ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 21 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 21 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА БО КӮДАКОН ДАР ЯК БОҒЧА ДАР КӮЛОБ

ДАСТПАРВАРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ЮРИЙ БАТУРЕНКО САРМУРАББИИ “РОТОР” (ВОЛГОГРАД) ШУД

СИТОИШИ МАҚОМОТИ ВИЛОЯТИ ТЮМЕНИ РУСИЯ АЗ ТАБИБИ ТОҶИК ҶАСУР СОДИРОВ

АЗ ЧАП – НАМЕКӢ, АЗ РОСТ  – АМАКӢ… НИШАСТИ БУЛАҶАБИ ЯК МАНСАБДОРИ ТОҶИК

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи Кӯлоб рӯзи 25 феврал Рухсорамои Давлат, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 шаҳри Кӯлобро дар муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдакон гунаҳкор донист. Рухсорамои Давлат бар асоси  моддаи 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.

Маркази матбуот  Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфт, тафтишоти пешакӣ муқаррар намуд, ки истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, Рухсорамои Давлат ба ҳайси мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 шаҳри Кӯлоб кор карда, уҳдадориҳои қонунан ба зимааш гузоштаро оид ба таълиму тарбияи кӯдакон номатлуб иҷро карда, нисбати тарбиятгирандагони ноболиғ муносибати бераҳмона менамудааст.

  Аз ҷумла, 23 ноябри соли 2020 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти томактабии болозикршуда ба хурдсолон Раҳмонов Сайдмудасир Маҳмадназарович, соли таваллудаш 28.08 соли 2015 ва Назаров Назаралӣ Сафарович, таваллудаш 30.04 соли 2016 муносибати бераҳмона намуда, барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи номбурдагонро сӯзонида ба саломатиашон заррари сабуки ҷисмонӣ расонидааст, гуфта мешавад дар иттилоияи Прокуратураи генералӣ.

ххххххх

Юрий Батуренко, нимҳимоятгари шинохта аз ҳайъати тиллоии дастаи шуҳратёри “Помир” (Душанбе) ва зодаи Қӯрғонтеппаи Тоҷикистн сармураббии дастаи “Ротор” аз шаҳри Волгогради Русия таъйин шудааст.

Батуренко алакай сеюмин намояндаи он ҳайъати тиллоии “Помир” аз солҳои 80 аст, ки ба мақоми сармураббии дастаҳои Премер –лигаи  Русия мерасанд. Эдгар Гесс як муддат дастаи «Алания» аз Владикавказро машқ медод, Рашид Раҳимов сармураббии се тими лигаи асосии футболи Русия– «Амкар» (Перм), «Локомотив» (Маскав) ва « Ахмат» (Грозний) буд. Ва Юрий Сёмин, ки собиқаи мураббигиашро дар Душанбе сар карда, он ҳайъати тиллоии “Помир”-ро маҳз ӯ сохта буд, яке аз хушномтарин мураббиёни футболи имрӯза дар Русия эътироф шудааст. Юрий Батуренко беш аз 20 соли собиқаи мураббигиашро дар ситоди устодаш Сёмин сипарӣ кардааст ва ҳоло бори нахуст мустақилона раҳбарии як дастаро ба дӯш мегирад.

Дар пеши Батуренко вазифаи мушкиле гузоштаанд  – дар  Премер-Лига ҳифз кардани “Ротор”. Ҳоло дастаи футболи Волгоград бо 18 имтиёз дар 23 бозӣ дар ҷадвал дар мақоми хеле поёини 13-ум ҷой гирифтааст ва фарқи имтиёзҳояш аз ду дастаи аз ҳама охир «Уфа» ва «Тамбов» ҳамагӣ 4 ва 5 имтиёз аст.

Юрий Батуренко 29 декабри соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Батуренко соли 1981,  вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, ба дастаи “Пахтакор” –и Қӯрғонтеппа, ки дар дар лигаи дуюми футболи СССР бозӣ мекард, пазируфта шуд ва соли 1983 ба ҳайъати дастаи асосии Тоҷикистон – «Помир» (Душанбе) даъват шуд.

Батуренко  то поёни соли 1991, то замони фурӯпошии СССР дар ҳайъати “Помир” бозӣ кард.

Батуренко солҳои 1992-1995  дар ҳайъати «Локомотив» (Маскав) ва сипас се сол дар ҳайъати «Тюмен» бозӣ кард ва соли  1998 дар ҳайъати «Сокол» (Саратов) ба собиқаи футболбозиаш нуқта гузошт.

Юрий Батуренко баъди ин ба ҳайси мураббӣ ба «Локомотив» баргашт ва тӯли беш аз 20 сол узви содиқи ситоди Юрий Сёмин буд. Ӯ Сёминро дар ҳар дастае, ки таъйин мешуд, ҳамроҳӣ мекард ва аз паси устодаш ҳатто ба Молдова ва Озарбойҷон рафт.

ХХХХХХХ

Департаменти тандурустии вилояти Тюмени Русия дар як гузориши муфассал аз табиби ҷавони зодаи Тоҷикистон Ҷасур Мансурҷонович Содиров барои табобати як зани солхӯрдаи сокини ин вилоят ситоиш кардааст.

