ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 20 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 20 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Таъсиси нахустин осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон

Мавлуди Зайд Саидов. Умедвории наздиконаш ба афви ин соҳибкори хушном

Даргузашти профессор Шамсулло Исмоилов

Ҳунарпешаи маъруф Убайдулло Раҷабов ба синни мубораки 80 расид

Шурӯи дубораи парвозҳо байни Душанбе ва Алма-Ато

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Дар Тоҷикистон нахустин осорхонаи президент Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Ин осорхонаро дар яке аз биноҳои ҷадиди Донишгоҳи миллӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, солҳои 1977-1982 дар ҳамин ҷо таҳсил кардааст, кушодаанд. Дар осорхона ҳудуди 1200 экспонат, аз ҷумла аксҳои давраи кӯдакӣ ва донишҷӯии Эмомалӣ Раҳмон, дафтарчаи имтиҳонот, дипломи хатми донишгоҳ ва дигар асноди донишҷӯии ӯ, китобҳои президент, ҳамчунин китобҳои дарсии он даврон ва 8 бахши бахшида ба 8 боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Донишоҳи миллӣ ҷой дода шудаанд.

“28 августи соли 2020 дар ҷаласаи шӯрои педагогӣ ректори донишгоҳ профессор Хушвахтзода гуфт, ки бинои нави таълимӣ сохта мешавад ва мо бояд ба пешвози сисолагии истиқлол дар он чунин осорхона бисозем “, – нақл кард дар суҳбат бо шабакаи “Настояшее Время” декани риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарипов.

Аммо аҷиб он аст, ки дарҳои осорхона ба рӯи ҳама боз нест. Ҳатто донишҷӯён тибқи рӯйхат ва он ҳам дар рӯзҳои муайян метавонанд аз осорхона боздид кунанд. Дар арафаи Рӯзи матбуот ба як гуруҳи журналистони асосан нашрияҳои давлатӣ иҷозат доданд, ки осорхонаи Эмомалӣ Раҳмонро тамошо кунанд. Яке аз онҳо гуфт, аз тамошои осорхона таассуроти хуб бардошт, чунки тавонист бо маълумоти нодир дар бораи даврони кӯдакӣ ва донишҷӯии президент ошноӣ пайдо кунад.

Вале сиёсатшинос Абдумалик Қодиров дар замони зиндагиаш сохтани осорхонаи Эмомалӣ Раҳмонро намунае дигар аз шахспарастӣ мешуморад ва мегӯяд, мансабдорони зинаҳои поёнтар мехоҳанд бо чунин “ташаббусҳои хушомадомез” худро дар чашми боло ширинтар кунанд.

Ба ақидаи ӯ, дар Тоҷикистон як навъ ивазкунии арзишҳо мушоҳида мешавад ва садоқат ба як нафарро ҳамчун садоқат ба давлату миллат талқин карданианд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 68 сол дорад, аз соли 1992, инак беш аз 28 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Дар соли 2016 ба ӯ расман унвони “Пешвои миллат, асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” ва ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти номзадиаш ба президентӣ дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2020 замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

xxxxxxxx

Шамсулло Исмоилов, забоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Доро Сӯҳробӣ, сухангӯи Донишкадаи забонҳо дар як матлабе дар Фейсбук фаъолиятҳои професссор Исмоиловро “ибратбахш ва гуногунҷабҳа” ва даргузашти ӯро “талафот барои илм ва маорифи Тоҷикистон” номида, навишт, “устод аз соли 2013 то охирон рӯзи ҳаёташон дар ин донишкада ба донишҷӯёну аспирантон, магистрону докторантҳо дар баробари дарси забону шевашиносӣ мактаби одаму одамиятро таълиму тадрис мекарданд.”

 Шамсулло Исмоилов санаи 17.06.1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод ( щоло Нуробод) ба дунё омада, соли 1966 омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм (ҳоло Рашт, соли 1966) ва соли 1971 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Шамсулло Исмоилов соли 1999 диссертатсияи доктории худро дар мавзӯи «Таҳлили лингвистии топонимияи водии Қаротегини Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.

намудаанд, ки аз тарафи забоншиносони шинохтаи ҷумҳурӣ ва берун аз он баҳои сазовор гирифт.

