ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарТоҷикистон

АЗ ЧАП – НАМЕКӢ, АЗ РОСТ – АМАКӢ… НИШАСТИ БУЛАҶАБИ ЯК МАНСАБДОРИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Видеои як мансабдори баландпояи тоҷик чанд рӯз боз баҳсҳои гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

Ин видео аз нишасти хабарии рӯзи 18 марти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Самариддин Ализода аст. Мансабдори тоҷик дар ин нишаст хабар дода буд, ки Тоҷикистон аз ваксинаи “Астра Зенека”, ки тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба таври ройгон ба даст овардааст, даст намекашад.

Аммо канали “Тамошо” рӯзе баъд як пораи дигар аз оғози ин нишасти хабариро нашр кард, ки мавҷи вокунишҳои пур аз истеҳзо ва хашму ғазабро ба бор овард. Корбарон аз ин нороҳат шуданд, ки як мансабдори баландпояи Тоҷикистон, ки дар мақоми муовини вазир кор мекунад, дуруст ҳарф зада наметавонад, исми ҳамсуҳбатонашро ҳатто такрор карда наметавонад ва Кореяи ҷанубиро аз Кореяи шимолӣ фарқ намекунад.

Самариддин Ализода, вақте нишасти хабариро шурӯъ мекард, аввал худашро муаррифӣ кард, вале дар муаррифии ду ҳамроҳи худ дучори мушкил шуд: “Аз дасти чап нишастагӣ, ин кас намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор … (баъди фосилаи тӯлонӣ) Олшанский, а? Туғрӣ гуфтам? Аз дасти рост намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон … номашро фаромӯш кардам… (ва ба як нафар муроҷиат мекунад) Баланд бигӯ худат номашро. “

Самариддин Ализода дар идомаи нишаст ба мавзӯи ваксинаи “Астра Зенека” пардохта, мегӯяд, ки ин ваксина дар Инглистон сохта шуда, дар Белгия, Ҳиндустон ва … Кореяи шимолӣ истеҳсол мешавад. Инҷо ба ӯ касе луқма мепартояд, ки Кореяи шимолӣ не, балки Кореяи ҷанубӣ.

“Эъ, Южная Корея. Хайр, Корея – да, Южний, Северний, э ғам додӣ-да”, – худро ислоҳ мекунад ин мансабдор.

Ин суҳбатҳои Самариддин Ализодаро бисёриҳо бо чунин суҳбатҳои қаблан анҷомдодаи мансабдороне, чун Нуриддин Саид ва Бег Сабур муқоиса карда, бо истеҳзо “Тоҷикистон, ба пеш!” навиштаанд. Вале онҳо сипас бо лаҳни ҷиддитар аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо чунин сатҳи мансабдоронаш Тоҷикистон оё метавонад ба пеш биравад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Дар фейсбук як Абдулло Давлатов хаст. Давраи пандемия аз вазорати тандурустии Точикистонда бисёртар хизмат кад. Намешида боша баранша Точикистон. Аз дасти ин хел чонишини вазиру вазир на духтур мондасту на тандурусти! Масхарабоз боша равад театрай, циркай. Вазиро масхарабози мекунану одамо мемиранд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button