Зани 63-солаи гирифтори пиелонефрити окклюзионӣ (вақте ки санг роҳи аз гурба хичак ҷорӣ шудани пешобро мебандад) дар ҳолати вазнин ба бемористони вилоятии №23 дар шаҳри Ялуторовск бистарӣ шудааст. Ҷарроҳи урологи ҷавон Ҷасур Соидров барои табобати ин зан шеваи нави табобатро, ки қаблан дар ин бемористон истифода намешуд, яъне катетеризатсияи роҳи пешобро истифода бурда, бо кумки систоскоп роҳҳои болоии пешоби зани маризро тоза кардааст. Зани мариз алакай баъди чанд рӯз ба пои худ рост шуда, аз бемористон рухсат шудааст.

Ҷасур Содиров  тоза моҳи январи соли 2021 ҳамроҳи оилааш аз Екатеринбург ба шаҳри Ялуторовски вилояти Тюмен кӯчид ва дар бемористони вилоятии №23 ба кор пардохт. Ӯ мегӯяд, кору зиндагӣ дар шаҳрҳои хурдро бештар дӯст медорад, чунки мардум дар шаҳракҳо ва деҳот нисбат ба шаҳрҳои бузург самимитар ва бештар қадршиносанд.

Ҷасур Содиров ҳар ҳафта то 20 беморро қабул мекунад, вале бархе рӯзҳо бояд ба то 2-3 ҳолати вазнин расилагӣ кунад.

Дар солҳои охир ҳазорон нафар аз мутахассисони варзида аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд. Мақомоти Русия барои ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ имтиёзҳои зиёде пешниҳод мекунад ва ин  нафарони дар касбҳои худ пуртаҷриба, аз ҷумла табибонро ташвиқ ба кӯчидан ба он кишвар мекунад. Коршиносон бар инанд, ки чунин мавҷи аз кишвар рафтани мутахассисони варзида, бахусус табибон, барои Тоҷикистон оқибатҳои хубе надорад, чунки кишвар дар оянда метавонад ба камбуди шадиди мутахассисони ҳирфаӣ дучор шавад. Ҷои онҳоро, мутаассифона, онҳое пур мекунанд, ки таҷрибаи зиёд надоранд ва аз лиҳози сатҳи дониш ва омодагии касбӣ аз кадрҳои рафта хеле ақиб мемонанд.

ххххххххх

Видеои як мансабдори баландпояи тоҷик чанд рӯз боз баҳсҳои гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

Ин видео аз нишасти хабарии рӯзи 18 марти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мансабдори тоҷик дар ин нишаст хабар дода буд, ки Тоҷикистон аз ваксинаи “Астра Зенека”, ки тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба таври ройгон ба даст овардааст, даст намекашад.

Аммо канали “Тамошо” рӯзе баъд як пораи дигар аз оғози ин нишасти хабариро нашр кард, ки мавҷи вокунишҳои пур аз истеҳзо ва хашму ғазабро ба бор овард. Корбарон аз ин нороҳат шуданд, ки як мансабдори баландпояи Тоҷикистон, ки дар мақоми муовини вазир кор мекунад, дуруст ҳарф зада наметавонад, исми ҳамсуҳбатонашро ҳатто такрор карда наметавонад ва Кореяи ҷанубиро аз Кореяи шимолӣ фарқ намекунад.

Самариддин Ализода аст.

Самариддин Ализода, вақте нишасти хабариро шурӯъ мекард, аввал худашро муаррифӣ кард, вале дар муаррифии ду ҳамроҳи худ дучори мушкил шуд: “Аз дасти чап нишастагӣ, ин кас намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор … (баъди фосилаи тӯлонӣ) Олшанский, а? Туғрӣ гуфтам? Аз дасти рост намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон … номашро фаромӯш кардам… (ва ба як нафар муроҷиат мекунад) Баланд бигӯ худат номашро. “

Самариддин Ализода дар идомаи нишаст ба мавзӯи ваксинаи “Астра Зенека” пардохта, мегӯяд, ки ин ваксина дар Инглистон сохта шуда, дар Белгия, Ҳиндустон ва … Кореяи шимолӣ истеҳсол мешавад. Инҷо ба ӯ касе луқма мепартояд, ки Кореяи шимолӣ не, балки Кореяи ҷанубӣ.

“Эъ, Южная Корея. Хайр, Корея – да, Южний, Северний, э ғам додӣ-да”, – худро ислоҳ мекунад ин мансабдор.

Ин суҳбатҳои Самариддин Ализодаро бисёриҳо бо чунин суҳбатҳои қаблан анҷомдодаи мансабдороне, чун Нуриддин Саид ва Бег Сабур муқоиса карда, бо истеҳзо “Тоҷикистон, ба пеш!” навиштаанд. Вале онҳо сипас бо лаҳни ҷиддитар аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо чунин сатҳи мансабдоронаш Тоҷикистон оё метавонад ба пеш биравад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button