ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ХУҶАНД ЯК ЗАН ШАВҲАРАШРО КОРД ЗАДААСТ

Як зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ин зан рӯзи 18 март, соати 13 дар манзили истиқоматиаш бо шавҳари 40-солааш муноқиша карда, бо корд як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаи 110, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи муноқишаҳои хунин байни аъзои хонавода гузоришҳо зиёд ба даст мерасанд. Ҳафтаи гузашта ВКД Тоҷикистон дар бораи дастикам ду ҳодисаи муноқишаҳои хунини оилавӣ хабар дода буд.

Аз ҷумла як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт  рӯзи 16-уми март, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонидааст ва сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Баъдан, ӯ духтари хурдсоли 6-солаашро, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
“Сипас, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Ҳамин тариқ, дастгиршуда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, – гуфта мешуд дар гузориши ВКД.
Ҳамчунин ВКД хабар дод, ки Султонов Мирзомалик, сокини 32-солаи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун “ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст.”

 Султонов баъди ин ба бадани худ низ чанд корд зада, қасди худкушӣ мекунад, вале муваффақ намешавад. Баъди чанде мақомоти интизомӣ ба ҷои ҳодиса расида, ӯро дастгир карданд.

Ошкор шудани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринав, дар ҷамоати деҳоти мазкур, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст. 

Дар натиҷаи зарбаҳои задаи гумонбаршаванда чашми чапи ҷабрдида нобино шуда, зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 18-уми марти соли 2021, тахминан соати 13:00, дар ҳуҷраи истиқоматиаш бо шавҳараш марди 40-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button