ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР ГИПРОЗЕМ

Рӯзи 19 март, соати 11:30 бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара мусофири яке аз ин мошинҳо, сокини 20-солаи пойтахт ба ҳалокат расидааст.

Ду сокини қаблан барои дуздиву ғоратгарӣ судшудаи Кӯлобу Восеъ ин дафъа бо гумони ғоратгарӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт,  онҳо шаби 17 март, соати 23 дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе 300 сомонӣ, телефон ва курткаи як сокини Ёвонро ба зӯр кашида гирифтаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархӯрди ду воситаи нақлиёт

Рӯзи 19-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саидов Кишваршоҳ Музаффарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Кӯлоб-Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Бойназаров Шералӣ Азизхонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Темурмалик бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ташрифов Муҳамад Шералиевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Исоев Шерзод Ҷамшедович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафари қаблан суд шуда бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳусейни ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки 17-уми марти соли 2021, тахминан соати 23:00, ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ӯ 300-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-2” ва курткаи дар танаш бударо тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ангурбоғи ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаҳои 237, 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button