабар гуфта мешавад, ки бо қарори  Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2021 таҳти рақами 639-р ба донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, резидентҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ иҷозат дода шудааст, ки барои идомаи таҳсил ба Россия баргарданд. Тартиби вуруди донишҷӯён аз хориҷаро Вазорати  маълумоти олӣ  ва илми Федератсияи Россия таҳия кардааст.

«Бояд дар назар дошт, ки танҳо шаҳрвандони хориҷии он кишварҳое, ки «Роспотребнадзор» ҳамчун кишвари дорои вазъияти эпидемиологии бехатар тавсия додааст, барои таҳсил ба Россия ворид шуда метавонанд», — омадааст дар иттилоия.

Бино ба маълумоти Вазорати маълумоти олӣ ва илми Россия, донишҷӯёни хориҷӣ аз Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Малдив, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд ба Россия ворид шавад.

Тибқи ин хабар, рӯйхати давлатҳо мунтазам нав карда мешавад. Пеш аз вуруд ба Россия, донишҷӯён бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на кам аз 10 рӯз пеш аз санаи вурудашон ба Россия огоҳ кунанд.

Донишҷӯён на кам аз се рӯз пеш аз ба Россия ворид шудан бояд аз санҷиши реаксияи занҷири полимеразӣ барои коронавирус гузаранд ва пас аз расидан ба Россия бояд дар тӯли 72 соат аз санҷиши дуюм низ гузаранд. То гирифтани натиҷаи манфӣ онҳо бояд режими гӯшанишиниро риоя кунанд.

Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем,  нофаҳмост.   Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр шудааст (ниг. ба сомонаи АМИТ «Ховар», 12 марти соли 2021), маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба  рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳолати сирояти коронавирус аз аввали сол ба қайд гирифта нашудааст. Шумораи умумии шаҳрвандони сироятёфта то 20 марти соли 2021 13 308 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки ҳайати Институти таҳқиқотии зидди вабои Россия «Микроб»-и «Роспотребнадзор», ки дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд рӯз дар Тоҷикистон буд, вазъи COVID-19 дар кишварро мусбат арзёбӣ кард. Дар ин бора агентии иттилоотии Россия «Sputnik» хабар дод.

«Ҳайат ба кори табибони тоҷик, алалхусус корҳои ташхисӣ ва лабораторӣ баҳои баланд дод. Аз нигоҳи онҳо, чораҳои зиддиэпидемикие, ки Тоҷикистон дар замони пандемия гирифтааст, меъёрӣ буда, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд», — гуфтааст як манбаъ ба ин агентӣ.

Пас мушкил дар чист? Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ба Россия барои идомаи таҳсили рӯзона баргарданд?

Воқеан, бо чунин мушкилот муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ низ рӯ ба рӯ шудаанд, ки бо сабаби баста будани марзҳо бинобар коронавирус ҷойҳои кории худро аз даст дода, наметавонанд ба Россия баргарданд. Ин на танҳо барои муҳоҷирони мо, балки барои иқтисоди Россия низ мушкилот аст. Бино ба гузоришҳои ВАО, имрӯз танҳо як бахши иқтисоди Россия — сохтмон ба беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.

Дар як нишасти ахир оид ба такмили сиёсати муҳоҷират муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев таваҷҷуҳро ба мушкилоти норасоии муҳоҷирон ҷалб кард. «Бинобар коронавирус, норасоии қувваи корӣ дар соҳаҳои муайяни иқтисод ба вуҷуд омадааст, ки ин ба соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, манзил ва коммуналӣ дахл дорад. Масъалаи ҷорӣ намудани расмиёти соддакардашударо, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷиро метавон ба ин соҳаҳо қонунан ҷалб намуд, баррасӣ кардан лозим аст», — иқтибос меорад  ТАСС суханҳои Медведевро.

Ин ҷо ҳоҷат ба шарҳ нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button