Аз профессор Шамсулло Исмоилов беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ва рисолаҳои «Назаре ба вожаҳои ҷуғрофӣ» (1993), «Баъзе масъалаҳои таълими забон дар мактаб» (1994), «Инъикоси архаизму диалектизмҳо дар номҳои ҷуғрофӣ» (1996), «Назари Абдусалом Деҳотӣ ба масоили забони тоҷикӣ» (1998), «Раҳнамои таҷрибаи шевашиносӣ» (2005), «Нақши Авесто дар топонимияи Тоҷикистон» (2012), «Як омили халқияти забони асари бадеӣ «(2012), «Топонимияи Тоҷикистон» (2014), «Бузургонро бузургон зинда медоранд» (2016)  ба ёдгор монд.

Ӯ аз соли 2013 дар Донишкадаи забонҳо дарс медод.

Хххххххх

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори хушноми тоҷик рӯзи 20 март ба синни 63, синни мубораки пайғамбарӣ расид. Ин алакай ҳафтумин зодрӯзи ин марди соҳибном аст, ки дар пушти панҷараи зиндон таҷлил мекунад.

Рӯзи 20 март, дар мавлуди падараш Хайрулло Саидов, фарзанди Зайд Саидов дар як матлаб дар Фейсбук изҳори умед кард, ки имсол дар афви бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон падари ӯро ҳам озод хоҳанд кард.

Умедворем, шахсони масъул дар мавриди падари меҳрубони ман мӯйро аз хамир ҷудо менамоянд, сафеду сиёҳ ҷои худро мегирад, саҳму заҳматҳои падари арҷманди маро, ки кам ҳам бошад, дар пешрафти ин сарзамин талош кардаанд, ба эътибор мегиранду яксӯ ҷинояткор набудану аз сӯи дигар саломатӣ, маълули модарзодӣ ва аз сӯи дигар синну солашонро мадди назар мегиранду озодияшро таъмин месозанд”, – навиштааст Хайрулло Саидов.

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати “Тоҷ сохтмон”-ро ташкил дод. Чандин бино и муҳташам дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешавад, мактаби рақами 8, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати “TCell”-ро ширкатҳои сохтмонии марбут ба хонаводаи Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

 Худи ӯ борҳо боздошту ҳукми зиндонашро сиёсӣ номида, ба азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ рабт додааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ меноманд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳукми ӯро рад мекунанд.

Дар соли 2018 Созмони Милал ҳукми зиндони ӯро ғайриқонунӣ номид ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро озод карда, барои солҳои зиндонаш ҷуброн пардохт кунад. Вале қарори Созмони Милалро ҳам дар Душанбе касе ба инобат нагирифт.

ххххххх

Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи президент, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои ҳаҷвнигори тоҷик, ба синни мубораки 80 расид. Нуқтаи авҷи фаъолияти эҷодӣ ва шуҳрату маъруфияти Убайдулло Раҷабов нимаи дуюми солҳои 80, замоне буд, ки ӯ бо як силсила намоишҳои ҳаҷвӣ дар мавзӯъҳои доғи рӯз дили ҳамаро тасхир кард.

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1964 студияи маҳорати актёрии театри ба номи Лоҳутӣ ва соли 1982, вақте алакай 41 сол дошт, Донишкадаи санъати ба номи Турсунзодаро хатм кардааст.

Убайдулло Раҷабов фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина».

xxxxxxx

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳояш дар хатсайри Душанбе – Алма-Ато – Душанберо аз сар гирифт. Қазоқистон инак панҷумин кишварест, ки Тоҷикистон иртибототи ҳавоияшро бо онҳо баъди пандемияи коронавирус барқарор мекунад.

Хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” гуфтааст, ки ҳамаи хоҳишмандони сафар ба Қазоқистон бояд на 72 соат дертар аз замони парвоз санади ташхиси манфии коронавирус (ПЦР)  бигиранд.

 «Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Моҳи март парвозҳо дар ин соатҳо анҷом дода мешаванд: парвоз аз Душанбе соати 09:30,  бозгашт аз Алма-Ато – соати 13:30 бо вақти маҳаллӣ; моҳи апрел парвоз аз Душанбе – 08:15, бозгашт аз Алма-Ато – 12:05 », – гуфта мешавад дар иттилоияи «Сомон Эйр» .

Рӯзи 14 март баъди қариб як соли тавқифи парвозҳо, ширкати қазоқии “Эйр Астана” нахустин парвозаш дар  хатсайри Алма-Ато – Душанбе  Алма-Аторо анҷом дод.

Парвозҳо байни кишварҳои  Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд.

Аз Тоҷикистон ҳоло ба Ӯзбекистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Афғонистон ва инак ба Қазоқистон парвозҳо анҷом дода мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон аз тобистони соли 2020 талош дорад, то иртиботи ҳавоияш бо Русияро барқарор кунад, вале Маскав то имрӯз ин пешниҳодро напазируфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button